Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Боздоди ҷинояткорон миёни Тоҷикистону Афғонистон минбаъд роҳандозӣ мегардад

№17-18 (3654-3655) 18.02.2017

DSC_0452Шонздаҳуми феврали соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки масъалаҳои зеринро дар бар гирифт:

1. Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод

2. Дар бораи Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуд­ҳои фаъолият»

4. Дар бораи  лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ».

РАИС:  — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи аввал сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Аламшо дода мешавад.

Аламшо АБДУРАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2016 таҳти № 111700 (29-4) аз тарафи вазири корҳои дохилӣ ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои ­эътибор пайдо кардани ин ҳуҷҷат мебошад. Созишномаи мазкур ба рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар самти истирдод равона шудааст.

Тибқи он тарафҳо истирдоди шахсонеро, ки дар қаламрави якдигар ҷиноят содир кардаанд ва нисбати онҳо тафтиши пешакӣ, тафтишоти судӣ рафта истодааст, амалӣ менамоянд.

Созишнома аз муқаддима ва 21 модда иборат мебошад. Дар муқаддима асосҳо барои баста шудани Созишнома, дар моддаи 1 муқаррароти умумӣ ва моддаи 2 ҷиноятҳое, ки истирдодро пешбинӣ менамоянд, маънидод карда шудаанд.

Дар моддаҳои 3 — 5 ҳолат ва тартиби рад намудани истирдод, робитаҳо миёни мақомоти салоҳиятдори тарафҳо, моддаҳои 6-8 тартиби пешниҳоди дархости истирдод ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он, инчунин тартиби дархости маълумоти иловагӣ дарҷ гардидааст. Моддаҳои 9-11 тартиби нигоҳдории объекти истирдод дар ҳабси муваққатӣ, муҳлати нигоҳдорӣ дар ҳабс, ҳуқуқи ҳимояи шахси дар ҳабси муваққатӣ қарордошта ва ғайраро пешбинӣ менамояд. Моддаҳои 12-14 қабули қарор нисбати дархости истирдоди як шахс барои ҳамон як ҳуқуқвайронкунӣ, ки аз якчанд давлат ворид гардидааст, шартҳои махсус нисбати шахси истирдодшуда, мусодираи моликияти бо роҳи ҷиноят бадастомадаро ба танзим меорад.

Дар моддаҳои 15-18 тартиби баргардонидани шахси истирдодшаванда, мавқуфгузорӣ ё асосноккунии баргардонии объекти истирдодшаванда, истирдоди шахс аз давлати сеюм тавассути қаламрави яке аз тарафҳо, масъалаи хароҷоти вобаста ба иҷрои Созишнома алоқамандбуда ва гузаронидани машваратҳои муштарак инъикос гардидаанд. Моддаҳои 19-21 бошад, меъёри дахлнопазирии ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо, ки иштирокчии дигар шартномаҳои байналмилалӣ мебошанд, инчунин, масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ба расмият даровардани он бо протокол, тартиби эътибори қонунӣ пайдо намудани Созишнома, муҳлати амал ва қатъ гардидани Созишномаи мазкурро мушаххас менамоянд.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба  ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайниддин дода мешавад.

 Зайниддин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Моҳияти Созишномаро рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти кофтукови ҷинояткорон ва истирдоди онҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави давлати мо ҷиноят содир намуда, дар давлатҳои хориҷи дуру наздик паноҳ мебаранд, ташкил медиҳад.

Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2016, № 805 Созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Масъалаи зикргардида 9 феврали соли 2017 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ гардид.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Доир ба масъалаи навбатӣ  сухан ба  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло дода мешавад.

 Хайрулло ИБОДЗОДА:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим аз тарафи 194 аъзои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Конфронси 21-уми ҷонибҳои Конвенсияи мазкур 12 декабри соли 2015 дар шаҳри Париж қабул шудааст.

Дар Конфронси мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин иброз дошта буданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти эътирофи ҳаҷми зиёди партовҳои гулхонаӣ дар раванди истифодаи манбаъҳои энергетикӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергияи барқароршавандаро омили муассири коҳиши партовҳо медонад. Ба ҳамин тартиб, кишвари мо ба истифодаи пурсамари манбаъҳои барқароршавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳамзамон, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад».

Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии обуҳавошиносӣ бо котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҳамкории фаъол дорад. Кишвари мо Гузориши сеюми миллии худро ба котиботи Конвенсия соли 2014 пешниҳод кард. Моҳи апрели соли 2016 дар қароргоҳи СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кишвар санади мазкурро имзо намуд.

Тибқи ин Созишнома кишварҳо уҳдадор мешаванд, ки нагузоранд баландшавии ҳарорати миёнаи сайёра аз 20С паст бошад ва бо дарназардошти хатарҳои мавҷуда кӯшиш намоянд, ки баландшавии ҳарорати ҳаворо дар сатҳи 1,50С нигоҳ доранд. Татбиқи Созишномаи Париж барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор хеле муҳим аст. Созишнома харитаи роҳ ва дигар тадбирҳоеро пешбинӣ менамояд, ки онҳо барои паст намудани партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд.

Созишномаи Париж хусусиятҳо ва мувозинати умумии ҳамаи кишварҳоро дар бар мегирад ва татбиқи он барои давраҳои дарозмуҳлат пешбинӣ шудааст. Он ҳамчун воситаи муҳим барои сафарбар намудани дастгириҳои молиявӣ ва техникӣ, инчунин афзудани имкониятҳои кишварҳои рушдкунанда, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳисоб меравад. Созишнома роҳ ёфтани кишварҳоро ба захираҳои молиявӣ, фондҳои бисёрҷанбаи рушд, бо дарназардошти афзалиятҳои миллӣ ва дурнамоҳои дарозмуҳлат, ба назар гирифтааст.

Тасдиқи Созишнома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест, зеро таҳвили дониш ва технология, дастгирии чораҳо оид ба пастгардонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодабарии бештар аз манбаъҳои барқароршавандаи барқ ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлимро дар пай дорад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои 10 конвенсия ва 4 протоколи байналмилалӣ мебошад ва ба ин рӯйхат ҳамроҳ шудани боз як Созишномаи муҳим барои баланд бардоштани обрӯю эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон зарур аст.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин ҳуҷҷати муҳимро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон дода мешавад.

 Олимҷон САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2017 барои хулоса ба Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҳадаф аз Созишномаи Париж иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар иҷрои талаботи Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, нигоҳ доштани афзоиши ҳарорати миёнаи глобалӣ дар доираи нишондодҳои муайяншуда ва маҳдуд намудани афзоиши ҳарорат то 1,5 дараҷа селсия мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо дар ҷаласаи васеи Комиссия, ки 7 январи соли 2017 баргузор гардид, Созишномаи мазкурро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлимро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Созишнома Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид. 

РАИС: — Ба муҳокимаи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шурӯъ менамоем.

Сухан доир ба ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон дода мешавад.

 Мансурҷон УМАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми августи соли 2016, № 473 ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» таҳия шудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2017, № 32 «Дар бораи Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ», субъект­ҳои бачопрасонандаи маҳсулоти чопии зикршуда инҳо мебошанд:

- Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»;

- Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон;

- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷ- Нашриёт».

Тибқи қарори зикршуда қоғазҳои қиматнок як навъи ҳуҷҷат ва варақаи баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ мебошанд. Мувофиқи моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои чопи онҳо, ҳамчун фаъолияти полиграфӣ, гирифтани иҷозатнома пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, масъалаи мазкур аз рӯи моҳият ба ваколати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аслан масъули соҳаи молиёт мебошад, ворид нест. Аз ҷониби дигар барои чопи қоғазҳои қиматнок пешбинӣ намудани муқаррарот оид ба гирифтани ҳам иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ҳам иҷозатномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифати ҳуқуқиро ба миён меорад. Ҳамчунин, метавонад боиси даст кашидани корхонаҳои табъу нашр аз чопи қоғазҳои қиматнок гардад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади аз байн бурдани мухолифати зикршуда, аз сархати 6-уми моддаи 17 -уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» хориҷ кардани калимаҳои «аз ҷумла қоғазҳои қиматнок» зарур дониста шудааст.

Лоиҳаи қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза дода мешавад.

 Фирӯза ШАРИФӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз таҳияи он аз байн бурдани иҷозати дукарата барои амалигардонии фаъолият оид ба чопи қоғазҳои қиматнок мебошад.

Ҳамчунин, ба лоиҳаи қонун, ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузорӣ вобаста ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, як сархати нав ворид гардидааст.

Дар қисми сеюми моддаи 7 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудааст.

8 феврали соли 2017 дар ҷаласаи кумитаи масъул, ки дар он намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд, лоиҳаи қонуни зикргардида ҷонибдорӣ ёфт.

Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи охири рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ориф Ҳакимов дода мешавад.

 Ориф ҲАКИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Абдуллозода ва О. Ҳакимов бо мақсади мутобиқ намудани талаботи он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мушаххас намудани истилоҳоти қонуни конститутсионӣ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016, № 720 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва 6 феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

 Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ