Иштироки ҳайати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБП ИДМ

№ 20.11.2023

16- уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Комиссияҳои доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид, ки дар кори он аъзои комиссияҳои мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг, сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаҳои ҷаласа комиссияҳои мазкур як қатор қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳои АБП ИДМ, инчунин дигар масъалаҳои дар рӯзнома ҷойдоштаро баррасӣ намуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.