Бо ибтикори Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар шаҳри Истанбул Кумитаи 23-юми умумии Ҳамоиши Иттиҳоди парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар мавзӯи «Мубодила, виҷдон ва ислом, Фаластин, муҳоҷират ва Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп, котиби кулли созмон, Президенти Ҷумҳурии Туркия Редҷеп Эрдоган ва намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва раванди муҳоҷиратро дар замони пандемия баррасӣ намуданд.
Инчунин, масъалаҳои ташкилӣ низ баррасӣ гардида, ҳайати комиссияҳои созмон аз нав интихоб карда шуданд. Дар ин замина, вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода узви комиссияи иқтисодии кумитаи зикршуда интихоб гардид.
Мувофиқи рӯзнома, барномаҳои кории созмон барои солҳои 2022 — 2023 баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд.
Дар фарҷом аз ҷониби СҲИ «Изҳорот оид ба беҳтар намудани вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии Фаластину Афғонистон ва мусоидат ба беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии муҳоҷирони мусулмон» қабул шуд.
Ҳамчунин, бо ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои созмон вохӯрию суҳбатҳо доир гардида, дар бораи фаъолияти парлумони мамлакат, инчунин, вазъи кунунии кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон