Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Бақайдгирии се фраксияи ҳизбӣ ва гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагон

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

DSC_0776Понздаҳуми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом ва дигар шахсоне, ки даъват шудаанд, ҳузур доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»

2. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъала «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» сухан ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ дода мешавад. Марҳамат!

Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Бинобар аз лиҳози мазмун ­наздикӣ доштани масъалаҳои якум ва дуюми рӯзнома, пешниҳод менамоям, ки ҳар ду масъала якҷоя баррасӣ карда шаванд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам! Ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунем?

Марҳамат, муҳтарам вазир.

Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ: - Рушди соҳаи энергетика, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди устувори мамлакат, пешбарандаи иқтисодиёт ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар муайян шудааст.

Бинобар ин, ба баррасии шумо Созишномаи лоиҳавӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаҳои «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи дастгирии ҷомеа дар доираи ташаббус ва чорабиниҳои пешбининамудаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000» дар кишварҳои аъзои лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон) пешбинӣ шудааст. Қисмати тоҷикистонии он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 24 млн. доллар ва Фонди бисёрдонораи мақсаднок дар ҳаҷми 2,0 млн. доллар, дар маҷмӯъ, 26,0 млн. доллар, маблағгузорӣ хоҳад гардид.

Лоиҳа дар деҳоти ҳудуди долони гузариши хати интиқоли барқи 500 киловолтаи лоиҳаи CASA 1000 (1,5 километр аз ҳар ду ҷониб) ҷойгир буда, 60 деҳаро дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Левакант, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Ҷайҳун, Данғара, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва ҳамчунин, 45 деҳаи деҳоти «Чоркӯҳ» ва «Ворух»-и шаҳри Исфара фаро мегирад.

Созишномаҳои мазкур маҷмӯи муносибатҳои байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва агентиҳои иҷрокунандаи лоиҳа, аз ҷумла, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистонро дар самти татбиқи лоиҳа бо риояи талабот ва меъёрҳои пешбининамудаи созишномаи грантӣ, дастурамали амалиётӣ оид ба татбиқи лоиҳа, таҳияи нақшаи уҳдадориҳои иҷтимоию экологӣ ва риояи ҳатмии чорабиниҳои он дар раванди татбиқи лоиҳа, таъмини ҳайати кормандони соҳибтахассус дар давраи татбиқи лоиҳа, пешниҳоди ҳисобот ба ассотсиатсия оид ба рафти татбиқи лоиҳа ва чорабиниҳои дигари техникиро ба танзим медарорад.

Дар доираи созишномаи лоиҳавӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» ­масъалаи беҳдошти таъминоти неруи барқ ба назар гирифта шудааст. Мутобиқи он сохтмон ва таҷдиду азнав­созии шабакаҳои барқӣ пешбинӣ гардидааст, ки маблағаш 10,0 млн. долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар доираи қисмати мазкур, сохтмони зеристгоҳи 110/10 кВ дар шаҳри Исфара ва баланд бардоштани сифат ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба хизматрасонии таъминоти барқ дар деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи созишномаи лоиҳавӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон масъалаи сармоягузорӣ ба инфрасохтори иқтисодӣ — иҷтимоии ҷомеаҳо, баланд бардоштани иқтидор ва идоракунии маҳаллӣ ба назар гирифта, корҳо ҷиҳати барқарорсозии системаи обёрӣ, обтаъминкунӣ ва санитария, роҳҳо, синфхонаҳои иловагӣ ва иваз намудани болопӯши бомҳои мактабҳо, сохтмони боғчаҳои кӯдакона, бунгоҳҳои тиббӣ ва хизматрасонии техникӣ, ки дар долони гузариши хати интиқоли барқи CASA 1000 ҷойгиранд, пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, дар доираи ин қисмат омӯзиш ва пурзӯр намудани иқтидор дар самти банақшагирии рушди маҳал мадди назар аст. Маблағи барои ин чорабиниҳо ҷудогардида 16,0 млн. долларро ташкил медиҳад.

Мусоидати шуморо барои дастгирии созишномаҳои лоиҳавии пешниҳодгардида хоҳиш намуда, миннатдории роҳбарият ва кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои обро барои ҳамкориҳои минбаъдаи судманд изҳор менамоям.

РАИС: — Оид ба масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмудов Музафарҷон Ҷусупович дода мешавад.

Музафарҷон Маҳмудов:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», ки 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он баланд бардош­тани сифат ва васеъ намудани даст­расӣ ба хизматрасонии таъминоти барқ, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат дар самти пурзӯр намудани иқтидори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷамоатҳои фарогири ҳудуди лоиҳа қарордошта ба ҳисоб меравад.

Доир ба созишнома вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ муфассал маълумот доданд. Кумитаи масъул 7 апрели соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», ки 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз лоиҳа баланд бардош­тани сифат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат дар самти пурзӯр намудани иқтидори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷамоатҳои фарогири ҳудуди лоиҳа қарор­дошта ба ҳисоб меравад.

Кумитаи масъул 7 апрели соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ ва ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онҳоро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии шумо ­масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод мегардад. Аз рӯи масъала сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Умарзода Икром Ислом дода мешавад. Марҳамат!

Умарзода Икром Ислом: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади ташаккули соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ва таъмини шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳа, ба моддаҳои 497 ва 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар моддаи 497, ки дар санксияи он барои риоя накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ ё қоидаҳои истиқомат дар минтақаи сарҳадӣ, ҷарима ва берун кардан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, қисми 2 илова гардидааст.

Дар санксияи қисми 1 барои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд риоя накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин, қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ, огоҳӣ ё ҷарима дода мешавад. Дар қисми 2 бошад, барои такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, ба ғайр аз ҷарима, инчунин, берун кардан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бидуни он пешбинӣ шудааст.

Муҳтавои моддаи 497 кодекси мазкур, ки тибқи он берун кардани шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар пешбинӣ шудааст ва ӯ наметавонад (тибқи қонунгузории ҷорӣ) ба муддати панҷ сол ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ворид шавад, боиси нигаронӣ аст, чунки ҷараёни воридшавии сайёҳонро ба кишвар коҳиш медиҳад. Инчунин, ин боиси аз хешу табор ҷудо шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хешовандони наздик доранд. Дар моддаи 499 кодекс тағйиру иловаҳо ба он хотир ворид карда шудаанд, ки пешбинии риоя нагардидани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин, қоидаҳои ба таври транзитӣ убур кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои 1 ва 2 номувофиқанд.

Дар санксияи қисми 1 берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ҳол он ки тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо роҳи маъмурӣ ронда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи ронда шудан манъ аст.

Ҳамин тавр, шаҳрванди хориҷии аз ҷумҳурӣ берункардашуда, наметавонад дар давоми як сол такроран ҳуқуқвайронкуниеро, ки дар қисми 2 пешбинӣ шудааст, содир намояд, зеро ба ӯ ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи ронда шудан манъ мебошад.

Баъзе шаҳрвандони хориҷӣ ба вайронкунии қоидаҳои будубош дар ҷумҳурӣ роҳ медиҳанд, ки берун кардани онҳо аз ҷумҳурӣ ба характери ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби онҳо роҳ дода шудааст, номувофиқ аст. Ба назари мо, ҷаримаи маъмурӣ, ки навъи асосии ҷазо мебошад, мумкин аст дар қисми 1 моддаи 499 татбиқ ва дар қисми 2 ҳамчун чораи пурзӯркунии ҷазои иловагӣ — берун кардан аз кишвар ё бидуни он пешбинӣ карда шавад.

Дар санксияи қисми 2, ки тибқи он берун кардан пешбинӣ шудааст, калимаҳои «ё бидуни он» илова гардидааст. Иловаи пешниҳодшуда ба судҳо имкон медиҳад, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бе пешниҳоди қарор дар бораи берун кардан нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати роҳ надодан ба ҷудошавии оилаҳо (аз ҳамсарон, фарзандон) баррасӣ намоянд. Дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ теъдоди зиёди оилаҳое истиқомат мекунанд, ки яке аз ҳамсарон шаҳрванди хориҷӣ мебошанд. Ҷиҳати мутобиқ намудан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», аз санк­сияи қисми 3 моддаи 499, ки вайрон намудани қоидаҳои иқомат­ро аз ҷониби гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда пешбинӣ намудааст, калимаҳои «ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ гаштани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дода мешавад.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳия ва пешниҳод гардидани он, бо дарназар­дошти принсипи ҳуқуқэҷодкунӣ, гуманизм (инсондӯстӣ), дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои сайёҳон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, гурезагон ва паноҳҷӯяндагон мебошад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи пешниҳодшуда, ки аз ду қисм иборат аст, дар моддаҳои 497- 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешниҳод шудааст, ки тибқи онҳо барои содир намудани кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани қоидаҳои воридшавӣ ба минтақаи сарҳадӣ ё истиқомат дар он), ҳамчунин, риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври транзитӣ убур кардан аз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷазоҳои маъмурӣ сабук карда мешаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Барои такмили лоиҳа шаш пешниҳод манзур ва онҳо ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳа бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

Умарзода Икром Ислом: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади татбиқи тартиби содаи боздошти маъмурӣ ва бинобар пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тағйирот ба қисми 4 моддаи 63 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъмини иҷрои ҷазои маъмурӣ, аз ҷумла, бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконият медиҳад. Айни замон барои то як моҳ дароз намудани муҳлати нигоҳдории шаҳрванди хориҷии дастгиршуда, ки низоми раводид ва будубошро вайрон намудааст, гирифтани дархости прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо зарур мебошад, ки ин муҳлати зиёдро талаб намуда, боиси пинҳон гаштани шаҳрвандони хориҷӣ аз мақомоти қудратӣ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ мегардад.

Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, зарур аст, ки баррасии парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 1 моддаи 497, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 499 пешбинишуда ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ вогузор карда шавад, зеро, агар аз қисми 1 моддаи 497, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 499 ҷазоҳои иловагӣ (берун кардан аз ҷумҳурӣ) хориҷ карда шаванд, он гоҳ тибқи моддаи 39 қисми 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар он андозаи ҷарима аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, аз тарафи судя баррасӣ мешавад. Вале парвандае, ки дар он андозаи ҷарима то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, онро мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне, дар ин сурат мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ менамояд.

Тағйирот ба қисми 3 моддаи 150 кодекси мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сархати сеюми қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» мебошад.

Нисбати лоиҳаи қонуни мазкур экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мухолифат надорад ва амалӣ гаштани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дода мешавад.

НАСРИДДИНЗОДА Эмомалӣ Сайфиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гаштааст.

Лоиҳа аз чор қисм иборат аст ва тибқи он бо дарназардошти ҳолати бавуҷудомада, баъзе доираҳои салоҳиятҳои суд барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ вогузор карда мешавад.

Инчунин, дар моддаи 150 муҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз як шабонарӯз ба ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи эълон кардани қарор дароз карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи пешниҳодгардидаро баррасӣ ва дар хулосаҳояшон онро ҷонибдорӣ намуданд.

Барои такмил додани лоиҳа 8 пешниҳод манзур ва ба лоиҳа ворид гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳа бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии шумо ­масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» пешниҳод мешавад. Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад. Марҳамат.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №266 «Дар бораи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Консепсияи ташаккули «Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳанда, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бо истифодаи низоми электронӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар доираи лоиҳа масъалаи ташаккули низоми миллии Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳадафи асосии он барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо аз тариқи электронӣ барои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари низоми миллӣ ва ба ин васила, тақвият бахшидани амалигардонии Консепсияи ҳукумати электронӣ, сода, шаффоф намудани расмиёти савдои хориҷӣ ва хизматрасонии давлатӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар доираи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррароти нав бо мафҳуми «низоми иттилоотии додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ», «шакли электронии иҷозатдиҳӣ», «барасмиятдарории электронии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ» «ҳамги­роии байниидоравии электронӣ», «дархости электронии додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ», «махзани электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» пешбинӣ шудааст.

Инчунин, бо мақсади дақиқ намудани амали мақомоти иҷозатдиҳанда, ки дар расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ иштирок менамояд, дар лоиҳа масъалаҳои расмиёти иҷозатдиҳӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, фиристодани дархости электронӣ ба мақомоти давлатӣ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумот, ки барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зарур аст, пешбурди махзани электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, коргузорӣ аз тариқи низоми электронӣ ва дигар муқаррарот низ мушаххас карда шудаанд.

Таҳлили таҷрибаи татбиқи қонунгузории соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ нишон дод, ки номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар амалия аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода намешаванд ё ин ки хусусияти иҷозатдиҳиро барои амал ва ё фаъолияти муайян надоранд.

Ҳамчунин, дар натиҷаи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи санҷишиву иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, инчунин, аз ҳисоби тақсим кардани ваколатҳои Вазорати нақлиёт ба мақомоти давлатии нав — Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ таъсис дода шудааст.

Бинобар ин, дар доираи лоиҳа пешниҳод мегардад, ки аз қонуни амалкунанда номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва мақомоти иҷозатдиҳанда хориҷ карда шаванд.

Бояд қайд кард, ки айни замон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда 19 ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 75 номгӯйро ташкил медиҳанд, ки барои амал ё фаъолияти соҳибкорӣ дода мешаванд.

Ҳангоми қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи қонун шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда се адад ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 16 адад кам гардида, низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба роҳ монда мешавад, ки бевосита ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст. Муҳтавои он асосан ду масъаларо дар бар мегирад:

1. Аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба мақомоти иҷозатдиҳӣ барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод намудани ариза дар шакли электронӣ ва гирифтани иҷозат дар шакли электронӣ.

2. Кам намудани шумораи мақомоти иҷозатдиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20 марти соли равон таҳти №9 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил 18 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 12 – тои он пурра қабул шуд.

Кумитаи масъул 7 апрели соли 2020 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодоти манзургардидаро баррасӣ намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад.

МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Сайдалӣ: - Муҳтарам Раис! Пешниҳод менамоям, ки ­масъалаҳои 6, 7, 8 ва 9-уми рӯзнома, бинобар ҳаммазмун буданашон, якҷо баррасӣ карда, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагон оид ба онҳо алоҳида ба овоз монда шаванд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Оид ба пешниҳоди манзургардида чӣ фикр доред? Марҳамат, муҳтарам Муртазозода.

 МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Сайдалӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси моддаҳои 52 ва 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва боби 4 (бандҳои 100 — 114) Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ, амалӣ гардонидани барнома ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ, ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

Ба Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои фраксия аз Ҳизби аграрии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳо аз гурӯҳи нафарони ғайриҳизбӣ ворид гардиданд.

Омӯзиши онҳо собит намуд, ки далелҳои пешниҳодшуда дар мувофиқа ба талаботи қонунгузории мамлакат ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод гардида, ҳадафҳои фраксияҳои мазкур иборат аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.Дар натиҷа, қонунгузории амалкунандаи мамлакат имкон медиҳад, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се фраксия ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбии зерин ташкил карда шавад:

1. Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) — иборат аз 42 нафар бо сарварии раиси фраксия Сафарзода Бахтовар Амиралӣ

2. Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) иборат аз 7 нафар бо сарварии раиси фраксия Латифзода Рустам Барот

3. Фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) иборат аз 5 нафар бо сарварии Қудратов Рустам Раҳматович

4. Гурӯҳи нафарони ғайриҳизбӣ иборат аз 5 нафар бо сарварии Раҷаб­зода Равшан Муҳитдин.

Аз ин рӯ, ба баррасии шумо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаҳои пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуда, барои омода намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории самараноки фраксияҳо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он мусоидат намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайд­гирии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзнома ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва меҳмонони гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям. 

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ