Китобхонаи Маҷлиси намояндагон дар шакли нав фаъол гардид

№150 (4246) 12.12.2020

IMG_8088Китобхонаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли равон дар шакли нав ба кор оғоз кард, бо мизу курсиҳо, ҷевону тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои ёрирасони замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар он, ки фонди умумиаш беш аз 17 ҳазор китоби гуногуни тахассусӣ, илмию адабӣ, луғату қомусҳои соҳавиро дар бар мегирад, барои китоб­ҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи махсус таъсис ёфтааст. Инчунин, дар китобхона нусхаҳои матбуоти даврӣ, аз ҷумла  «Ахбори Маҷлиси намояндагон», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Народная газета», «Халқ овози» ва нашрияҳои дигар гирдоварӣ шуда, барои хонандагон пешниҳод мегарданд.

Китобхонаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон соли 1992 таъсис ёфта, баъди ба фаъолият шурӯъ намудани парлумони касбӣ зарурати таъмин ва такмили он ба миён омада буд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон