Баргузории панҷумин Форуми байналмилалии гуманитарӣ дар Боку

№124 (3604) 01.10.2016

00530 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон панҷумин Форуми байналмилалии  гуманитарӣ ба кор шурӯъ намуд.

Дар он намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид ва зиёда аз сад кишвари дунё, аз ҷумла Федератсияи Россия, Амрико, Канада, Австралия, Қазоқистон, Япония, Африкаи Ҷанубӣ, Шветсария, Англия, Португалия, Индонезия ва ғайра иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар назди иштирокчиён баромад намуда, роҷеъ ба моҳият ва нақши парлумонҳои ҷаҳон ва сиёсатмадорони замон дар пешрафту такомули масоили байналмилалии гуманитарӣ ибрози андеша намуд.

Сипас, Олга Голодетс — муовини Сарвазири Федератсияи Россия салом ва таманниёти Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро ба иштирокчиён қироат намуд.

Баъдан, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ намуда, аз ҷумла, иброз дошт, ки чандфарҳангӣ падидаи нав буда, солҳои 70-уми асри XX дар Канада ва Амрико ба вуҷуд омадааст. Он савумин намунаи таъсиргузор дар заминаи ҳалли мушкилоти вазнини марбут ба фарҳанг, қавмгароӣ, кишварҳои дорои мушкилоти нажодӣ ва мазҳабӣ, ки шумораи бештарро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд, ба шумор меравад. Танҳо 10 дарсади кишварҳо ҳамчун кишварҳои дорои фарҳанги ба якдигар монанд ва ё чандфарҳангӣ баҳогузорӣ мешаванд.

Дарҳои ин мамлакатҳо барои ҷаҳони беруна ҳамеша бозанд, намояндагони дилхоҳ кишвар метавонанд ба ин ҷумҳуриҳо озодона рафтуомад намоянд ва ҳатто дар он сукунат ихтиёр кунанд.

Аммо мушкили чандфарҳангӣ дар он аст, ки бештари одамон мехоҳанд дар кишваре, ки ба он ҷо сафар кардаанд, боқӣ монанд. Вобаста ба ин суоле ба вуҷуд меояд, ки то кадом андоза гуногуншаклии фарҳангиро метавон қобили қабул шумурд, онро таҳаммул ва дар чунин шароит ҳамоҳангиро таъмин кард?

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки чандфарҳангии муосир, қабл аз ҳама, бо равияи иҷтимоӣ ва рӯҳии худ фарқ мекунад. Муқаддимаи он бо ҳалли масъалаҳои муҳими инсоният, амалӣ намудани имконоти ҷисмонӣ ва рӯҳии вай пайванди ногусастанӣ дорад. Чунин чандфарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳамаи қишри ҷомеаро, ки барои таъмини адолат талош доранд, ба худ ҷалб менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми Шарқ низ таҷрибаи ғанӣ дар бахши чандфарҳангӣ, таҷрибаи бебаҳои гуфтугӯ ва фарҳанги ҳамзистӣ дорад. Мисоли равшани чунин таҷриба ҳамзистии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, қавму миллатҳо, халқиятҳо, мавҷудияти забонҳои гуногун, баробарӣ ва фарҳанг дар Эрони бостон, Миср, Ҳиндустон ва ғайра мебошад. Ба ёд овардани шоҳ Куруши Кабир, ки солҳои 559-530-и пеш аз мелод салтанат рондааст, кофӣ мебошад. Муаррихон имрӯз низ Декрети Ахамдинскийи машҳур, тарзи давлатдории вай ва ба роҳ мондани ҳамзистии халқу миллатҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва дини сарзамини ӯро, ки дар илм ҳамчун «Аввалин Баёния оид ба ҳуқуқи инсон» ёд мешавад, бо ваҷд ба ёд меоранд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идома бахшид:

- Миллати тоҷик ҳамчун узви тамаддуни ғании форсӣ-мусалмонӣ вориси таҷрибаи назариявӣ ва амалияи таҳаммулпазирӣ, сабри муштарак ва ҳамзистӣ бо халқу миллатҳои дигар ва урфу одати онҳо мебошад. Дар саргаҳи чунин арзишҳои бунёдӣ омӯзиши тамаддуни ориёии мо, фалсафаи шарқӣ ва аҳли адаб қарор гирифтаанд.

Ҳамчун яке аз сарчашмаҳои арзишманд дар заминаи амалия ва мафҳуми фарҳанги ҳамзистии сулҳомез ва арзишҳо мумкин аст осори барҷастаи шоир Ҷалолиддини Балхиро ном бурд. Вай умри худро барои мунташир сохтани ғояи чандфарҳангӣ сарф намуда, худ ҳамчун намуна ва барои ояндагон чун рамзи таҳаммулгаро ва ҳамзистии сулҳомези миллатҳо, фарҳангҳо ва дину мазҳабҳо гардид. Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар маросими ҷанозаи Ҷалолиддини Балхӣ намояндагони халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳои замонаш, аз ҷумла яҳудиён, христианҳо, мусалмонон, оташпарастон, материалистон ва ғайра ширкат кардаанд. Онҳо бо рехтани ашк аз чашмон ибораи «ВАЙ АЗ МО БУД, ВАЙ АЗ МО БУД!» — ро такрор мекарданд.

Маҳз ҳамин рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии сулҳомез имрӯз яке аз принсипҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар кишвари дунявӣ ва демократии мо намояндагони беш аз 50 халқу миллатҳо дӯстона зиндагӣ мекунанд ва фаъолияти 60 дину мазҳаб дар асоси қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шудааст.

Барои тақвияти ин фикр ­Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, ҳамчун намунаи барҷастаи сулҳофаринӣ дар Донишгоҳи сулҳи СММ дарс дода мешавад. Собиқ Котиби генералии СММ Кофи Аннан дар муроҷиатномаи худ ба миллати тоҷик таъкид карда буд, ки таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии тоҷикон «дарси муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ» мебошад.

Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувори хориҷиро пеш гирифтааст, ки он ҳам дар чаҳорчӯбаи принсипҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ, дахолатнопазирӣ ва ҳамзистии сулҳомез асос ёфтааст.

Дар робита ба ин, ҳайати Тоҷикистон ташаббусҳои ҳамоиши мазкурро, ки маҳз ба тақвияти чандфарҳангӣ, гуфтугӯйи ­фарҳангҳо ва тамаддуни ҳамзистӣ равона шуда бошанд, пурра ҷонибдорӣ менамояд. Ин ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва мавқеи кишвари мо мувофиқат менамояд.