Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мешавад

№125 (4075) 19.10.2019

DSC_6861Шонздаҳуми октябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам !

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

3. Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд

4. Дар бораи Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Азнав­созии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйи­рёбии иқлим»

5. Дар бораи мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма

6. Дар бораи Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон

7. Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг аз 17 июни соли 1925

8. Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба асосҳо ва тартиби ҳамкории мутақобила ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизис­тон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар сарҳад аз 26 апрели соли 1996 ва Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизис­тон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба коҳиши мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳад аз 24 апрели соли 1997 (шаҳри Москва, 23 ноябри соли 2002), ки 17 майи соли 2018 дар шаҳри Алмаато ба имзо расидааст

9. Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Корвони саломатӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 3 «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022», ки аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон 24 январи соли 2019 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

Мутобиқи банди 3 ҳамин нақша, масъалаи ворид намудани тағйирот ба моддаи 1431 Кодекси ҷиноятӣ ва зиёд кардани муҳлати маҳрумӣ аз озодӣ барои истифодаи шиканҷа, ҳамзамон, бекор намудани чораҳои ҷазое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ рабт надоранд, пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, ҷазои дар санксияи қисми 1 моддаи 1431 дар намуди ҷарима муқарраршуда хориҷ ва андозаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз «ду то панҷ» мутаносибан дар ҳаҷми аз «панҷ то ҳашт» ва қисмҳои 2 ва 3 аз «панҷ то ҳашт» ва «даҳ то понздаҳ» мутаносибан ба аз «ҳашт то дувоздаҳ» ва «дувоздаҳ то понздаҳ» сол зиёд карда шуданд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат наменамояд. Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти ҳуқуқи инсон ҷиҳати пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷа ва пешгирӣ намудани он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 2019, №2292 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Баҳри такмили лоиҳа аз ҷониби кумитаи масъул, кумитаҳо оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, инчунин, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, 10 таклиф пешниҳод шуд, ки ҳашт — тояш пурра ва яктои дигараш қисман қабул гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мухолифат надорад ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор дода мешавад.

 Абдусаттор ШОҲИЁН:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ !

Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ, барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи ­давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст.

Дар созишнома, ки аз дебоча ва 23 модда иборат аст, зарурати ба имзо расонидани он, масъалаҳои ҳамкорӣ, инчунин, вазифаҳои асосии гурӯҳи муштарак пурра ва мушаххас дарҷ гардидаанд. Ҳадафи созишнома муайян намудани тартиби ташкил, кор бурдан ва қатъ кардани фаъолияти гурӯҳҳои муштарак, инчунин, мақоми он дар ҳудуди Тарафи дархосткунанда мебошад.

Таҳлил ва баҳогузории вазъият нишон медиҳад, ки дар шароити имрӯза ва дар ояндаи наздик таҳдиду хатарҳо дар ҳифзи Сарҳади давлатии ҷумҳурӣ рӯз то рӯз зиёд гардида, эҳтимоли рахна намудани марз аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, террористиву ифротгаройӣ ва қочоқчиёни силоҳбадаст, инчунин, задухӯрдҳои мунтазами мусаллаҳонаи сарҳадбонон бо ин гурӯҳҳо дар хати сарҳад ҷой дорад.

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои «Толибон» ва неруҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ хати тӯлонии Сарҳади давлатӣ аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон ҳифз карда намешавад. Аз рӯи маълумотҳо, гурӯҳҳои террористӣ ба омӯзиши дараҷаи ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ, ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳад ба якдигар кумак мерасонанд.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд миёни давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри таъмини амнияти сарҳадҳои беруна корҳои назаррас анҷом дода мешавад.

Ҷомеаи ҷаҳон шоҳид аст, ки гурӯҳҳои ҷинояткори байналмилалӣ барои ба ҳадафҳои худ ноил гардидан аз қувва ва воситаҳои муосир самаранок истифода менамоянд. Аз ин лиҳоз, баҳри сари вақт пешгирӣ намудани фаъолияти тахрибкоронаи онҳо ва таъмини амнияти минтақа зарурати амалӣ намудани созишномаи мазкур ба миён омадааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Кӣ ба муҳтарам Шоҳиён савол дорад ? Марҳамат сухан барои савол додан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Шоҳиён, шумо аз хусуси муҳофизат нашудани сарҳади давлатӣ дар баъзе қисматҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ибрози андеша намудед. Дар чунин шароит вазъи муҳофизати хатти сарҳади давлатиро аз ҷониби сарҳадбонони мо чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Абдусаттор ШОҲИЁН: — Хатти сарҳади давлатӣ аз ҷониби Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра зери назорат мебошад ва барои нигаҳбонии сарзаминамон тамоми чораҳо андешида мешаванд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сӯфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.

Хайрулло СӮФИЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишнома аз дебоча ва 23 модда иборат буда, бо мақсади дарки хатар ва таҳдидҳои муосир, ки ба амнияти миллии манфиатҳои ҳаётан муҳими Тарафҳо таҳдид мекунанд, инчунин, зарурати мукаммал гардонидани асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ ва ҳифзи якҷояи сарҳадҳои берунии Тарафҳо ва таҳкими ҳамкорӣ дар татбиқи сиёсати сарҳадӣ, аз ҷумла, муайян намудани тартиби ташкил, кор бурдан ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муштарак, вазъи ҳуқуқии онҳо дар ҳудуди Тарафи дархосткунанда, ба имзо расидааст.

Дар бораи мазмун ва моҳияти созишнома муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Абдусаттор маълумот доданд ва ман такрори онро лозим намешуморам.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони (коршиносони) идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ !

Созишномаи мазкур бо риояи қонунгузории кишвар 4 июли соли 2019 дар ҳаҷми 40,0 млн. доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Авруосиёии Рушд ба имзо расонида шудааст.

Арзиши умумии лоиҳа 350,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) дар ҳаҷми 57,8 млн. доллари амрикоӣ, қарзи имтиёзноки ҳамин ассотсиатсия дар ҳаҷми 169,1 млн. доллари амрикоӣ, қарзи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 60,0 млн. доллари амрикоӣ ва қарзи Бонки Авруосиёии Рушд 40,0 млн. доллари амрикоӣ таркиб меёбад.

Маблағи қарзии Бонки Авруосиёии Рушд дар ҳаҷми 40,0 млн. доллари амрикоӣ ба муҳлати 20 сол, бо 8 соли имтиёзӣ ҷалб шудааст ва хизматрасонии он бо меъёри 1 фоиз амалӣ карда мешавад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа таҷдиди НБО-и «Норак» мебошад, ки он солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, зиёда аз 40 сол аст, ки неруи барқ истеҳсол менамояд. Бо истифода аз маблағҳои ҷалбшуда иваз ва таъмир намудани таҷҳизоти механикӣ, электромеханикӣ, ивази автотрансформаторҳо ва иҷрои як қатор корҳо вобаста ба бехатарии садд анҷом дода хоҳад шуд.

Татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз гардид, анҷоми он соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Ёдрас менамоям, ки Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба лоиҳаи мазкур 2 июни соли 2017 дар ҳаҷми умумии 226,9 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуда буд, ки 20 декаб­ри соли 2017, № 971 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Инчунин, Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ 1 августи соли 2017 ба имзо расонида шуда, тибқи тартиби муқарраргардида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2018, № 1051 тасдиқ гардидааст.

Мутобиқи баҳодиҳии коршиносони соҳа, пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозӣ, иқтидори неругоҳ аз 8 то 10 фоиз зиёд гардида, аз 3 000 МВт то ба 3 300 МВт расонида мешавад. Инчунин, истеҳсоли ҳаҷми миёнаи неруи барқ низ афзоиш ёфта, муҳлати истифодабарии таҷҳизот ҳам зиёд хоҳад шуд.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарипов Садриддин Файзиевич дода мешавад.

Садриддин ШАРИПОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !

Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд 4 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа барқарорсозии се ҷузъи инфрасохтори энергетикии НБО-и «Норак», баланд бардоштани самаранокии онҳо ва мустаҳкам намудани бехатарии сарбанди он мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 350,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, маблағгузории он аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) — 57,8 млн. доллари амрикоӣ, қарзи имтиёзноки АБР — 69,135 млн. доллари амрикоӣ, қарзи АБР — 100,0 млн. доллари амрикоӣ, қарзи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ — 60,0 млн. доллари амрикоӣ ва қарзи Бонки Авруосиёии Рушд — 40,0 млн. доллари амрикоӣ анҷом дода мешавад. Сарчашмаи боқимондаи маблағгузориҳо дар ҳаҷми 23,065 млн. доллари амрикоӣ дар рафти татбиқи лоиҳа дарёфт карда хоҳад шуд.

Қобили тазаккур аст, ки созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар ҳаҷми умумии 226,9 млн.доллари амрикоӣ ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар ҳаҷми 60,0 млн. доллари амрикоӣ соли 2017 ба имзо расидааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2018 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон, маблағи қарзии Бонки Авруосиёии Рушд барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар ҳаҷми 40,0 млн.доллари амрикоӣ пешниҳод гардидааст. Он ба муҳлати 20 сол, аз ҷумла, 8 сол муҳлати имтиёзнокӣ, ҷалб ва хизматрасонии он дар ҳаҷми 1 фоизи солона пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушдро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 20 сентябри соли 2019 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ШСХК «Барқи Тоҷик», Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушдро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид. Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак», марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Барои татбиқи лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» 13 апрели соли 2018 созишномаҳои дахлдори қарзию грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст ва ин созишномаҳо бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли 2018, (№1218, 1219 ва 1220) тасдиқ шудаанд.

Бо ин мақсад аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Фонди Иқлими Сабз маблағи 91, 96 млн. доллари амрикоӣ ҷалб шудааст, ки аз он 65,0 млн. доллари амрикоӣ қарз, 23,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ва зиёда аз 3,9 млн. доллари амрикоӣ кумаки техникӣ мебошад.

Қарордоди молиявии баррасишавандаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» 24 майи соли 2019 дар ҳаҷми 30,0 млн. евро баробар ба 36,9 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст.

Маблағи қарзии мазкур ба муҳлати 20 сол, аз ҷумла, 6 соли имтиёзӣ, ҷалб гардида, хизматрасонии он бо ду меъёр, яъне бо меъёри тағйирёбанда (floating rate) ва бо меъёри муқарраргардида (fixed rate) пешбинӣ шудааст. Меъёри мушаххас дар ҳолати пешниҳод шудани дархости молиявӣ аз ҷониби қарзгиранда интихоб карда мешавад.

Бо истифода аз маблағҳои ҷалбшаванда ивази агрегатҳо ва таҷҳизоти механикӣ, барқарорсозии сарбанд ва таҷдиди чор адад таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикии неругоҳ анҷом дода мешавад. Бо анҷоми корҳои зикршуда бехатарии сарбанди неругоҳ таъмин ва иқтидорҳои мавҷудаи он аз 126 МВт то 174 МВт ё 48 МВт зиёд хоҳад шуд. Зиёд гардидани иқтидорҳои неругоҳ дар навбати худ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии кишвар бо неруи барқ низ мусоидат менамояд. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз ёфта, дар соли 2023 анҷом мепазирад.

Ҷалби маблағҳои мазкур ба талаботи меъёрҳои «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода мешавад.

ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» 23 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ва 24 майи соли 2019 дар шаҳри Люксембург ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» тавассути иваз намудани агрегатҳо, таҷҳизоти механикӣ ва барқарорсозии сарбанд, инчунин, таҷдиди чор адад таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикии неругоҳ мебошад.

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур ба андозаи 128,86 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз он 38 млн. доллари амрикоӣ қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 3,96 млн. доллари амрикоӣ кумаки техникии (грант) Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 23 млн. доллари амрикоӣ грант ва 27 млн. доллари амрикоӣ қарзи Фонди Иқлими Сабз ва 30,0 млн. евро баробар ба 36,9 млн. доллари амрикоӣ қарзи Бонки сармоягузории Аврупо мебошад.

Ёдрас менамоем, ки дар асоси ваколатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2017, аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи зикргардида 13 апрели соли 2018 ба имзо расонида шуд.Созишномаҳои мазкур бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2018, №1218, 1219 ва 1220 тасдиқ шудааст.

Он ба муҳлати 20 сол, аз ҷумла, шаш сол муҳлати имтиёзнокӣ, ҷалб карда мешавад. Хизматрасонӣ, тибқи созишнома, дар ду шакл пешниҳод гардидааст:

меъёри тағйирёбанда;

меъёри муқарраргардида.

Меъёри фоизи қарз дар ҳолати пешниҳод намудани дархости молиявӣ аз ҷониби қарзгиранда интихоб карда хоҳад шуд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз ва соли 2024 анҷом меёбад.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан барои савол додан ба вакил Назирӣ Гулбаҳор дода мешавад.

Гулбаҳор НАЗИРӢ: — Мақсад ва ҳадафи лоиҳа нек аст. Дар сурати татбиқ гардидани он иқтидори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» баланд гардида, агрегатҳои он боз муҳлати дароз барои эҳтиёҷоти мардум неруи барқ истеҳсол хоҳанд кард. Мехостам донам, ки таҷҳизоти барои неругоҳ истифодашаванда аз куҷо харидорӣ мешаванд?

РАИС: - Ба ин савол муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Асозода Маҳмадумар Шамсулло, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, посух мегӯяд.

АСОЗОДА Маҳмадумар Шамсулло:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд!

20 декабри соли 2018 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати консорсиуми «Ҷенерал электрик»-и Франсия ва Ширкати испанӣ қарордод ба имзо расид. Яъне, он тамоми таҷҳизоте, ки барои таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» харидорӣ мешаванд, истеҳсоли кишварҳои Аврупо мебошад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қарордоди молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии техникӣ — иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2 — юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи мактубҳои мубодилавӣ оид ба Асосноккунии техникӣ — иқтисодии қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2- юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе- Кулма (қитъаи Қалъаихумб, Ванҷ сарҳади ноҳияи Рӯшон)» аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Халқии Хитой амалӣ мегардад.

Мактубҳои мубодилавиро 15 июни соли 2019 зимни сафари Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст.

Дар мактубҳои мубодилавӣ дарҷ мегардад, ки ҷониби Хитой ҷудо намудани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми як миллиону панҷсаду шаст ҳазор юани хитоӣ (1560000,00) (тақрибан дусаду сию ду ҳазор доллари ИМА (232000,00)- ро бо сафарбаркунии ҳайати коршиносони хитойӣ ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ — иқтисодии сохтмони роҳҳои Қалъаи­хумб — Ванҷ пешбинӣ намудааст.

Роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии «Роҳҳои автомобилгарди Осиё» мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мепайвандад ва барои таҳкими робитаҳои мавҷудаи тиҷоратӣ — иқтисодӣ байни кишварҳои мазкур нақши муассир мебозад.

Бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, аз ҷумла Мурғоб — Ағбаи Кулма (сарҳади Хитой), Шкев — Зиғар, Шоҳон- Зиғар, Шамсиддин Шоҳин — Шоҳон ва Душанбе — Данғара барқарор гардида, нақбҳои «Хатлон» ва «Озодӣ» сохта, ба истифода дода шуданд. Айни ҳол, зарурати барқарорсозии қитъаи роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — Рӯшон — Хоруғ — Мурғоб — Кулма (сарҳади Хитой) ба миён омадааст. Бо дарназардошти мураккабии мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ, барқарорсозии роҳи мазкур ба қитъаҳои Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон, Рӯшон — Хоруғ ва Хоруғ — Кулма сарҳади Хитой ҷудо карда шудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷдиди роҳи автомобилгарди лоиҳавӣ дар масофаи 92,3 км (дарозии роҳи автомобилгарди мавҷуда — 109,0 км) амалӣ карда мешавад ва дар рафти таҷдиди роҳ боз чунин иншоот сохта мешаванд:

2 адад нақб бо дарозии 5,2 км, 15 адад пул бо дарозии 633,1 м, 5 адад долони зиддитармавӣ, 180 адад девори ҳимоявӣ бо дарозии 21,9 км, 151 адад қубури обпартои гуногунҳаҷм бо дарозии 3328 м, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 12,2 км, 1 адад виадук (полумост) бо дарозии 63,4 м, 20 адад новаи кушода (открытый лоток — ҷои селгузар) бо дарозии 260 м, хатҳои коммуникатсионӣ, равшанидиҳӣ ва ғайра.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, ки 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи ҳуҷҷати мазкур асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаҳои калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма мебошад, ки маблағи як миллиону панҷсаду шаст ҳазор юани хитоӣ (1 560 000) ё 232 000 доллари ИМА-ро ташкил менамояд. Он аз ҳисоби кумаки бебозгашт дар доираи Созишномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2018 пардохт карда мешавад.

Барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳайати коршиносон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар рафти кор ҳайати коршиносони Хитойро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти зарурӣ ва маводи дахлдори техникӣ таъмин менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулмаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи ҳуҷҷати мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи мубодилаи мактубҳо оид ба асос­ноккунии техникӣ — иқтисодии қисматҳои қитъаҳои калидии марҳилаи 2 — юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сӯҳроб Бегмат дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Сӯҳроб Бегмат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Бисту якуми октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи роҳбарони олии ҳар ду кишвар ба имзо расид. Мувофиқи банди 8 — уми Эъломияи муштарак, ҷонибҳо зарурати бунёд ва фаъол намудани гузаргоҳҳо ва бозорҳои наздисарҳадӣ дар мавзеъҳои Хумроғӣ — Ҷомарҷи Боло, Шоҳон — Хоҳон, Кокул- Ойхонум ва Айвоҷ — Калдорро таъкид намуданд.

Ҳамин тариқ, дар доираи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон тӯли солҳои 2002 — 2013 аз болои дарёи Панҷ чор адад пул дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар мавзеъҳои Теми наздикии шаҳри Хоруғ, ноҳияи Ишкошим, мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ, мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвоз ва як адад пул дар ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохта шуд, ки имрӯзҳо тиҷорати наздисарҳадӣ дар онҳо ба роҳ монда шудааст (дарозии умумии пулҳо — 800 метр).

Мақсад аз сохтмони пул дар мавзеи Кокул — Ойхонум баробари ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ, кушодани масири нави нақлиётӣ низ мебошад, зеро яке аз ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои гузошташуда Фонди тоҷикистонии Оғохон ба унвони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳи автомобилгарди ба пул баранда бо дарозии 18,5 км (ноҳияи Фархори Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо муроҷиат намуд. Дар заминаи корбарӣ, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2018, №16667 (27.2), лоиҳаи «Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳи автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон» таҳия карда шуд.

Лоиҳаи созишнома бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои зикргардида такмил ёфт. Аз ҷумла, сархати 2- юми моддаи 2- юми лоиҳаи созишнома ба тариқи зайл иваз карда шуд:

«Фонди тоҷикистонии Оғохон дар доираи созишномаи мазкур, тавассути ҷалби сармоя аз шарикони рушд, сохтмони 50 км роҳи автомобилгардро аз мавзеи Гулистони ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Фархор маблағгузорӣ менамояд».

Бо пешниҳоди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати нақлиёт бо Фонди тоҷикистонии Оғохон доир ба ворид намудани муқаррарот оид ба сохтмони иншоот ва инфрасохтори нуқтаи назорати гузаргоҳи сарҳадӣ дар лоиҳаи созишнома машварат намуд.

Аз ҷониби Фонд иттилоъ дода шуд, ки сохтмони инфрасохтори нуқтаи назорати гузаргоҳи сарҳадӣ, ба мисли пулҳои дар мавзеъҳои Тем, Ишкошим, Хумроғӣ, Рузвай ва Шамсиддин Шоҳин сохташуда, аз ҳисоби Дафтари Барномаи Рушди СММ (UNDP) пас аз сохтмони пул ва роҳи автомобилгарди ба он баранда ба роҳ монда мешавад.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи созишнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №126 маъқул дониста шуд ва созишнома 12 апрели соли 2019 аз ҷониби вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр Завқибек ва директори иҷроияи Фонди тоҷикистонии Оғохон Кишвар Абдулалишоев ба имзо расид.

Бо мақсади амалигардонии созишнома Вазорати нақлиёт лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хусуси тасдиқи созишномаро таҳия карда, бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуд.

Бояд зикр кард, ки аз лиҳози асосноккунии сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ, сохтмони пул дар мавзеи Кокул — Ойхонум бо роҳи автомобилгарди ба пул баранда бо дарозии 18,5 км баҳри таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии муайяннамудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла:

- ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ;

- кушодани масири нави нақлиётӣ;

- рушди соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоии минтақа ва ҷумҳурӣ тариқи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба корҳои сохтмони пул ва роҳи автомобилгарди ба он баранда;

- ҷалби бештари маблағҳои грантӣ;

- имконпазир гардидани ҷалби шарикони рушд барои маблағгузории таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Гулистон — Фархор — Панҷ — Дӯстӣ равона шудааст.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ, дар мавриди сохта ба истифода додани пул зарурати ворид намудани тағйироти зерин ба Номгӯйи гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, №221 тасдиқ шудааст, ба вуҷуд меояд;

- дар сархати панҷуми банди 1 иваз намудани калимаҳои «гузаргоҳи дарёии Кокул» ба калимаҳои «гузаргоҳи автомобилии Кокул».

Инчунин, аз ҷониби мутахассисони соҳа тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15- уми «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №355 тасдиқ гардидааст, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид.

Ҳамчунин, лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби Фонди тоҷикистонии Оғохон соли 2018 дар заминаи озмун ширкати лоиҳакаш (КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ) ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ интихоб гардид ва айни ҳол лоиҳакашӣ амалӣ шуда истодааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дарозии пул 297 метр, бари он 4,5 метр, иқтидори борбардорӣ 60 тонна, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо тақрибан 9,8 млн. доллари ИМА- ро ташкил медиҳанд.

Арзиши сохтмони пул ва роҳи автомобилгарди ба пул баранда пас аз пурра ба анҷом расидани корҳои лоиҳакашӣ муайян мегардад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям Созишномаи байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳи автомобилгарди ба пул барандаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, ки 12 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2019, № 2323 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Мақсад аз сохтмони пул дар мавзеи Кокул — Ойхонум, баробари ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ, кушодани масири нави нақлиётӣ низ мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистонро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 20 сентябри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои автомобилгарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки Рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг аз 17 июни соли 1925» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод дода мешавад.

САИДЗОДА Зоҳир Озод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева аз соли 1925 оид ба манъи истифодабарии газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда, газҳои ба онҳо монанд ва маводҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг» дар доираи иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева аз соли 1925 дар бораи манъи истифодабарии газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда, газҳои ба онҳо монанд ва маводҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг (минбаъд — Протокол) таҳия гардидааст.

Бояд қайд кард, ки истифода намудани силоҳе, ки боиси бадбахтиҳои зиёди инсоният мегардад, яъне, заҳрҳо ва силоҳи заҳролудшуда, ҳанӯз дар эъломияи солҳои 1868 ва 1899 ва Конвенсияи Гаага соли 1907 манъ карда шудааст. Чунин намудҳои силоҳ ба «васоити ҷангии манъкардашуда» яъне, ба воситаҳое, ки истифода намудани онҳо тибқи ҳуқуқҳои умумибашарӣ роҳ дода намешавад ва ҳамчун ҷинояти ҳарбӣ ё ҷиноят бар зидди инсоният мансуб мегардад, бевосита масъулияти қонуниро талаб менамояд.

Протокол 17 июни соли 1925 аз ҷониби намояндагони 37 мамлакат ба имзо расида, аз 8 феврали соли 1928 эътибор пайдо намудааст.

Тибқи маълумоти СММ, то моҳи марти соли 2018 — ум 140 давлати ҷаҳон аъзои он гардидаанд.

Ҳамроҳшавӣ ба Протокол ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намуда, ба шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад. Протокол дар доираи муносибатҳои байнидавлатӣ ба масъалаҳои халъи силоҳ, назорати байналмилалӣ, таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ тааллуқ дошта, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои манфии молиявӣ, иқтисодӣ ва дигар таъсироти номусоид надорад. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женеваро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан барои савол додан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Саидзода, истифодаи ин намуди газҳо оё дар замони осоишта имкон дорад?

САИДЗОДА Зоҳир Озод: — Протоколе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳамроҳ мешавад, ҳолати ҷангиро мадди назар гирифтааст. Истифодаи он дар замони осоишта бошад, ба ягон чорчӯба намеғунҷад ва қатъиян манъ аст.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Оё газҳои буғикунанда ба номгӯйи силоҳи кимиёвӣ дохил мегарданд? Дар ҳолати дар замони осоишта истифода намудани он чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд?

РАИС: — Ҳар давлат дар робита ба ин қонуни худро дорад, саволи пешниҳодкардаатон ба мавзӯи мавриди баррасӣ алоқамандӣ надорад.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг аз 17 июни соли 1925, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи номбурда бо мақсади халъи силоҳ ё назорати байналмилалӣ, таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла эътирофи фарогири манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг ба имзо расидааст.

Дар бораи мазмун ва моҳияти протокол муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зоҳир Саидзода маълумоти мушаххас доданд, ки такрори онро лозим намешуморам.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон протоколи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 29 августи соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Ҳамроҳшавӣ ба протокол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои манфии молиявӣ, иқтисодӣ ва дигар таъсири номусоид надорад. Он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг аз 17 июни соли 1925» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала- «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба асосҳо ва тартиби ҳамкории мутақобила ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар сарҳад аз 26 апрели соли 1996 ва Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба коҳиши мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳад аз 24 апрели соли 1997 (шаҳри Москва, 23 ноябри соли 2002), ки 17 майи соли 2018 дар шаҳри Алмаато ба имзо расидааст», оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод дода мешавад.

Саидзода Зоҳир Озод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба асосҳо ва тартиби ҳамкории мутақобила ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар сарҳад аз 26 апрели соли 1996 ва Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба коҳиши мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳад аз 24 апрели соли 1997 (шаҳри Москва, 23 ноябри соли 2002), ки 17 майи соли 2018 дар шаҳри Алмаато ба имзо расидааст», дар робита ба устуворгардонии боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад ва барои коҳишдиҳии мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад бо мақсади ворид намудани тағйирот ба банди 3 боби 1 ва илова намудани боби 5 таҳия шудааст.

Тағйироти воридгардида дар банди 3 боби 1 оид ба муҳлати ваколати давлати раисикунандаи ҷониби муштарак дар Гурӯҳи муштараки назоратӣ, ки як сол муайян шудааст ва дар боби 5 ба вазифаҳои давлати раисикунандаи ҷониби муштарак дар Гурӯҳи муштараки назоратӣ дахл доранд.

Татбиқи муқаррароти протоколи мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Протокол аз рӯзи ба маҳфуздоранда пешниҳод намудани огоҳиномаи охирини хаттӣ оид ба аз ҷониби Тарафҳо иҷро намудани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои қувваи қонунӣ пайдо кардани он зарур мебошад, амал мекунад.

Бо дарназардошти ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки протоколи зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

 Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Протоколи номбурда, ки 17 майи соли 2018 дар шаҳри Алмаато ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Протокол аз дебоча ва 2 модда иборат буда, бо мақсади устуворгардонии боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар сарҳад ва барои коҳиши мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳад, инчунин, ривоҷу равнақ ёфтани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ, ба имзо расидааст.

Дар моддаҳои 1 ва 2 протоколи мазкур ворид намудани тағйирот дар банди 3 боби 1 ва илова намудани боби 5 пешбинӣ гардида, масъа­лаи муҳлати ваколати давлати раисикунандаи ҷониби муштарак дар Гурӯҳи муштараки назоратӣ, ки як сол муайян шудааст ва вазифаҳои давлати раисикунандаи ҷониби муштаракро дар Гурӯҳи муштараки назоратӣ муайян менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Протокол аз тарафи иштирокчиёни ҷаласаи васеи кумитаи масъул ҷонибдорӣ гардид ва муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба асосҳо ва тартиби ҳамкории мутақобила ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар сарҳад аз 26 апрели соли 1996 ва Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба коҳиши мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳад аз 24 апрели соли 1997 (шаҳри Москва, 23 ноябри соли 2002), ки 17 майи соли 2018 дар шаҳри Алмаато ба имзо расидааст», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:- Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Корвони саломатӣ (Ҷумҳурии Тоҷикис­тон)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат дода мешавад.

УМАРЗОДА Саида Ғайрат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз 30 августи соли 2016, №14744 (22-6) оид ба баргузор гардидани озмуни якуми грантҳо аз ҳисоби маблағҳои Фонди Авруосиёгии Муътадилгардонӣ ва Рушд лоиҳаи «Корвони саломатӣ» — ро тибқи тартиби муқарраршуда соли 2016 ирсол намуд.

Маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 60 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 2,0 миллион доллараш маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии Муътадилгардонӣ ва Рушд ва 60,0 ҳазор доллари боқимонда ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Татбиқи лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардидааст ва он бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст равона хоҳад шуд, ки дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар доираи амалӣ намудани лоиҳа анҷоми корҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- харид ва дастрас намудани мошинҳои махсуси сайёр бо таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 1,4 млн. доллари ИМА ё 68,5 фоизи маблағи умумӣ;

- пардохти музди меҳнат, хароҷоти сафарҳои кории кормандони беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд ва хароҷоти сӯзишворӣ — 400, 0 ҳазор доллари ИМА ё 19,4 фоизи маблағи умумӣ;

- хароҷоти сафари кории кормандони байналмилалӣ, баргузории давраҳои омӯзишӣ, мониторинг ва арзёбӣ — 189,6 ҳазор доллари ИМА ё 9,2 фоизи маблағи умумӣ;

- харидории доруворӣ ва молҳои таъиноти тиббӣ ба беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд — 60,0 ҳазор доллари ИМА ё 2,9 фоизи маблағи умумӣ.

Бояд қайд намуд, ки мошинҳои махсуси сайёри харидоришаванда аз чор модул, аз ҷумла, се маҷмӯи тиббию ташхисӣ ва автобуси вахтавӣ, иборат буда, бояд бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти рентгенӣ, флюрографӣ, ташхисӣ, стоматолӣ, офталмологӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳазонида шаванд.

Бо дарназардошти он ки дар раванди татбиқи лоиҳа ҷалби кормандони беморхонаҳои клиникии вилоятҳои Хатлону Суғд ҷиҳати гузаронидани муоинаи тиббӣ пешбинӣ шудааст, пардохти музди меҳнат ва сафари хизматии табибони маҳаллӣ низ ба нақша ворид гардидааст.

Дар қисмати мазкур таъсиси шуъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаи клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд иборат аз 32 воҳиди кории кормандони тахассуси гуногун, аз ҷумла, 14 табиб, ҳашт ҳамшираи тиббӣ, ду фаррош, чор ронанда ва чор муҳандис пешбинӣ шудааст. Маоши кормандон тибқи нишондиҳандаҳои миллӣ муайян карда мешавад. Кормандон дар ду баст фаъолият хоҳанд намуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа истифодаи таҷҳизоти дохилимобилӣ ба миён омад. Аз ин хотир, баргузории даври омӯзишӣ оид ба истифода ва нигоҳубини он барои кормандони шуъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ҳамзамон давраҳои омӯзишӣ барои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдасти минтақаи таҷрибавӣ оид ба масъалаҳои марбут ба беҳтаркунии хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Ташаббуси гузаронидани «Корвони саломатӣ» аз ҷониби мутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади фарогирии бештари аҳолии ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо дарназардошти дастрас набудани таҷҳизоти сайёр мушкилоти зиёд эҷод менамояд. Дар доираи лоиҳаи мазкур се адад клиникаи мобилии сайёри бисёргузар, аз ҷумла, флюорографи мобилӣ ва клиникаҳои мобилии ташхисию табобатӣ ва як автобуси вахтавӣ барои ҷойгир намудани мутахассисон пешбинӣ гардидааст.

Пардохти сӯзишворӣ барои фаъолияти клиникаҳои мобилии сайёр барои солҳои татбиқи лоиҳа ( солҳои 2019 — 2020) аз ҳисоби маблағҳои лоиҳавӣ муайян мегардад ва зарурати дарёфти маблағҳои иловагиро барои фаъолияти мунтазам ба миён намеорад. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ дар доираи татбиқи лоиҳа дастрас намудани маводи иттилоотӣ (буклетҳо ва овезаҳо), таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва видеороликҳо оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, таҳкими кор бо ҷомеа, бахусус, кор бо дастаҳои ҷомеавӣ, ба назар гирифта шудааст.

Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо намояндагони вазоратҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Фонди Авруосиёгии Муътадилгардонӣ ва Рушд якчанд маротиба дар доираи баргузории видеоконфронсҳо ва сафари ҳайати фонд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Лоиҳаи созишномаи «Корвони саломатӣ» аз ҷониби Шӯрои Фонди Авруосиёгии Муътадилгардонӣ ва Рушд 29 декабри соли 2018 тасдиқ гардида, протоколи он таҳти №43 аз санаи зикршуда барои иҷро ба кишварҳои аъзо ирсол шудааст.

Бо дарназардошти анҷом ёфтани расмиёти дохилии Фонди Авруосиёгии Муътадилгардонӣ ва Рушд аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи роҳбари блоки лоиҳакашии фонд мактуби дархостӣ оиди дар муҳлати кӯтоҳтарин ба расмиёт даровардани созишномаи болозикр унвонии Вазорати молия ворид шудааст. Анҷоми раванди барасмиятдарории ин созишнома имконияти кишвари моро ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантии фонд барои амалӣ намудани лоиҳаҳои нав, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, зиёд намуда, барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам Умарзода, хариди таҷҳизотро кӣ ба зимма дорад?

УМАРЗОДА Саида Ғайрат: — Хариди таҷҳизот аз ҷониби гурӯҳи татбиқи лоиҳа амалӣ карда мешавад. Таҷҳизот аз Федератсияи Россия харидорӣ хоҳад шуд, зеро он дар доираи созишномаи ҳамкории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

РАИС: — Сухан барои савол додан ба вакил Абдуалимов Баҳром дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Донистан мехоҳам, ки барои муайян кардани татбиқи лоиҳаи мазкур дар ин ду вилоят кадом омилҳо мадди назар гирифта шудаанд, зеро хизматрасонии тиббӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ дар сатҳи паст қарор дорад. Дар вилоятҳои Суғду Хатлон тӯли солҳои охир ба ин соҳа зиёд маблағгузорӣ шудааст.

УМАРЗОДА Саида Ғайрат: — Дар навбати аввал шумораи аҳолӣ ба инобат гирифта шуд ва ин ду вилоят ба ҷумлаи минтақаҳои аҳолиашон зиёд дохил мешаванд. Воқеан ҳам, дар вилояти Хатлон солҳои охир аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд маблағгузорӣ ба ин соҳа афзоиш ёфтааст. Аммо он бештар ба беҳтар гардонидани инфрасохтори тиббии шаҳру ноҳияҳо нигаронида шудааст. Шифохонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ он қадар ҳолати хуб надоранд.

Дастрасии аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба «Корвони саломатӣ» ба сатҳи хизматрасонӣ, ташхису табобат таъсири мусбӣ мерасонад. «Корвони саломатӣ», ки ба ҳайати он мутахассисони баландихтисос шомил мебошанд, барои сокинони он минтақаҳо пурманфиат хоҳад буд, зеро мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоте, ки дар дохили автопоездҳо насб гардидаанд, тамоми аҳолиро аз муоинаи профилактикӣ мегузаронанд.

РАИС: — Кӯшиш бояд кард, ки лоиҳаи мазкур хуб амалӣ гардад, то ин ки аз чунин корвон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ низ баҳравар шаванд. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Корвони саломатӣ (Ҷумҳурии Тоҷикис­тон)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд 4 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз дебоча ва 8 модда бо баёни замимаҳо иборат мебошад.

Мақсад аз созишнома пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст, баланд бардош­тани фарҳанги тиббии ҷомеа мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур, ки аз се қисм иборат мебошад, дар ду вилояти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардидааст. Тибқи лоиҳа харидории ду автопоезд, ки ҳар яки он аз се маҷмӯи тиббӣ — мобилӣ ва автобуси вахтавӣ иборатанд, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, флюрографӣ, ташхисӣ, стоматологӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таҷҳизонида шудаанд.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, №2318 аз 5 сентябри соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишнома пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 23 сентябри соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ созишномаи мазкурро баррасӣ ва онро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Корвони саломатӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ