Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Имтиёз барои воридоти нақлиёти барқӣ

№32 (4452) 15.03.2022

DSC_9756 копияЧордаҳуми марти соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеъатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон». 

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори нақша — чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декаб­ри соли 2021 ироа гардиданд, таҳия шудааст.

Дар ин раванд, инчунин, супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир ба бозбинии баъзе аз ­масъалаҳое, ки танзими онҳо тавассути ворид намудани тағйирот ба Кодекси андоз бояд амалӣ гарданд, ба инобат гирифта шуданд.

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, истифодаи васеи манбаъҳои гуногуни тавлиди энергияи барқароршаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт ва татбиқи «иқтисоди сабз» дар лоиҳаи пешниҳодшуда муқаррарот дар бораи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо пешбинӣ шудааст.

Имтиёзи мазкур нисбат ба автомобилҳои ҳам бо сӯзишворӣ ва ҳам бо барқ ҳаракаткунанда, ба истилоҳ гибридӣ, татбиқ намегардад.

Дар баробари ин, бо мақсади рушди соҳаҳои пиллапарварӣ, шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону бонувон, дар лоиҳа муқаррарот дар бораи 10 сол аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ озод намудани қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати фароҳам овардани низоми мусоиди андоз­бандӣ нисбат ба коркардкунандагони ашёи хоми абрешимӣ, дар лоиҳа муқаррарот дар бораи 10 сол аз пардохти андозҳо, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии абрешимӣ машғуланд, пешбинӣ гардидааст.

Муқаррароти зикршуда бо мақсади зиёд намудани масоҳати тутзор, таъмин намудани пиллапарварон ва корхонаҳои саноатии кишвар бо ашёи зарурӣ, инчунин дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидорие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии абрешимӣ машғул мегарданд, маҷмӯан барои рушди соҳаи мазкур татбиқ мешаванд.

Ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани раванди баррасии масъалаҳои беэътимод эътироф гардидани қарзи андозӣ ва тартиби аз ҳисоб баровардани он, ба қисми 1 моддаи 131 Кодекси андоз, банди 6 илова карда шуда, дар он асоси ҳуқуқӣ барои беэътибор намудани қарзи андозии субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳолатҳое, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамояд, пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби андозсупорандагон суиистифода намудани муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои ­беэътимоди андозӣ, ба моддаи 123, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 131 Кодекси андоз пешбинишуда, маҳдудияти иловагӣ вобаста ба татбиқи муҳлати даъво муқаррар мегардад.

Инчунин, бо мақсади дастгирии давлатии субъектҳои аз лиҳози иқтисодӣ осебпазир, муқаррарот дар бораи ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ваколати ­беэътимод эътироф намудани қарзи андозии субъектҳои соҳибкорӣ ва муқаррар намудани тартиби он ворид карда шуд.

Дар лоиҳаи қонун масъалаҳои таҳрирӣ низ пешбинӣ шудаанд, ки бо мақсади боз ҳам мукаммал намудани Кодекси андоз равона шудаанд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба пешгирии аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозии ширкатҳо тавассути боз­бинии талаботи қонунгузорӣ ва дароз намудани муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэъти­моди андозӣ пешбинӣ шудааст, дар моддаи 123 қисми шаш илова мегардад.

Дар лоиҳа бо дарназардошти пешниҳод вобаста ба беэътимод эътироф намудани қарзҳои андозии андозсупоранда ва тартиби аз ҳисоб баровардани онҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, ба қисми якуми моддаи 131 банди шаш ва қисмҳои ду ва се илова мегарданд.

Инчунин, бо мақсади истифодаи самараноки «иқтисоди сабз», манбаъҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод мешаванд, ки ба қисми чоруми моддаи 251 сархати понздаҳ ва ба қисми якуми моддаи 286 сархати ҳаштум илова мегардад.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 397 илова гардидани қисмҳои шонздаҳ ва ҳабдаҳ аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ озод намудани қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд, барои зиёд намудани майдони тутзор, ки ба рушди соҳаҳои пиллапарварӣ, шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, пешбинӣ гардидаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд. 11 март дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки вакилони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Хуршед КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки «Бо мақсади ба тағйи­рёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд».

Ҷиҳати иҷрои супориши мазкур ва дар асоси банди 42 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикргардида, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 таҳти №АП-144 тасдиқ гардидааст, Хадамоти гумрук лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро таҳия намуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 345 Кодекси гумрук ворид намудани банди навро (банди 21) пешбинӣ менамояд, ки дар сурати дастгирӣ ёфтани он воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, яъне электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод мешавад.

Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, соли 2021 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32465 адад воситаи нақлиёт бо арзиши гумрукии 271,8 миллион доллари ИМА ворид гардидааст, ки аз ин шумора 64 адади он бо арзиши гумрукии 6256546 долларро воситаҳои нақлиёти барқӣ ташкил медиҳанд.

Пардохтҳои гумрукии ҳисобкардашуда барои воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ дар соли гузашта 15651987 сомониро ташкил дода, маблағи пардохтҳои гумрукии ба буҷети давлатӣ воридгардида 395 651 сомониро ташкил медиҳад. Нисбат ба 31 воситаи нақлиёти барқии соли 2021 ворид­гардида (7 адад автобуси барқӣ, 18 адад троллейбус ва 6 адад воситаи нақлиёти барқии сабук­рав) имтиёзҳои гумрукии тарифӣ ва андозӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуданд, ки боҷҳои гумрукӣ ва андоз­ҳои озодкардашуда 15 256 336 сомониро ташкил медиҳад.

Муқаррар намудани имтиёзи гумрукии тарифӣ ва андозӣ нисбат ба воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, ҳавасмандии воридоти бештари воситаҳои нақлиёти барқиро афзун намуда, ба ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ва истифодаи васеи манбаъҳои дигари энергияи барқароршаванда, ки дар кишвар тавлидкунандаи чунин навъи энергияи тоза, асосан, неругоҳҳои барқи обӣ ба ҳисоб мераванд, мусоидат хоҳад намуд.

Инчунин, зиёд гардидани воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда ва дар ин замина кам гардидани истифодаи воситаҳои нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз, яъне бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда, ба кам гардидани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, бахусус дуоксиди карбон (СО2), ки аз созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим бармеоянд, таъсири мусбат хоҳад расонид.

Илова бар ин, дар шароити болоравии арзиши сӯзишворӣ ва мушоҳида гардидани раванди зудтағйирёбии нархҳои сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бештар намудани истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар мамлакат муҳим арзёбӣ гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Бо мақсади истифодаи самараноки «иқтисоди сабз», истифодаи васеи манбаъҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ҷиҳати озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо, пардохти боҷҳои гумрукӣ лоиҳаи қонуни мазкур таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тағйиру иловаҳо вобаста ба воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо, ворид мешаванд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Он бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ