Иҷлосияи ниҳоии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум баргузор гардид

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

DSC_2419Имрӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ­Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он 28 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Раҳмон ­Озода Эмомалӣ, Файзуллозода Зафар, Раҳимӣ Фарҳод, Амирзода Раҳмоналӣ ва Имомзода Муҳаммадюсуф пешниҳодгардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро, ки аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, ҷонибдорӣ карда, дар асоси пешниҳодоти Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдорро «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ», «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх, деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти Ҳалевард» ва «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул карданд.

Сипас, аъзои Маҷлиси миллӣ ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»-ро шунида, тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳотам, муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммадиброҳим ва Ваҳобов Манон, муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ ва дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор, муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод ва Рофизода Мирзоамон, муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром қабул карданд.

Инчунин, мутобиқи қарорҳои Маҷлиси миллӣ муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор, раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Раҳимӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф, Амирзода Раҳмоналӣ, Маҳтобшозода Арамбегим ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, Лоиқзода Қаноатшо, Саёҳат Дадаҷонова, Наргис Раҳмонова ва Раҳмон Шораҳматов барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар хотима, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба баргузории Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муфассал гузориш дод.

Тафсилоти бештарро доир ба рафти Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар шумораи баъдӣ мутолиа хоҳед кард.

«Садои мардум»