Қарори

№94 (3574) 26.07.2016

ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015»

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Н. Оқилзода ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Н. Саид «Оид ба рафти иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ба маълумот гирифта шаванд.

2. Тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ бо назардошти таклифу дархостҳо ва пешниҳодҳои иброзгардида қабул карда шаванд (замима мегардад).

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шаванд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои олии таълимии давлатӣ дар муҳлати се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ахбороти муфассал пешниҳод намоянд.

5. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр гарданд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гузошта шавад.

 

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Л. Н. РАҶАБОВА