Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№8 (3488) 19.01.2016

1 (1)19 январи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар робита ба рӯзномаи ҷаласа Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Вобаста ба масъалаи аввали рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», ки раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода онро тавзеҳ дод, Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Тибқи ин қарор лоиҳаи қонуни мазкур барои такмил додан пас гардонда шуд.

Ҷурахон Маҷидзода ҳамчунин масъалаи дигари рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳ дод ва оид ба пешниҳоди ин масъала ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода К.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баровардани Салимзода К.», «Оид ба ҷамъбасти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» ва «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба асарҳои беҳтарин дар мавзӯи экология» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Масъалаҳои навбатии рӯзномаро — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов ва «Дар хусуси пешниҳод «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсӣ»  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов тавзеҳ доданд.

Оид ба ин ду масъала низ қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳод ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум қабул гардиданд.

Бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои боқимонда – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3», «Дар бораи Созишномаи дастгирии лоиҳа байни шаҳри Хуҷанд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандводоканал» оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва рушд оид ба «Барномаи беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуданд.

Дар охир қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум» қабул гардиданд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ