Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№51 (3197) 20.05.2014

19 майи   соли  2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  ба тасдиқи  рӯзномаи ҷаласаи навбатии  Шӯро  қарор  қабул  кард.

Масъалаҳои зерини рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти  ратсионализаторӣ»,  «Дар  бораи  лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи  лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ,  «Дар бораи Созишномаи  грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба  Лоиҳаи  «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд» ва  «Оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Л. Саидмуродов, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А. Азимов, муовинони раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Н. Маҳмудов, оид ба иқтисод ва молия С. Гулов ба баррасии аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Мутобиқи қарорҳои қабулнамудаи  Шӯрои Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои номбурда барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои дигари рӯзнома — «Дар бораи  лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи  лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани  иловаҳо  ба  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи  лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва «Дар бораи  лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома -«Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»  қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ,   «Садои мардум»