Вакил ва интихобкунанда

Диёрамонро боз ҳам ободу зебо мекунем

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

Аз 10 то 20 сентябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд.

 Зимни вохӯриҳое, ки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиллобек Бухориев, Муҳаббатшо Рӯзадоров дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ, Мирзодавлат Сабурзода, Саид­ҷаъфар Усмонзода дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Ҷобирзода Тоҳир Гул дар ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Бадриддин Садриддинов, Бибидавлат Авзалшоева ва Орифҷон Ҳакимов дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Қубодиён, Дӯстӣ, Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Латифзода Рустам Барот, Зайнудин Сафаров, Амрихудои Дамдор дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, Ҳилолбӣ Қурбонзода дар шаҳри Норак, ноҳияи Данғара, Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Ҳаёт Одинаев дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеи вилояти Хатлон, Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ, Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дар шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Анварҷон Қобилов, Мирзоанвар Ахмедов дар ноҳияҳои Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд, Шарофиддин Сироҷов, Мусаллама Қодирова ва Лутфия Раҷабова дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода бо интихобкунандагон гузарониданд, асосан дар атрофи дастовардҳои Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, бо овардани мисолҳои мушаххас оид ба пешрафту тараққиёти хоҷагии халқу мамлакат, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ободкориҳо, аз қабили сохтмонҳои бузург — бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои азим ва нақши бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳарф заданд. Масъалаҳои қабули қонунҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба қонунҳои амалкунанда, иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбатҳо буданд.

Хусусан, дар атрофи танзими расму оинҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони баркамол барои нигоҳубини волидайн, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, нашъаҷаллобӣ, нашъамандӣ, тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ миёни вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихобкунандагон муколамаи ҷиддӣ сурат гирифт.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев зимни шиносоӣ бо шароити хизмати сарбозону афсарони қисми марзбонии 01123 дар ноҳияи Ишкошим аз китобхонаи шахсии худ ба онҳо 200 нусха китоб туҳфа кард.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул бо истифода аз имконият дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар рӯзи қабули шаҳрвандонро ташкил намуд.

Дар навбати худ, интихобкунандагон дар ҷараёни вохӯриҳо аз сулҳу суботи комили кишвар шукрона намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани чунин шароит ва дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон ҷиҳати пешрафти шаҳру навоҳии минтақаҳои кишвар изҳори миннатдорӣ намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати ҷумҳуриро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, пайи боз ҳам ободу зеботар гардидани диёри биҳиштосо аз тамоми имконият истифода хоҳанд кард.

 «Садои мардум»