Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№151 (4734) 14.12.2023

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 33 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунам:

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 декабри соли 2023, соати 09-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ

 ш. Душанбе, 12 декабри соли 2023, № 34