Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Иҷлосияи якум ба фаъолияти пурсамари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт

№89 (3390) 01.07.2015

DSC_1232Сиюми июни соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред!

Ҳоло дар толор 62 нафар вакилон ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи Қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст.

Чӣ гуна таклиф доред? Ба овоз монда шавад? Ба овоз мемонам.

Аз вакилоне, ки тарафдори тасдиқ намудани рӯзномаи ҷаласаанд, хоҳиш мекунам, мавқеи худро муайян намоянд.

Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд:

1. Дар бораи Созишнома  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка  оид ба андозбандии кормандони маҳаллии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка

2. Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум».

РАИС: — Акнун ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем.

Дар бораи Созишнома  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка  оид ба андозбандии кормандони маҳаллии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Парвиз дода мешавад.

Парвиз ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба андозбандии кормандони маҳаллии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка пешниҳод карда мешавад.

Мақсад аз бастани Созишномаи зикршуда ин маъмурикунонии андоз нисбати кормандони маҳаллии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон мебошад.

Дар робита ба ин лозим ба зикр аст, ки тибқи муқаррароти моддаҳои 158 ва 216-уми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ кор ва фаъолият менамоянд, вазифадоранд андозҳо аз даромад ва андози иҷтимоиро дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт намоянд.

Бинобар зарурати ба танзим даровардани масъалаи мазкур, дар асоси розигии тарафайн Созишномаи мазкур пас аз гуфтушунидҳо, ки тақрибан якуним сол бо ҷониби Штатҳои Муттаҳидаи Америка идома ёфтанд, мувофиқа гардида, 29 апрели соли 2015 ба имзо расонида шуд.

Бояд зикр намуд, ки Созишномаи мазкур механизми пардохти андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади кормандони маҳаллии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Мувофиқи муқаррароти Созишномаи мазкур ҷониби Америка уҳдадор аст, ки дар охири ҳар як семоҳаи соли андозӣ маблағи умумии андоз аз даромад ва андози иҷтимоии кормандони маҳаллии худро ба суратҳисоби бонкии дахлдори ҷониби Тоҷикистон пардохт намояд.

Бино ба маълумоти мавҷуда, дар Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон зиёда аз 100 корманди маҳаллӣ кор ва фаъолият менамоянд, ки маблағи умумии андози пардохтшаванда тақрибан 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Мутобиқи банди «и» моддаи 4-уми Созишнома, Созишномаи мазкур аз санаи бо роҳҳои дипломатӣ гирифтани охирин огоҳиномаи хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатиашон, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур мебошанд, эътибор пайдо мекунад.

Боиси ёдоварист, ки тақрибан ду ҳафта қабл аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин Созишнома дар шакли мубодилаи ёддоштҳо бо Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо тасдиқ гардида буд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон  дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои  Муттаҳидаи Америка оид ба андозбандии кормандони маҳаллии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2015 таҳти № 174 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур аз нигоҳи гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ баррасӣ гардид. Дар банди «и» моддаи 4-уми Созишнома зикр ёфтааст, ки он аз санаи бо роҳҳои дипломатӣ гирифтани охирин огоҳинома  дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилии давлатиашон, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

Дар Созишнома коргарони маҳаллӣ гуфта шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки аз ҷониби Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор киро гардидаанд ва уҳдадоранд, ки андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.

Мутобиқи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шартномаҳое, ки қоидаҳои дигареро нисбат ба онҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд, муқаррар карда, имтиёзи андозбандиро муайян месозанд, онҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ (ратификатсия) карда шаванд.

Тибқи муқаррароти банди «з» моддаи 2-юми Созишнома ҷониби ШМА ба иҷрои механизми пардохти андоз аз даромади кормандон ва андози иҷтимоии онҳо, пас аз навад рӯз аз санаи эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур, шурӯъ мекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 25 июни соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки барои тасдиқи ин Созишнома овоз диҳед.

РАИС: -Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба андозбандии кормандони маҳаллии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка»-ро ба овоз мемонам.

Хоҳиш мекунам, нисбати қабули лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Давоми ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор пеш мебарад.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор: — Вакилони муҳтарам, кори ҷаласаро идома медиҳем.

Ба таваҷҷуҳи шумо гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод карда мешавад.

Бо камоли эҳтиром сухан оид ба ин масъала ба Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дода мешавад. Марҳамат.

(Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» дар ҳамин шумора чоп шуд.)

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор: - Вакилони гиромӣ, гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба охир расид.

Ба мо лозим аст, ки оид ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем.

Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба маълумот гирифта шавад.

Нисбати қабули лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро  муайян намоед.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров кори ҷаласаро идома медиҳад.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Кори ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Далер МЕРГАНОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ