Бо Президенти мамлакат ифтихор дорем

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

IMGБа хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллати тоҷик соли сеюм аст, ки дар кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо шукӯҳу шаҳомати хосаи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар фаҳми мардуми сарбаланди тоҷик калимаи «Президент» маҳз ба шарофати хизматҳои беназири ин абармарди бузурги арсаи сиёсат на танҳо ҳамчун як мансаби олии давлатӣ, балки чун таҷассумгари амалишавии орзую омоли неки халқ, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа нақш бастааст.

Сарвари маҳбуби кишварамон замоне ба сари қудрат омаданд,ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги бародаркушӣ қарор дошт ва хавфи аз байн рафтанаш ҳамчун давлати тозаистиқлол ба миён омад. Хиёнаткорони Ватан бо маслиҳатҳои хоҷагони беруна вазъияти кишварро то ба дараҷае муташанниҷ сохтанд, ки шохаҳои давлатдорӣ фалаҷ гашт ва сохторҳои низомию қудратӣ аз иҷрои вазифа намебаромаданд. Хушбахтона, тақдири минбаъдаи Тоҷикистони ҷавонро Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал кард. Дар қатори дигар масъалаҳо дар рӯзномаи иҷлосия масъалаи аз ҳама муҳим — интихоби Сарвари нави Тоҷикистон, ки бар ивази ҷон мебоист зимоми давлатдориро новобаста аз вазъияти хеле ногувору мушкил ба уҳда гирад, меистод. Банда он вақт, ки раиси ҷавонони ноҳияи Ғончӣ (имрӯза Деваштич) будам, ҳамчун ҷанговари байналмилал бо гурӯҳе аз ҳамхизматон баҳри таъмини бехатарии иҷлосия дар Қасри арбоб қарор доштам. Мушоҳида кардан душвор набуд, ки аксари иштирокчиён на танҳо аз масъулияти роҳбариро ба уҳда гирифтан, балки дар вақтҳои танаффус аз ягон боб сухан гуфтан худдорӣ менамуданд, меҳаросиданд. Аммо фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шуданашон ба ҳайси Роҳбари давлат он қадар ҷасурона, боэътимод ва ҳадафмандона ҳарф заданд, ки дар дили мардум шуълаи умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуд.

Меҳру муҳаббати мардум нисбат ба Сарвари давлат аз ҳамон суханрониҳои нахустинашон оғоз гардид. Баъдан, бо заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонбозиҳояшон баҳри таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқ ин шахсияти нотакрори таърихӣ — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи ҳама ҷой гирифт.

Имрӯз Президенти маҳбуби кишвар барои ҳар фарди мамлакат ва миллионҳо тоҷиктаборони бурунмарзӣ азизу пазируфта аст.

Мисли Сарвари оқилу хирадманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни роҳбарони давлатҳои дунё нафареро пайдо кардан ба гумон аст, ки бо халқ ошкору самимӣ бошад. Президенти кишвар пайваста бо аҳолӣ вохӯриву мулоқот мегузаронанд, суҳбатҳои самимӣ баргузор менамоянд, сари ятимеро сила карда, дасти барҷомондаеро мегиранд ва барои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта сари вақт ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳанд.

Албатта, Пешвои миллат барои халқу кишвар хизматҳои арзандаи зиёд кардаанд ва ман мехоҳам ин ҷо танҳо аз панҷтои онҳо ёдовар шавам, ки нақши таърихии ин шахсияти бузурги сиёсии сатҳи ҷаҳониро собит месозанд:

Якум. Хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ризояти миллӣ.

Дар таърихи башарият моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ зиёд рух додаанд ва аксар аз ноуҳдабароии сарварони кишварҳо, ки гурӯҳи манфиатҷӯеро дастгирӣ мекарданд ё бозичаи дасти давлатҳои ғайр шуда буданд, ба мусибат дучор гаштаанд.

Роҳбари дурандеши давлати Тоҷикис­тон аз дақиқаҳои аввали фаъо­лияташон дар талоши хомӯш намудани оташи ҷанг, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикис­тони азизамон буданд. Ба ин хотир, тамоми қувваю ғайратро равона намуданд. Бо роҳбарони мухолифин, қумондонҳо дар дохилу хориҷи кишвар даҳҳо вохӯрӣ гузаронданд. Аз ҷони худ гузашта, ҳатто ба минтақаҳои хатарзо сафар намуданд. Барои мусоидат давлатҳои ҳамсояи дуру наздик ва ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳониро даъват ва ба хотири барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ дар кишвар гузаштҳо карданд. Дар натиҷа, сулҳу ваҳдати комил барпо шуд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро, ки дар дунё назир надорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор додааст.

Дуюм. Муайян намудани сох­ти давлатдории муосири тоҷик.

Маҳз бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби муосири давлатдории миллии тоҷик ташаккул ёфт.Тибқи Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда Тоҷикистон давлати соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки низоми қонунгузорӣ аз он маншаъ мегирад, дар қатори панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шуд. Бо ташаб­буси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузорӣ падидаи нав-таҳияи қонуни миллӣ ба миён омад. Ду қонуни миллӣ — «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар рушду нумӯи кишвар нақши муҳим бозиданд, мавриди омӯзиши бархе аз давлатҳо қарор гирифтаанд.

Сеюм. Эҳё ва таҳкими худого­ҳиву худшиносии миллӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам таъкид месозанд, ки танҳо фарди худогоҳу худшинос (донандаи таъриху фарҳанг) ва ватандӯсту маърифатнок метавонад дар рушду ободии Ватан ҳиссаи арзанда гузорад. Аз ин рӯ, дар баробари омӯхтани илму дониш Сарвари давлат арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллатро ҳамчун як роҳи худогоҳӣ ва худшиносӣ ҳамеша тарғиб мекунанд. Ба ин хотир, бо ташаббусу дастурҳои Пешвои миллат дар сатҳи ҷумҳурӣ қариб ҳар сол чорабиниҳо баргузор мегарданд, ки шоистаи дастгирист.

Аз ҷумла, то ин замон ба хотири огаҳӣ доштану ифтихор кардан аз таърихи бузурги давлатдориву фарҳанги қадимаи миллат «1100-солагии давлати Сомониён», «2500-солагии шаҳри Истаравшан», «2700-солагии шаҳри Кӯлоб», «3000-солагии шаҳри Ҳисор» ва ғайра ҷашн гирифта шуд.

Ҷиҳати бузургдошти хотираи мутафаккирон, шоирону нависандагони бузурги гузаш­таи тоҷик чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддин Балхӣ, Имоми Аъзам ва дигарон чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардиданд.

Расидан ба қадру манзалати бузургони гузашта аз хислатҳои наҷиби Роҳбари мамлакати мост. Аз наҷобати Пешвои миллат аст, ки имрӯз ҷаҳониён Исмоили Сомониро ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон эътироф карданд. Сазовор донистани фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мирзо Турсунзода ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон намунаи олии арҷгузории Президенти мамлакат ба хизматҳои шоистаи гузаштагон аст. Дар маҷмӯъ, ин ҳама арҷгузориву ташкили чорабиниҳо аз ҷониби Пешвои миллат моҳияти тарбиявӣ доранд. Хусусан, ҳисси ватандӯстию худшиносии ҷавононро боло мебаранд.

Чорум. Таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол тавассути Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақамҳои дақиқ оид ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат маълумоти муфассал медиҳанд. Рамзист, ки бисёр вақт нишондиҳандаҳоро бо солҳои 1997 ё 2000 муқоиса мекунанд, яъне, бори дигар таъкид намудан мехоҳанд, ки асоси ҳама гуна пешрафт тинҷию суботи ҷомеа аст. Магар аз 200 миллион сомонии соли 2000 ба зиёда аз 21 миллиард сомонӣ расонидани Буҷети давлатӣ ва аз як миллиарду сесад миллион сомонии 17 сол қабл ба зиёда аз 60 миллиард сомонӣ расонидани ММД гувоҳи рушди босуботи Тоҷикистон дар марҳилаи тав­сеаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ нест? Инчунин, марҳила ба марҳила амалишавии се ҳадафи стратегӣ аз дастовардҳои бузург ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон дарак медиҳад.

Панҷум. Муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ.

Дар ҳама давру замон яке аз вазифаҳои муҳими сарвар, роҳбари мамлакат муаррифии оқилонаи давлат дар хориҷи кишвар ба ҳисоб мерафт ва меравад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба таври бесобиқа муваффақ гаштаанд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори хоса касб кардааст ва бо зиёда аз 150 давлати дунё муносибатҳои дуҷонибаю бис­ёрҷонибаро ба роҳ мондаасту аъзои комилҳуқуқи аксар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани чор ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об аз дастовардҳои азими миллати тоҷик дар сиёсати беруна ба ҳисоб меравад.

Хулоса, халқи тоҷик тавонист, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас дар ҳама самт ноил гардад.

Ҳоло дар арафаи боз як воқеаи таърихии аср, ки он ҳам бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат ба вуқӯъ мепайвандад, қарор дорем. 16 ноябри соли равон дар Рӯзи Президент чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» расман ба кор медарояд. Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани ин иншооти ҳаётан муҳим саҳифаи наве ба таърихи Тоҷикистони навин илова мегардад.

Бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ифтихор аз Ватани ободу шукуфонамон мегӯем, ки бо Президенти мамлакат ифтихор мекунем.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии