Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№15 (3316) 02.02.2015

Дуюми феврали соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро  Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия А.Катаев, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А.Азимов, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот О.Салимзода  масъалаҳои зерини  рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ» ва «Дар хусуси Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид»-ро ба муҳокимаи  аъзои Шӯро пешниҳод карда, шарҳ доданд.

Аз рӯйи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳои  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои навбатии рӯзнома – «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе», «Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи қарзию Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи Мактуб-созишнома ба Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе» қабул гардида, масъалаҳои номбурда барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии  Иҷлосияи  шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва  «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»  қарорҳо қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».

Суратгир  Аҳлиддин ИСОЕВ