Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъвати Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

№88 (4194) 21.07.2020

Мутобиқи моддаҳои 9 ва 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 6 августи соли 2020, соати 09-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 18 июли соли 2020, №5

 ***

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мутобиқи қисми якуми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии масъалаи таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.