Иштироки Пешвои миллат дар Ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати шашум

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

49669145767_9013162db1_oҲабдаҳуми марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба иҷлосия то интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вакилони  калонсол – Ғаффоров Абдуҳалим, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, раисӣ кард.

Раисикунанда: — Муҳтарам  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон!

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум!

Ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд вакили синну солаш калонтар кушояд ва онро то интихоб шудани Раиси Маҷлиси намояндагон пеш барад. Аз ин рӯ, ин масъулият ба уҳдаи ман ҳамчун вакили калонсолтар вогузор гардид.

Ҳозирини муҳтарам, соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум барпо гардид. Мувофиқи протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои овоздиҳӣ аз  4 миллиону 929 ҳазору 128 нафар интихобкунандаи ба рӯйхатҳо дохилшуда 4 миллиону 260 ҳазору 839 нафар иштирок карданд, ки ин 86,44 фоизи интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Дар бюллетенҳои интихоботӣ ҷамъ 172 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,50 фоиз (4 вакил), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 фоиз ( 4 вакил), Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 50,40 фоиз (12 вакил), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15 фоиз (1 вакил) ва Ҳизби демократии Тоҷикис­тон 5,10 фоиз (1 вакил) овози интихобкунандагонро соҳиб шуданд.

Ҳамин тавр, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардиданд.

Ҳоло бо иҷозати шумо рӯйхати вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳояшонро тасдиқ намудааст, мехонам. (Рӯйхат ба таври алоҳида нашр шуд).

т/р

Ному насаби вакил

Аз кадом ҳавза интихоб шудаанд

1

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин

Фирдавсӣ, №1

2

Меликова Парвина Иноятуллоевна

И. Сомонӣ, №2

3

Обидов Фозил Саидович

Шоҳмансур, №3

4

Шоҳмурод Рустам

Сино, №4

5

Холмаҳмадзода Солеҳа

Турсунзода, №5

6

Баротзода Файзулло

Шаҳринав, №6

7

Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна

Ҳисор, №7

8

Юсуфӣ Муҳаммадраҳим

Сомонӣ, №8

9

Усмонзода Хайриддин Усмон

Рӯдакӣ, №9

10

Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ

Ваҳдат, №10

11

Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович

Файзобод, №11

12

Зокирзода Маҳмадтоир Зоир

Рашт, №12

13

Назирӣ Гулбаҳор Назир

Хуҷанд,  №13

14

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ

Б. Ғафуров, №14

15

Ахмедов Мирзоанвар

Ӯрунхоҷаев, №15

16

Акрамзода Баҳодур Исмоил

Ҷ.Расулов, №16

17

Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин

Ашт, №17

18

Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад

Мастчоҳ, №18

19

Раҷабзода Равшан Муҳитдин

Конибодом, №19

20

Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин

Исфара, №20

21

Шодизода Парвиз Шодибой

Панҷакент, №21

22

Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб

Айнӣ, №22

23

Умаров Абдуҷаббор Қаҳорович

Истаравшан, №23

24

Исмоилзода Зуфар Муртазохон

Деваштич, №24

25

Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло

Спитамен, №25

26

Маҷидова Сарвиноз Комиловна

Бохтар, №26

27

Шодиён Муҳаммад Султонзода

Кӯшониён, №27

28

Ашурзода Гулбаҳор Сангилло

А. Ҷомӣ, №28

29

Азимзода Толибхон Ситамурод

Ёвон, №29

30

Холиқзода Ҳоким Ҳикматуло

Ҷ. Балхӣ, №30

31

Файзуллозода Зафар Хайрулло

Қубодиён, №31

32

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ

Вахш, №32

33

Шарофзода Гавҳар

Ҷайҳун, №33

34

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ

Фархор, №34

35

Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович

Ҳамадонӣ, №35

36

Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ

Данғара, №36

37

Ҳакимзода Шариф Саидович

Кӯлоб, №37

38

Абдуллоев Мироҷ Санонович

Муъминобод, №38

39

Латифзода Рустам Барот

Восеъ, №39

40

Қодири Қосим

Ванҷ, №40

41

Гиёзода Азиз Қодир

Хоруғ, №41

42

Фаттоҳзода Саидмурод Самад

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

43

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

44

Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

45

Содиқӣ Насиба Нуруллозода

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

46

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

47

Тағойзода Сумангул Саид

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

48

Қосимзода Идигул Тағо

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

49

Амонулло Хайрулло

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

50

Матробиён Саодатшо Қосимзода

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

51

Холиқзода Абдураҳим Ғафор

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

52

Табарӣ Абдулло Ҳабибулло

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

53

Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

54

Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

55

Холбойзода Неъматулло Холбой

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

56

Усмонов Мансур Саломович

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

57

Сафаров Зайнуддин

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

58

Қудратов Рустам Раҳматович

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

59

Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

60

Ашуров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

61

Даринграҳмон Ҷаҳонафрӯз Қурбонзода

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

62

Ғаффоров Абдуҳалим

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

63

Усмонзода Саидҷаъфар Усмон

ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

Вакилони муҳтарам!

Иҷозат диҳед, шуморо ба муносибати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб шудан табрик гуфта, ба шумо дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар фаъолияти пурсамар ва муваффақият таманно намоям.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум, мувофиқи рӯйхати бақайдгирии пешакӣ, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 63 нафар ҳозир шудаанд. Бо вуҷуди ин, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш мекунам, ки ба воситаи низоми электронии овоздиҳӣ аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 63 вакил ҳузур доранд.

Вакилони гиромӣ!

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

Раисикунанда: — Вакилони муҳтарам!

Дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доранд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Худоёрзода Бахтиёр иштирок дорад.

Вакилони арҷманд!

Дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд тартиби тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос гардидани ҷараёни Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян намоем. Барои пешниҳоди лоиҳаи қарор доир ба ин масъала сухан ба вакил аз ҳавзаи интихоботии Деваштич, №24 Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад. Марҳамат!

ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон:

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Вобаста ба тартиби тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос гардидани ҷараёни Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум пешниҳод менамоям:

1. Ҷараёни ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мухтасар пахш шавад.

2. Дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» маводи ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар шакли пурра чоп шавад.

3. Маводи ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мухтасар чоп шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби инъикоси ҷараёни Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: — Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намоем.

Ба баррасии шумо масъалаҳои зерин пешниҳод мешаванд:

1. Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дар бораи пешниҳод ва интихоб намудани муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Дар бораи интихоб намудани раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Дар бораи таъсис додани Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Дар бораи таъин намудани роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Доир ба рӯзномаи ҷаласа чӣ пешниҳод доред?

Рӯзномаро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Масъалаи якуми рӯзнома — «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Ба мо лозим аст, ки ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, №13 Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат!

Назирӣ Гулбаҳор Назир ҳайати комиссияро ба тариқи зайл пешниҳод кард:

 1. Ҳакимзода Шариф Саидович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №37

2. Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин — вакил аз ҳавзаи интихоботии Исфара, №20

3. Гиёзода Азиз Қодир — вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41

4. Қудратов Рустам Раҳматович – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (аз ҲИИТ)

5. Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (аз ҲАТ).

Раисикунанда: — Оид ба шумора ва ҳайати пешниҳодгардида андешаи дигар ҳаст? Нест.

Хоҳиш мекунам, ки вобаста ба интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеатонро муайян созед. Марҳамат!

Қарор қабул шуд.

Ҳоло барои гузаронидани ҷаласаи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ҷиҳати интихоб намудани Раис ва котиби Комиссия  5 дақиқа танаффус эълон мешавад. Бинобар ин, аз ҳайати комиссия хоҳишмандам ба кор шурӯъ намоянд.

Раисикунанда: — Сухан ба вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович дода мешавад. Марҳамат!

(Номбурда протоколи рақами 1 Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро қироат менамояд).

Раисикунанда: — Пешниҳод аст, ки Протоколи рақами 1 Комиссияи баҳисобгирии овозҳо тасдиқ карда шавад.

Хоҳишмандам, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Раисикунанда:- Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии масъалаи дуюми рӯзнома — «Дар бораи интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем.

Хотиррасон менамоям, ки мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон интихоб мешавад.

Мувофиқи банди 23 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадҳоро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон пешбарӣ мекунанд.

Ҳоло сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Восеъ, №39 Латифзода Рустам Барот дода мешавад. Марҳамат!

Латифзода Рустам Барот:

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи банди 23 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мансаби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12 Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро пешниҳод менамоям.

(Муаррифиномаи номзадро ба самъи вакилони мерасонад).

Раисикунанда: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид дода мешавад.

Сумангул Тағойзода:

-  Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон! Муҳтарам вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ман номзад ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12, Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро ҳамчун як шахси босалоҳияту кордон, ғамхору содиқ ва серғайрату ташаббускор мешиносам. Дар давраи фаъолияти роҳбариашон дар вазифаҳои гуногун бо сифатҳои мусбати шахсӣ ва кориаш ошно шудаем. Дар замони муовини Сарвазири мамлакат буданашон, ки сарпарастии соҳаи аграрӣ ва дигар масъулиятҳои муҳими соҳавиро бар дӯш доштанд, бо саъю кӯшиш ва ташаббусҳои созанда нақши худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии ҷумҳурӣ гузоштанд.

Ҳамчун узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо садоқати хоса ба Ватан дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар пайваста талош меварзиданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти таҷрибаи кофии ҳаётӣ ва сифатҳои волои роҳбарии Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, ман, шахсан, ба номзадии ӯ ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй медиҳам ва бо эҳтиром аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории ин номзади арзанда овоз диҳед.

Бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки даъвати нави парлумон таҳти роҳбарии Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва раисии Зокирзода Маҳмадтоир Зоир санадҳои ҳуқуқие қабул мекунад, ки барои тавсеа ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон ва баландтар бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифамон мусоидат хоҳанд кард.

Раисикунанда: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Сино, №4 Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

ШОҲМУРОД Рустам:

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

 Пешниҳоди вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Восеъ, 39 муҳтарам Латифзода Рустам Баротро оид ба пешбарии вакил Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ба мансаби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамоям.

Солҳои зиёд бо муҳтарам Зокирзода ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамар доштам. Саҳми муҳтарам Зокирзода дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои гуногуни соҳавӣ хеле назаррас аст. Кордонӣ, ташаббус­корӣ, серталабӣ ва хирадмандӣ хислатҳои хоси ӯ мебошанд.

Беш аз даҳ сол якҷоя дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатӣ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекис­тон ва Қирғизистон ва аломатгузории хати сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой фаъолият доштем.

Дар музокирот муҳтарам Зокирзода маърифати баланди сиёсӣ, мавқеи устувори ватандӯстӣ, дониши мукаммали ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, сатҳи баланди касбӣ ва кордонӣ нишон доданд, ки барои рафъи мушкилот шароити мусоид фароҳам овард.

Дар баъзе ҳолатҳо маҳз иродаи қавӣ ва мавқеи устувору тағйирнопазири Маҳмадтоир Зокирзода имкон дод, ки масъалаҳои гуногунҷанбаи алоқаманд ба гузариши хати сарҳади байни давлатҳо, пеш аз ҳама, бо дарназардошти манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл гарданд.

Солҳои охир мо дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо фаъолият доштем. Муҳтарам Зокирзода садоқати худро собит намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад.

Сифатҳои корӣ ва роҳбарии ӯро ба назар гирифта, бо боварии том гуфта метавонам, ки номзадии муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ба мансаби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда мебошад.

Аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир раъй диҳанд.

Раисикунанда: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич дода мешавад.

Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич:

- Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон! Вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Оид ба пешниҳоди Латифзода Рустам Барот — вакил аз ҳавзаи интихоботии Восеъ, №39, дар бораи пешбарӣ намудани номзадии Зокирзода Маҳмадтоир Зоир — вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12, ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданиям, ки дар доираи чорабиниҳои илмию амалӣ бо Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҳамкориҳои босамарро ба роҳ монда будем. Аз ҷумла, Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҳангоми дар вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардан оид ба амалисозии Консепсияи рушди инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№114, 3 марти соли 2004) ба гурӯҳи олимону мутахассисон маслиҳатҳои илман асоснок медоданд. Инчунин, ташаббусҳои он кас дар самти ислоҳот ва идораи замин назаррас мебошад. Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро ҳамчун шахси принсипнок, дорои иродаи қавӣ ва инсони хоксору ватандӯст мешиносам. Дигар паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро пеш аз ман гуфта гузаштанд, ҳоҷат ба такрор нест.

Бинобар ин, ман аз ҳамсафону ҳамҳизбиён даъват ба амал меорам, ки номзадии Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дастгирӣ намоянд.

Раисикунанда:Вакилони муҳтарам!

Мутобиқи банди 25 Дастури Маҷлиси намояндагон номзади пешниҳодгардида ба рӯйхати овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагон дохил карда мешавад.

Номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12 Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон ҳаматарафа баррасӣ шуд. Аз ин рӯ, масъа­лаи ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани номзадии вакил Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Раисикунанда: — Вакилони муҳтарам!

Барои гузарондани овоздиҳии пинҳонӣ ва муайян кардани натиҷаи он мо Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб кардем.

Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ 20 дақиқа танаффус ­эълон карда мешавад.

(Баъди танаффус иҷлосия идома меёбад).

Раисикунанда: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред!

Дар толор 63 вакил ҳузур доранд.

Ҳоло сухан ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба интихоби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович дода мешавад.

Ҳакимзода Ш. С. протоколи №2 Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти вакилон мерасонад.

Раисикунанда: — Ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо савол ҳаст? Нест. Пешниҳод аст, ки Протоколи №2 Комиссияи мазкур дар бораи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ карда шавад.

Протоколро ба овоз мемонам.

Қабул гардид.

Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12 Зокирзода Маҳмадтоир Зоир Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Раисикунанда: — Вакилони муҳтарам!

Иҷозат диҳед, аз номи худам ва аз номи шумо муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро барои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан табрику муборакбод намуда, дар иҷрои ин вазифаи пурмасъул барор орзу намоям.

Ҳоло сухан барои пеш бурдани ҷаласа ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дода мешавад. Марҳамат!

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир:

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Вакилони муҳтарам!

Ҳозирини гиромӣ!  

Пеш аз ҳама, барои боварӣ ва сазовор донистанатон ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии худро ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ баён менамоям.

Бо қаноатмандӣ қайд менамоям, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон фаъолияти меҳнатиамро ба ҳайси мутахассис дар мактаби бузурги сиёсӣ таҳти тарбияи бевоситаи Шумо, Пешвои муаззами миллат, оғоз намудам ва бо дастгириву роҳнамоии Шумо то ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудам.

Хушбахтона, соли равон бо пешниҳоди бевоситаи Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирии интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12 вакил ва ҳоло бошад, бо дастгирии вакилон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидам.

Дар иртибот ба боварии Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷриба ва сабақҳои омӯхтаи худро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои панҷ соли оянда, ки асоси он аз нақшаву вазифаҳои стратегӣ, иқдомҳои нави созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст, равона месозам.

Зимнан, ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолият қарор дода, таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва илм, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг ва сиёсати хориҷиро бо роҳи такмили қонунгузории соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор медиҳам.

Барои идома додани ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла, вобаста ба талаботи замон такмил додани заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии хоҷагидорӣ, таъмини содирот, вусъатбахшии ҷараёни гуногунсамтии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо, кӯшиш ба харҷ медиҳам.

Тамоми неру ва малакаро ҷиҳати пурра татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии муайянгардида, яъне, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин ба саноатикунонии босуръати кишвар, равона менамоям.

Ба ин хотир, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром ва дар доираи татбиқи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяннамудаи давлат ва ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамоям.

Масъалаи дигаре, ки яке аз самтҳои асосии фаъолият қарор медиҳам, такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар ин самт арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, дар такмили қонунгузории миллӣ бо дарназардош­ти манфиатҳои ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош меварзам.

Дар ин раванд баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, ҳадафрас ва самарабахш гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро яке аз самтҳои асосии фаъолият қарор медиҳам.

Бояд иброз намоям, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон дастурамал ва роҳнамо буда, татбиқи онҳо ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ такони амиқ мебахшад. Аз ин рӯ, мо — вакилонро зарур аст, ки дар фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар афзалиятҳои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаву стратегияҳои қабулгардидаро самти муҳимтарини фаъолият қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми неру ва малакаро равона созем.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси Ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум», аз ҷумла, рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи стратегии давлат, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, роҳнамоӣ мекунад.

Дар фарҷом бори дигар барои боварӣ ва дастгириҳои пайвастаатон ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва вакилони муҳтарам, миннатдории хешро баён менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Барои таваҷҷуҳ зоҳир намуданатон сипосгузорам.

Сипас, Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард ва иҷлосия таҳти раёсати ӯ идома ёфт.

Раис: — Вакилони гиромӣ!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Дар толор 63 вакил ҳузур доранд.

Ҷаласаро давом медиҳем.

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод мешавад:

1. Фаттоҳзода Саидмурод Самад — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (раиси Котибот)

2. Сафаров Зайнуддин — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (узв).

3. Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ – вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 (узв).

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо лозим аст, ки барои баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои комиссияро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод мешавад:

 1. Ҳакимзода Шариф Саидович — вакил аз ҳавзаи  интихоботии Кӯлоб, №37 (раиси Комиссия)

Аъзо:

2. Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин — вакил аз ҳавзаи интихоботии Исфара, №20

3. Гиёзода Азиз Қодир — вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41

4. Қудратов Рустам Раҳматович – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

5. Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Вакилони муҳтарам!

Мутобиқи банди 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо лозим аст, ки барои назорати низоми электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон гурӯҳи назоратӣ ташкил намоем.

Ба баррасии шумо номзадии вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

1. Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ , №35 (роҳбари гурӯҳ)

2. Маҷидова Сарвиноз Комиловна – вакил аз ҳавзаи интихоботии Бохтар, №26 (узв)

3. Холмаҳмадзода Солеҳа — вакил аз ҳавзаи интихоботии Турсунзода, №5 (узв).

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурӯҳи назоратии низоми электронии овоздиҳӣ ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Аз вакилоне, ки ба ҳайати Котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назорати низоми электронии овоздиҳӣ интихоб шуданд, хоҳиш мекунам ба иҷрои вазифа шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Масъалаи навбатӣ — «Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда мешавад.

Пешниҳод мекунам, ки муовини якум ва ду муовини Раис дар сохтори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар карда шавад.

Пешниҳодоти дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро баъд аз қироат ба овоз мемонам:

Қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як воҳид муовини якум ва ду воҳид муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

 

Хоҳишмандам мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Масъалаи навбатӣ - «Дар бораи пешниҳод ва интихоби муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Ба баррасии шумо барои интихоб ба мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳод мешавад.

Вобаста ба пешниҳод ягон андешаи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба самъи шумо мерасонам:

 Қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

 

Лоиҳаи қарор ба овоз монда мешавад.

Хоҳишмандам мавқеи худро муайян созед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам, ҳоло сухан ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад. Марҳамат!

(Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло баъд аз суханронӣ савганд ёд мекунад)

РАИС: — Вакилони арҷманд ба баррасии шумо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Мансурӣ Дилрабо Сайдулло пешниҳод мешавад.

Нисбат ба номзади пешниҳодшуда андеша ё савол ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи шумо мерасонам:

 Қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

 

Лоиҳаи қарорро ба овоз ­мемонам.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам, ҳоло сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дода мешавад. Марҳамат!

(Мансурӣ Дилрабо Сайдулло баъд аз суханронӣ савганд ёд мекунад).

РАИС: — Ба баррасии шумо масъа­лаи ба мансаби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани вакил аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ, №40 Қодири Қосим пешниҳод мешавад.

Нисбат ба номзади пешниҳодшуда андеша ва савол ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба самъи шумо мерасонам:

 Қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қодири Қосим муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

 

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам. Ҳоло сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад. Марҳамат!

(Қодири Қосим баъд аз суханронӣ савганд ёд мекунад).

РАИС: -Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳоло бо камоли эҳтиром сухан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад.

Марҳамат, Ҷаноби Олӣ!

Сарвари давлат зимни суханрониашон, аз ҷумла, бо итминон иброз доштанд, ки вакилон бо дар назар гирифтани манфиатҳои милливу давлатӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таҳкими ваҳдату субот ва пешрафту ободии мамлакат мегузоранд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва хотирнишон карданд, ки ба ҳайати парлумон 15 нафар зан, ки гурӯҳи калони онҳоро ҷавонони болаёқату ташаббускор ташкил медиҳанд ва 32 нафар олимони соҳаҳои гуногун интихоб шуданд, ки 4 нафари онҳо узви вобастаи Академияи илмҳо, 13 нафар доктори илм ва 15 нафар номзади илм мебошанд. Аз ин шумора як нафар узви вобастаи ­Академияи илмҳо, 5 нафар доктор ва 3 нафар номзадҳои илмро бонувон ташкил медиҳанд.

Ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустиву аграрӣ ва намояндагони касбу кори дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.

- Иштироки ин шумораи донишмандон дар фаъолияти Маҷлиси намояндагон бояд ба рушди қонунгузории кишвар такони нав бахшад ва ба пешрафти ҳаёти ҷомеа мусоидат намояд, — таъкид карданд Президенти мамлакат.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, парламент бояд бо қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад.

Изҳори итминон карда шуд, ки вакилон дар таҳия ва қабули қонунҳо, тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кӯшиш мекунанд ва дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлату ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

- Қонун бояд бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул гардида, ифодагари манфиату ниёзҳои мардум, таконбахши рушди ояндаи ҷомеа, ҳамчунин, амалишаванда ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад, — таъкид карданд Президенти мамлакат.

Бинобар ин, вакилонро зарур аст, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбии худ, бо дарназар­дошти манфиату мақсадҳои олии миллӣ, барои беҳдошти фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саъю талош варзида, тамоми донишу таҷриба ва маҳорати касбии худро ба ин самт равона созанд.

Вобаста ба буҳрони сиёсиву молиявӣ ва бархӯрдҳои шадиди геополитикӣ дар ҷаҳон, ки онҳо метавонанд ба ҳаёти мардуми Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонанд, Пешвои миллат изҳор намуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва паст кардани шиддати чунин хатарҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем ва ҳамеша бо мардум бошем. Дар ин раванд, вакилон бояд ҳамкориро бо интихобкунандагони худ дуруст ба роҳ монда, ба ҳалли масъалаҳояшон кумак расонанд ва кӯшиш намоянд, ки сазовори боварии онҳо бошанд.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи вакилонро ба фаъолияти Ҳукумат дар ҷодаи ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, иҷрои босифату саривақтии «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҷалб карда, бо эътимоди комил иброз дош­танд, ки вакилон вазифаҳои худро, ки дар Конститутсия ва қонунҳо муайян шудааст, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ мекунанд.

РАИС: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон!

Иҷозат диҳед, аз номи вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок, суханони самимӣ ва баҳои баландатон нисбат ба Маҷлиси намояндагон ва мо — вакилон ба шумо сидқан миннатдорӣ баён намоям.

Мо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва тавсияҳое, ки изҳор намудед, тамоми имконот ва саъю кӯшишҳоямонро ба харҷ хоҳем дод.

Мо бо камоли масъулият дарк менамоем, ки танҳо ягонагӣ, сулҳу субот, ваҳдати мардуми Тоҷикис­тон ва якмаромӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи шумо халқи моро ба сӯи рушду камолот ва ояндаи пурнишот роҳнамоӣ месозад.

Саъю талоши беназири шуморо баҳри ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум мо самимона ҷонибдорӣ менамоем ва боварии комил дорем, ки тамоми мақсаду мароми Шумо дар роҳи хидмат ба халқу Ватан бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон амалӣ хоҳанд гардид.

Мо ҳамеша ба ҳамкорӣ ва дас­туру роҳнамоиҳои Шумо умед мебандем ва итминони комил дорем, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаатон самимона саъю талош хоҳанд намуд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом, хушбахтиву хотири болида ва дар фаъолияти пурмасъулияту самараноки давлатдориатон комёбиҳои беназир таманно менамоем!

Вакилони муҳтарам, дар кори ҷаласа то соати 1400 танаффус эълон мешавад.

(Баъди танаффус ҷаласа идома ёфт).

РАИС: — Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Дар толор 63 вакил иштирок доранд.

Ҷаласаро давом медиҳем.

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ - «Дар бораи таъсис додани кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем.

Мутобиқи банди 57 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки кумита ва комиссияҳои зерини Маҷлиси намояндагон таъсис дода шаванд:

1. Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

2. Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният

3. Кумита оид ба иқтисод ва молия

4. Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин

5. Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот

6. Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

7. Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ

8. Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ

9. Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия

10. Комиссияи экологӣ

11. Комиссия оид ба одоби вакилон

12. Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи дигари рӯзнома - «Дар бораи интихоби раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии шумо пешниҳод мешавад.

Бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,

Шоҳмурод Рустам раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният,

Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия,

Латифзода Рустам Барот раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин,

Фаттоҳзода Саидмурод Самад раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот,

Содиқӣ Насиба Нуруллозода раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,

Тағойзода Сумангул Саид раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ,

Холиқзода Абдураҳим Ғафор раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ,

Амонулло Хайрулло раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия,

Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Комиссияи экологӣ,

Баротзода Файзулло раиси Комиссия оид ба одоби вакилон,

Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор интихоб шуданд.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Ба баррасии шумо масъалаи дигари рӯзнома - «Дар бораи таъсис додани Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.

Мутобиқи моддаҳои 39 ва 45 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод менамоям, ки Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҳайати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раис, муовинони Раис, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Зимни баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — «Дар бораи интихоби ҳайати кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лои­ҳаи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи шумора ва ҳайати кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон муқаррар гардида, ба овоз монда шуд.

Қарор қабул гардид.

Аъзои кумитаҳо қасам ёд карданд.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Масъалаи охирини рӯзнома — «Дар бораи таъин намудани роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» барои баррасӣ пешниҳод мешавад.

Ба мансаби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидовичро пешниҳод мекунам.

Таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро пешниҳод ­менамоям:

Қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Кабиров М. С.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Кабиров Мизроб Саидович роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Вакилони арҷманд!

Масъалаҳои рӯзнома баррасӣ гардиданд. Оид ба рафти гузаронидани ҷаласа эрод ё пешниҳод доред? Нест.

Ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ