Киҳо аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд?

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

27 марти соли равон бо ҳузури 2163 нафар вакили интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор ва аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ 25 нафар ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Тибқи иттилои расида, доир ба ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ ягон эроду пешниҳод нест ва оид ба натоиҷи интихобот, бақайдгирӣ ва тасдиқи аъзои интихобгардида Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

Ҳамин тариқ, тибқи тасдиқи сабти хаттии рафти ҷаласаҳои панҷ ҳавзаи бисёрмандатии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд:

Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1:

Файзов Ёдгор Доёрович, раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, раиси ноҳияи Дарвоз

Додхудо Фаррух Муборакшо, раиси ноҳияи Рӯшон

Мирзозода Мусо Одинамуҳамад, раиси ноҳияи Ишкошим

Қонунзода Шодигул Худобахш, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ»

Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Суғд №2:

Аҳмадзода Раҷаббой, раиси вилояти Суғд

Набизода Мадина Раҳмат, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»

Ҳакимзода Карима Исроиловна, сартабиби беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара

Мӯъминова Фирӯза Исроиловна, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Шукурзода Мурод Ҷура,  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

 

Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон №3:

Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон

Одилзода Дилбар Раҳим, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»

Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷ

Шоиддинов Файзиддин Таваккалович, директори Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев

Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе № 4:

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе

Раҳмон Дилшод Сафарбек, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Амонзода Илҳом Темур, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Одилбекова  Лола Қиёбековна, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 

Аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:

Хоҷазода Фарзона Ҳаким, муовини раиси шаҳри Ваҳдат

Акрамзода Рустам, раиси ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷумъазода Шарифҷон, раиси шаҳри Ҳисор

Вализода Абдуқодир Исуф, раиси шаҳри Турсунзода

Муқими Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд.

Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин мекунад.

Муҳлати ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ 5 сол буда, фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Тибқи қонунгузории кишвар, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро узви синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллӣ онро роҳбарӣ мекунад.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби аъзои он, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, бо тарафдории аксари шумораи умумии аъзо интихоб мегардад.

Узви Маҷлиси миллӣ ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содиршавии ҷиноят.

Узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ  ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Дар гузашта Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати дуюм 17 апрели соли 2000, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати сеюм 15 апрели соли 2005, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати чорум 23 апрели соли 2010 ва Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум 14 апрели соли 2015 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардидаанд.

«Садои мардум»