Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Маҷлиси миллӣ қонунҳоро ҷонибдорӣ ва оид ба бозхонду интихоби судяҳо қарорҳо қабул кард

№59-60 (3539-3540) 07.05.2016

DSC_02925 майи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешакӣ аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 29 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқ намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Мар­ҳамат.

Дар толор 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оид ба  масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Бо инобати пешниҳоди шумо лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии              Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам ва хоҳиш менамоям, мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот бо раисии Самадов Зикрихудо Муҳаммадаюбхонович, аъзои котибот Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна ва Насимов Абдурасул Нишанкулович хоҳиш менамоем, ки ба ҷойи кории худ гузаранд.

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ на­моем.

Лоиҳаи қарор иборат аз 29 масъа­ла ба шумо пешниҳод гардидааст. Марҳамат, нисбати лоиҳаи рӯзнома чӣ гуна пешниҳоду таклифҳои иловагӣ ҳаст?

Бо инобати таклифи шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, мав­қеи хешро муайян созед.

Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

18. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Холова Б. М.»

19. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ бозхонд намудани Сатторзода А.»

20. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳакимзода С. А.»

21. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматуллозода Б. С.»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.»

23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Сатторзода А.»

24. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ интихоб  намудани Раҳмонзода С. С. »

25. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  намудани Раҳматуллозода Б. С.»

26. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  намудани Ҳакимзода С. А.»

27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.»

28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Р.»

29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон  «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология хориҷ намудани Аҳмадзода Р.».

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» оғоз мебахшем.

Барои иттилоот сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс­­ти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади қонуни мазкур ин аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.

Тибқи қонун, ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати ҳафтоду якум илова гардида, 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва ҳар сол таҷлил карда мешавад (бе рӯзи истироҳат).

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар тӯли мавҷудияти қариб чорякасраи Истиқлолияти давлатӣ мо дар қонунгузориамон ин гуна санаи муҳими таърихӣ надоштем.

Ман боварии комил дорам, ка ҳар як узви ҷомеа аз ин иқдом пазироӣ мекунад, зеро дар ҳар яке аз кишварҳои ҷаҳон сокинонаш баҳри боз ҳам тавсеа ва тақвият бахшидани заминаҳои ­ҳамраъйӣ, сулҳ, ваҳдат дар атрофи ин ё он идеяе ҷамъ меоянд, ки он ифодакунандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мо, тоҷикистониён, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дарк карда истодаем, ки шахсияти Президенти мамлакат баҳри муттаҳидӣ, ба ҳам омадани ҷомеа, пайваста амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи давлат ва ҷомеа нақши муҳим дорад. Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодана баҳри аҳли ҷомеа мақсаду мароми Сарвари давлатамон маҳсуб меёбад ва қабулу ҷонибдорӣ шудани қонуни мазкур аз ҳар як шаҳрванди ватандӯст тақозо менамояд, ки ба хотири имрӯзу фардои ин кишвар неруи созандагии хешро равона созад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия –Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 марти соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади қонуни мазкур аз пешгирӣ ва коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ дар соҳаи муомилот бо асъори хориҷӣ, мусодираи асъори ба таври ғайриқонунӣ истифодашуда  иборат мебошад.

Дар робита ба ин ба қисми 10 моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи ҷазоро дар намуди ҷарима муқаррар намудааст, пешбинӣ мекунад, ки дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст. Бо назардошти принсипи зикргардида, барои содир кардани ҷинояти дар моддаи 286 Кодекси мазкур (Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) пешбинишуда, дар  санксияҳои қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи номбурда, дар заминаи зиёд шудани муҳлати ҷазои маҳрумкунӣ аз озодӣ маблағи ҷазои ҷарима низ зиёд карда шудааст.

Инчунин,  бо қисми 1 моддаи 1 қонуни мазкур  ба банди а қисми 1 моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ баъд аз рақами «284,» рақами «286,» илова карда шудааст, ки ин хусусият ва характери мутобиқкунонӣ ва таҳрирӣ доштан ба моддаи зикргардидаро дорад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2016 қабул намудааст. Он бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлат, пешгирӣ намудани  соҳибкории ғайриқонунӣ, яъне шахсоне, ки тамоман ба соҳибкорӣ сарукор надоранд, бо истифодаи ному насаби шахсони дигар ба соҳибкории ғайриқонунӣ даст мезананд, таъмини рушди бемайлони соҳибкории қонунӣ ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ иборат мебошад.

Бо ҳамин мақсад ба диспозитсияи қисми 1 моддаи 259 пас аз калимаи «литсензиякунонӣ» калимаҳои «ва ё бо роҳи истифода бурдани шахсони дигар», ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд, илова шудааст.

Дар таҳрири нав ифода гардидани диспозитсияи қисми 1 моддаи 260 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соҳибкории сохта) низ ба тағйироти ба моддаи 259 Кодекси ҷиноятӣ (соҳибкории ғайриқонунӣ) воридгардида алоқаманд буда, он бо мақсади пешгирӣ намудани кирдорҳое, ки аз ҷониби шахсони дигар истифода бурдани шахси ҳуқуқии ғайриқонунӣ ташкилшуда иборат мебошад.

Тағйироте, ки ба эзоҳи моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (саркашӣ аз супоридани андоз) ворид карда шудааст, он ба андозсупорандагон сабукӣ бахшида, мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ ба қисми 1 моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон вақт ба миён меомад, ки агар маблағи насупоридаи андоз ва ё пардохтҳо ба миқдори  калон аз даҳ ҳазор ва ба миқдори махсусан калон бошад, аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мебуд, акнун тибқи тағйироти воридгардида ин нишондиҳандаҳо мутобиқан ба «бист ҳазор» ва «сию ҳафт ҳазору панҷсад» баробар карда шудааст, ки минбаъд то ба ин маблағ нарасидани қарзи андозӣ соҳибкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Сабукии дигаре, ки ба андоз­супорандагон тибқи тағйироти ба эзоҳ воридгардида пешбинӣ шудааст, ин дароз намудани муҳлати супоридани андозҳо ва ё пардохтҳо мебошад. Чунончӣ, мутобиқи меъёри қисми 2-юми эзоҳ пешбинишуда, шахсе, ки бори аввал кирдорҳои дар моддаҳои 292 ва 293 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо содир намуда, маблағи андоз ва ё пардохтҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳоро дар муҳлати сӣ рӯзи корӣ, пас аз қабули қарори дахлдори мақомоти андоз пурра супорида бошад ва ё ин кирдорҳоро так­роран содир намуда, маблағи андоз ва ё фоизу ҷаримаҳоро дар муҳлати даҳ рӯзи корӣ пас аз қабули қарори дахлдори мақоми андоз пурра супорида бошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешуд, акнун тибқи тағйироти воридгардида, ин муҳлатҳо мутаносибан ба 48 ва 24 рӯзи корӣ иваз карда шудаанд, ки ин имконияти бештари аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданро ба соҳибкорон фароҳам меовард.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамем, қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 30 марти соли 2016 қабул намудааст. Он бо мақсади такмили қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, пешгирии истифодаи шиканҷа ҳангоми ҷамъоварии далелҳо бо парвандаҳои ҷиноятӣ иборат мебошад.

Қонуни мазкур муҳлати дастгиркунии шахсро аз лаҳзаи воқеан дастгир шудани ӯ муқаррар мекунад. Аз ҷумла, иловаи сархати 8 ба моддаи 6 муайян мекунад, ки лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ — ин лаҳзаи воқеан маҳдуд кардани озодии шахс, аз ҷумла имконияти озодона ҳаракат намудан, маҷбуран дар ҷои муайян нигоҳ доштан, маҷбуран овардан ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё мамониат кардан ба анҷом додани дигар ҳаракатҳои шахс тибқи иродаи худ, новобаста ба расман додани ягон мақоми мурофиавӣ ба шахси дастгиршуда ё иҷро намудани дигар расмиёти муқарраршуда, мебошад.

Иловаи сархати якум ба қисми 4 моддаи 46 ба шахс имконият медиҳад, ки аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати ҳимоятгар истифода барад, бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як, аз ҷумла то оғози пурсиш мулоқот кунад.

Дар таҳрири нав ифода ёфтани моддаи 88 баҳодиҳии далелҳоро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қонун ва дарки ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, далелҳоро бо ақидаи ботинии худ, ки ба баррасии ҳаматарафа, пурра ва холисонаи ҳолатҳои парванда асос ёфтааст, аз нигоҳи мансубият доштан, қобили қабул будан, саҳеҳ будан ва кифоя будани маҷмӯи ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ баҳо диҳад.

Дар сурате далел ба парванда мансубиятдошта эътироф карда мешавад, агар аз маълумоти воқеие иборат бошад, ки онҳо хулосаҳо оид ба мавҷуд будани ҳолатҳои барои парвандаи мазкур аҳамиятдоштаро тасдиқ намоянд, рад кунанд ё таҳти шубҳа гузоранд.

Далел қобили қабул эътироф карда мешавад, агар он бо тартиби дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шуда бошад.

Далел саҳеҳ эътироф карда мешавад, агар дар натиҷаи тафтиш маълум шавад, ки он ба ҳақиқат мувофиқ аст.

Маҷмӯи далелҳо барои ҳалли парвандаи ҷиноятӣ кофӣ эътироф карда мешавад, агар далелҳои ба парванда мансубиятдошта ва қобили қабуле ҷамъоварӣ шуда бошанд, ки ҳақиқатро оид ба ҳама ва ҳар як ҳолате, ки бояд бо парвандаи мазкур исбот карда шаванд, бе баҳс муайян намоянд. Ягон далел барои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя қувваи пешакӣ муқарраршударо доро нест.

Тибқи қонуни мазкур ба Кодекс моддаи алоҳидаи 881 илова карда шудааст, ки аз 5 қисм иборат буда, мувофиқи он мафҳумҳои асосӣ оид ба баҳодиҳӣ ба далелҳо, номгӯй, асосҳо ва тартиби ғайри қобили қабул ҳисобидани далелҳо пешбинӣ карда мешаванд. Далелҳое, ки ғайри қобили қабул ҳисобида шудаанд, беэътибор дониста шуда, ба асоси айбдоркунӣ гузошта намешаванд ва барои исботи ягон ҳолати дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикрёфта истифода шуда наметавонанд.

Иловаи ҷумлаи сеюм ба қисми 3 моддаи 92 муқаррар мекунад, ки оғози муҳлати дастгиршавии шахс аз лаҳзаи воқеан дастгир кардани ӯ ҳисоб карда шавад.

Дар таҳрири нав ифода гардидани моддаи 94 тартиби дастгиркунии гумонбаршударо мушаххас гардонида, муқаррар менамояд, ки ҳангоми дастгир намудани шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда корманди ваколатдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё дигар шахси босалоҳият вазифадор аст, дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ ба шахс эълон намояд, ки барои содир намудани кадом ҷиноят ӯ дастгир карда шудааст, ҳуқуқи ӯро ба занги телефонӣ ё хабар додан ба адвокат ё хешованди наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондод фаҳмонида, огоҳ намояд, ки нишондодҳои ӯ метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ӯ истифода шаванд.

Баъд аз ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдори мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, муфаттиш дар давоми се соат протоколи дастгиркуниро тартиб дода, ба шахси дастгиршуда ҳамчун гумонбаршуда ҳуқуқҳои ӯ фаҳмонида шуда,  аз ҷониби шахси мансабдори онро тартибдода, дастгиршуда, ҳимоятгари ӯ (агар ӯ иштирок дошта бошад) ва дигар шахсон, ки дар амалиёти мазкур иштирок кардаанд, имзо карда мешавад ва баъд аз гузаронидани муоинаи тиббӣ, ки хулосаи он бо протоколи дастгиркунӣ ҳамроҳ карда мешавад, гумонбаршуда бетаъхир ба изолятори  нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда, дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шахс ба прокурори дахлдор ба таври хаттӣ хабар расонида мешавад.

Дар моддаи 388 қисми 3 дар таҳрири нав илова гардида, он  тартиби иҷрои санадҳои судиро мушаххас намуда, муқаррар мекунад, ки иқтибос аз ҳукми суд вобаста ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бояд ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ирсол карда шавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Дадаҷонова        пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади қонуни мазкур аз мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муқаррароти қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта иборат буда, бештари онҳо хусусияти муайянкунанда доранд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

Раис: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлуда Қаландарзода ва Бахтовар Сафаров пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур аз танзими муқаррар кардани меъёри тартиби аз ҷониби суд баррасӣ намудани ариза оид ба табобати ҳатмии беморони сил ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон  иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба  моддаҳои 215 ва  267 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатҳои нав бо мазмуни фавран иҷро кардани ҳалномаи суд дар бораи бистарикунонии бемори мубталои сил ва бо тартиби мурофиаи махсус баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ оид ба таъини ташхиси ҳатмӣ ва бистарикунонии маҷбурии шахсони гирифтори бемории сил илова ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, дар Кодекси номбурда тибқи қонуни мазкур боби нав — 35ворид карда шудааст, ки дар он роҳҳои пешниҳоди ариза,  таъини ташхиси ҳатмӣ ва бистарикунонии маҷбурии  шаҳрванди мубталои бемории сил ба танзим дароварда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2016 қабул намудааст.

Қабули қонуни мазкур аз пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми муомилот бо асъори хориҷӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ иборат мебошад.

Мувофиқи он, санксияи моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ)  дар таҳрири  нав ифода ёфта, андозаи ҷарима пурзӯр гардида, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима пешбинӣ гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия –Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»   аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади қонуни мазкур ин аз мукаммалсозӣ, пешгирии зиёдшавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар самти риояи қонунгузории андоз иборат мебошад.

Бо ҳамин мақсад мувофиқи қонуни мазкур дар санксияҳои  моддаҳои 472, 570, 572 , 594 ва 598 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар самти риояи қонунгузории андозро дар бар мегирад, тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти мутобиқкунонӣ ва таҳрирӣ дошта, тибқи санксияи моддаҳои зикргардида, барои субъектҳои вайронкунандаи чунин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пурзӯр гардида, аз санксияҳои қисми 1 моддаи  595, моддаи 596 калимаҳои «се» ва аз моддаи 597 бошад,  калимаҳои «се» ва «бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» хориҷ карда шудааст.

Ҳамчунин, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 602, 615, 616 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баррасии онҳо дар салоҳияти мақомоти андоз мебошад, ворид карда шудааст, ки тибқи он;

- матни моддаи 602 қисми 1-уми он ҳисобида шуда,  қисми 2 бошад, бо мазмуни зерин илова карда шудааст;

«2. Барои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додани маблағҳои пулӣ барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупоранда (агентҳои андоз) гузаронидани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба ҳамин маблағҳои пулӣ алоқаманд аст, -

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

Дар моддаи 615:

- дар номи модда пас аз калимаи «фискалӣ» калимаҳои «,терминалҳои электронӣ» илова карда шуда, қисми 4 бо мазмуни зерин илова гардидааст:

«4. Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо,-

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».

Дар моддаи 616 рақамҳои «38, 47, 74, 76 ва 77» мувофиқан ба рақамҳои «19, 27, 54, 56 ва 57» иваз карда шуда, ба диспозитсияи моддаи 618 пас аз калимаҳои «шахси ҳуқуқӣ» калимаҳои «ё ҳамчун иштирокчӣ ва ё саҳмдор ворид шудан ба шахси ҳуқуқӣ» илова карда шудааст, ки онҳо характери мутобиқкунонӣ ва таҳрирӣ ба қонуни амалкунандаро доранд.

Мутобиқи моддаи 2 қонуни мазкур, ҳамин қонун  пас аз интишори расмӣ ва қисми 31 моддаи 1-уми он бошад,  аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.       

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 апрели соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади қонуни мазкур аз фароҳам овардани имконият барои бо имтиҳонҳои тахассусӣ фаро гирифтани шахсоне, ки мақоми адвокатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» ба даст оварда буданд, иборат мебошад.

Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 45 қонуни амалкунанда адвокатҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ то рӯзи мавриди амал қарор додани қонуни мазкур фаъолият менамоянд ва ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12-уми қонуни мазкур ҷавобгӯй мебошанд, фаъолияташонро пас аз мавриди амал қарор додани қонуни мазкур дар давоми як сол идома медиҳанд. Агар онҳо мақсади идома додани фаъолияти адвокатиро дошта бошанд, бояд дар ин муҳлат мақоми адвокатро мутобиқи талаботи қонуни мазкур соҳиб шаванд.

Қонуни номбурда аз 27 марти соли 2015 мавриди амал қарор гирифта, муҳлати амали он 27 марти соли 2016 ба охир расидааст. Бо назардошти он ки дар муҳлати муқаррарнамуда на ҳамаи адвокатҳои фаъолияткардаистода бо имтиҳони тахассусӣ фаро гирифта шудаанд, дар қонун тамдид намудани муҳлати фаъолияти ин адвокатҳо аз як сол ба 15 моҳ пешбинӣ гардидааст. Ин меъёр имконият медиҳад, ки шахсони номбурда мақоми адвокатиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» соҳиб шаванд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» оғоз мебахшем. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  30 марти соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади таъмини рио­яи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон арзиши олӣ будани онро кафолат додааст ва инчунин ба меъёрҳои Паймонаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва гражданӣ (моддаҳои 7, 9,10) мувофиқ аст, равона гардида, он аз пурзӯр намудани масъалаҳои мубориза бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин пешгирӣ намудани онҳо, гузаронидани тафтиши таъхирнопазир  ва беғараз аз рӯи ҳодисаҳои айбдоркунӣ ба истифодаи шиканҷа, аз ҷумла ҳангоми дар ҳабс нигоҳ доштан иборат мебошад.

Вобаста ба ин, ворид намудани тағйирот ба қисми 2 моддаи 9  қонуни мазкур марбут ба зикр намудани муҳлати дақиқи нигоҳдорӣ (на зиёда аз се шабонарӯз, ба истиснои ҳолатҳое ки дар қисми 1 моддаи 13 қонуни мазкур пешбинӣ шудааст) дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ва илова намудани моддаи 9– Бақайдгирии ҷойгиркунӣ дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ба қонуни номбурда пешбинӣ шудааст.

Тибқи иловаҳои пешниҳодгардида, шахси масъул зимни ба изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае, ки дастгир карда шудааст, дар Китоби бақайдгирӣ бояд ба таври дақиқ таърихи рӯз ва вақти ҷойгир кардани дастгиршуда дар изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ, насаб, ном, номи падар, вазифа ва рутбаи кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ки дар анҷом додани амалиёти дастгиркунӣ иштирок кардаанд, асос барои ҷойгир кардан дар изолятори (тавқифгоҳи)  нигоҳдории муваққатӣ, ҷинояте, ки шахс барои содир кардани он гумонбар дониста ё айбдор карда шудааст ё ин ки маҳкум гардидааст, натиҷаи муоинаи тиббӣ, таърихи рӯз ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабардор намудани аъзои болиғи оила ё хешованди наздики дастгиршуда, арзу дархостҳои шифоҳии дастгиршуда ва дигар маълумоти муҳимро дарҷ намояд. Чунин талабот ба таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони дастгиршуда, назорати муҳлатҳои дар изолятор (тавқифгоҳ) нигоҳ доштани дастгиршудагон, баланд бардоштани масъулияти шахсони дахлдор ва сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои таҳқиромез мусоидат менамояд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш мондем қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Мар­ҳамат.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  30 марти соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз байн бурдани номутобиқатии ҷойдошта дар қонуни амалкунанда ва ба меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он мебошад.

Бо ҳамин мақсад, мувофиқи қонуни мазкур, дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 29 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он панҷ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла санади назорати фитосанитарии нақлиёт, сертификати фитосанитарӣ, сертификати мутобиқати маводи фармасевтии байторӣ, сертификати байтории №5 (a, b, c, d, e, f) ва шаҳодатномаи байтории шакли 1, 2, 3 аз ин қонун хориҷ карда мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона менамоем, ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» оғоз мебахшем.

Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2016 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ дида баромад.

Қонуни мазкур ба хотири аз ҷониби воситаҳои ахбори омма пурра риоя намудани мақсадҳои оинномавиашон, мукаммалсозии қонуни амалкунанда ва ба ин васила, аз байн бурдани номувофиқатии меъёрҳои ҳуқуқӣ қабул гардидааст.

Дар қонуни зикргашта моддаҳои 111 ва 112  илова карда шуданд, зеро иловаҳои пешниҳодшуда ба ин модда, ки «Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма» ном дорад, бештар мутааллиқанд.

Иловаҳои ба қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 111 воридгашта хусусияти таҳрирӣ дошта, ҳалли ҳама гуна қонунвайронкуниҳоро ба зиммаи суд вогузор менамоянд, тавре ки баҳсҳо дар соҳаҳои дигар низ аз тариқи судҳо ҳал мешаванд.

Инчунин, ба қонун, моддаи 112 илова карда шудааст, ки ба қатъ гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма вобастагӣ дорад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад, лозим мешуморад, ки он қобили дастгирист ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­ли Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Барои иттилоот сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода меша­вад. Мар­ҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 2016 қабул на­мудааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Мутобиқи қонуни мазкур ба моддаҳои 37, 38, 77 ва 79 қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Аз ҷумла ба моддаи 37 қонуни амалкунанда қисмҳои нави дуюм, сеюм ва чорум илова карда шудааст, ки онҳо мафҳумҳои нави «ҳавопаймои босарнишин», «ҳавопаймои бесарнишин» ва «системаи авиатсионии бесарнишин»-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, ба моддаи 38 қонуни амалкунанда қисми нави ҳафтум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд қоидаҳои муомилоти ҳавопаймоҳои бесарнишин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба қисми дуюми моддаи 77 қонуни амалкунанда банди нави 5 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд бехатарии авиатсия бо роҳи маҳдуд намудани имконияти дастрасии ғайриқонунии шахсони бегона ба системаи авиатсионии бесарнишин таъмин карда мешаванд.

Инчунин, ба моддаи 79 қисми нави чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд, ҳангоми ҳавопаймои бесарнишини ба фалокат дучор шудаистода ё ба фалокат гирифторшударо соҳибмулки он ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии онро ташкил ва амалӣ менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумитаи мо бо назар­дошти нишондодҳои зикргар­дида нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем.

Сухан ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов ва Ҳ. Одинаев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 2016 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади амалӣ намудани назорати доимии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, комёб шудан бо принсипҳои ошкоро ва шаффофият дар раванди буҷетӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои қонун ба талаботи санадҳои дигари амалкунандаи қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Аз ҷумла ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 1, 2, 8, 24, 25, 30, 37, 38 ва 55 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Инчунин, ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои нави сеюм, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум илова карда шудааст, ки он мафҳумҳои нави дар қонун истифодашаванда, аз ҷумла, низоми буҷетӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, буҷети фонди мақсадноки давлатӣ, даромади буҷет ва хароҷоти буҷетиро дар бар мегирад.

Ба моддаи 62 қисми нави 3 илова карда шудааст, ки мувофиқи тағйироти мазкур минбаъд Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти иҷрои Буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи семоҳа пешниҳод менамояд. Мақомоти молия дар маҳалҳо бо тартиби муқарраргардида оид ба ҷамъбасти иҷрои буҷети маҳаллӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисоботи семоҳа пешниҳод менамоянд.

Ҳамзамон, ба моддаи мазкур қисми нави 4 илова карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд дар ҳисоботи семоҳа оид ба иҷрои Буҷети давлатӣ, вобаста ба нишондиҳандаҳои воқеии даромад, грант ва қарзҳои давлатии дар давоми се моҳ гирифташуда, хароҷоти буҷети мутобиқи гурӯҳбандии вазифавӣ ва иқтисодии буҷетӣ аз нуқтаи назари ҳаҷми аниқшудаву тасдиқгардида ва нишондиҳандаҳои воқеӣ, инчунин оид ба ҳолати қарзи беруна ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ маълумот дарҷ мегардад.

Ғайр аз ин, ба моддаи мазкур қисми нави 5 илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд дар ҳисоботи семоҳа оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ, маълумот оид ба нишондиҳандаҳои воқеӣ аз рӯи даромадҳо ва хароҷоти буҷет аз нуқтаи назари ҳаҷми аниқшудаву тасдиқгардида ва нишондиҳандаҳои воқеӣ дарҷ карда мешаванд.

Ҳамчунин, ба дигар моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки он характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Қонун ба талаботи техникаи қо­нун­нависӣ ҷавобгӯ буда, ба меъёрҳои конс­титутсионӣ, қонунҳои амалкунан­да ва санадҳои ҳуқуқии байналмил­алие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо­ро эътироф ­кар­дааст, мутобиқ мебо­шад.

Кумитаи мо бо назар­дошти нишондодҳои зикр­гар­дида нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ хоҳиш­­­мандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия  — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 2016 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатура» қабул гардидааст.

Мутобиқи қонуни мазкур ба қисми 7 моддаи 4 қонуни амалкунанда бандҳои нави 13)  то 30)  илова карда шудааст.

Тибқи ин иловаҳо минбаъд барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва барҳамдиҳии бюрои адвокатӣ, коллегияи адвокатҳо, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва кабинети адвокатӣ, боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, боҷи давлатӣ барои ворид намудан ба феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, барои гирифтани иқтибосҳо аз феҳристи ягонаи адвокатӣ, феҳристи ягонаи ташкилоҳои адвокатӣ ва феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ муайян гардидааст.

Ғайр аз ин, тибқи қонуни мазкур сархати якуми банди 4 қисми 16 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав илова карда шудааст, ки мутобиқи он барои бақайдгирии давлатии барориши қоғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ – 0,15 фоиз аз ҳаҷми барориш, боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумитаи мо бо назар­дошти нишондодҳои зикр­гар­дида нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Раис: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 2016 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал намудан ва мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Мутобиқи қонуни мазкур ба моддаҳои 17 ва 18 қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла ба моддаи 17 қонуни амалкунанда сархати нави чилум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барои амалӣ намудани фаъолият оид ба воридот, содирот, фурӯш ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишин доштани иҷозатнома ҳатмист.

Бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» дар сархати якуми қисми 1 моддаи 18 қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки он доштани иҷозатномаи махсусро ҳангоми фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ, аз ҷумла бонкии исломиро дар бар мегирад.

Инчунин, ба қисм ва моддаи мазкур сархати нави сеюм илова карда шудааст, ки он доштани иҷозатномаи махсусро ҳангоми фаъолияти оператори низоми пардохт дар назар дорад.

Бо назардошти тағйиру иловаҳо ба қисми 1 моддаи 18 қонуни амалкунанда қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумитаи мо бо назар­дошти нишондодҳои зикргардида нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ хоҳиш­­­мандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 2016 қабул намудааст.

Бо мақсади мутобиқгардонӣ ба моддаи 8 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Инчунин, ба моддаи мазкур бандҳои нави 14) ва 15) илова карда шудааст, ки тибқи он маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи шахси ҳуқуқӣ дохил мегардад.

Ҳамчунин, ба матни  қисми 2 моддаи 8 ва ба қисми мазкур бандҳои нави 11, 12 ва 13 илова ворид карда шудааст.

Тибқи ин иловаҳо минбаъд, ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи соҳибкорони инфиродӣ маълумот оид ба хоҷагиҳои деҳқонӣ низ дохил мегардад.

Яъне, Феҳристи ягонаи давлатӣ минбаъд маълумотро дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ, дар бораи аъзо ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, маълумот дар бораи номи хоҷагии деҳқонӣ, ҳуҷҷатгузории оид ба истифодабарии замин ва дигар ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад.

Ғайр аз ин, ба қисми 2 моддаи 8 қонуни амалкунанда банди нави 10, ки дарбаргирии маълумот дар бораи тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасониро ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ шомил менамояд, илова карда шудааст.

Вобаста ба иловаи мазкур ба банди 3) қисми 1 моддаи 11 тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он дар ҳолати амалигардонии бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ, ки роҳбараш шаҳрванди хориҷӣ бошад, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, пешниҳод карда мешавад.

Ба моддаи 11 қисми нави 8 илова карда шудааст, ки он дар ҳолати бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқие, ки муассиси он дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, баромад менамояд, аризадиҳанда уҳдадор аст ба мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар бораи соҳибкорони асосии шахси ҳуқуқӣ дар ҳудуди минтақаи оффшорӣ маълумот пешниҳод намояд.

Аз ҷумла бо мақсади сода намудани амали бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии фаъолияти субъектҳои хоҷагидории аз фаъолият бозмонда ба қонуни амалкунанда моддаи нави 202 илова карда шудааст.

Ба моддаи 22 қонуни амалкунанда банди нави 5 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои амалӣ гардонидани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) фаъолияти соҳибкории шахси воқеӣ, пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин, ба қисми 1 моддаи 34 қонуни амалкунанда банди нави 8) илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолати ҳукми суд аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум гардидани шахс бақайдгирии давлатиро рад намоянд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумитаи мо нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло доир ба масъалаҳои навбатии рӯзнома: «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Холова Б. М.», «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ бозхонд намудани Сатторзода А.», «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Ҳакимзода С. А.», «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматуллозода Б. С.», «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.», «Дар бо­раи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Сатторзода А.», «Дар бо­раи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ интихоб намудани Раҳмонзода С. С.», «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  намудани Раҳматуллозода Б. С.», «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҳакимзода С. А.», «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Комилӣ Ф.». гузориш дод.

Доир ба ин масъалаҳо лоиҳаҳои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба овоз монда, ҷиҳати тасдиқи онҳо қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.

Масъалаҳои навбатии рӯзномаи  иҷлосия –  «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Р.» ва «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология хориҷ намудани Аҳмадзода Р.» таври алоҳида баррасӣ шуда, ҷиҳати тасдиқи онҳо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Сухан ба раиси котибот дода мешавад. Марҳамат, гуфтание доред? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуданд. Барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем.

Ҳоло мо дар арафаи яке аз идҳои бузург – Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорем. Рӯзи фаромӯшнашавандаи 9 май – Рӯзи Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рӯшноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст, фаро мерасад. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии шоистаро муҳайё намудаанд, бо некиву сипосгузорӣ ёд меорем.

Иди пирӯзӣ – Рӯзи Ғалаба муборак! Ба ҳама сулҳу салоҳ, тани сиҳат ва тамоми хушиҳои зиндагиро хоҳонем!

Бо ҳамин Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

 (Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,  Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ