Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

DSC_0474Бисту шашуми сентябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи ҷаласа қабул шуд.

Дар бораи масъалаҳои рӯзнома – «Оид ба лои­ҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир ва оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов гузориш доданд.

Бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мазкур барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Аъзои Шӯро масъалаҳои рӯзномаро — «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Чолпон — Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон», баррасӣ карда, қарорҳо қабул намуданд, ки мутобиқи онҳо масъалаҳои зикршуда барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Ҳамчунин, қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қабул гардиданд.

 Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ