Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Илҳом Алиев

№122 (3268) 17.10.2014

DSC_0547

16 октябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Парлумони Тоҷикистон ба рушди ҳамкории бузургмиқёс бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, зеро мардумони моро робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва арзишҳову анъанаҳои умумии фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд.

- Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дӯстии кишварҳои мо боз ҳам қаринтар гашта, масоили мушаххаси ҳамкориҳои дуҷонибаро муваффақона ҳал ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории мутақобилаи судмандро роҳандозӣ намуданд.

Дар робита ба ин, мо самимона Гейдар Алиев — пешвои умумимиллии мардуми Озарбойҷонро ёдоварӣ мекунем, ки ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳандозии муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар замони муосир саҳми беандоза гузоштанд.

Анъанаҳои дӯстиву бародарӣ миёни мардумони кишварҳои мо мунтазам таҳким ёфта, шаклҳои тозаро касб мекунанд. Бешубҳа, омили калидӣ дар ин раванд муносибатҳои дӯстонаву боэътимод миёни сарони кишварҳо, сафарҳои дуҷониба ва вохӯриҳои доимӣ дар шаклҳои гуногун мебошанд, ки ба ҳамкориҳо таҳрик мебахшанд.

Мо манфиатдории Озарбойҷонро дар густариши муносибатҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон, қабл аз ҳама, дар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ эҳсос менамоем ва дар ин самт имконоти амалинашудаи зиёде мавҷуданд, -ибрози андеша намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Ба дӯши гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои кишварҳои мо ба сомон расонидани корҳои зиёде вогузор шудааст. Пеш аз ҳама, дар самти таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва мусоидат аз ҷониби парлумон ба талошҳои комиссияи байниҳукуматӣ, бахусус дар масъалаи иҷрои шартномаҳо ва созишномаҳои баимзорасида корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим аст.

Масъалаи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни халқҳоро низ метавон ба афзалиятҳои ҳамкории мутақобилаи байнипарлумонӣ мансуб донист. Робитаҳои адабӣ ва эҷодии мардумони мо решаҳои амиқи таърихӣ доранд.

Шукурҷон Зуҳуров ибрози умедворӣ намуд, ки эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ ҳам барои мардуми Озарбойҷону ҳам барои мардуми мо яксон гиромӣ аст. Асарҳои классикони адабиёти тоҷику форс Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигарон ба забони озарбойҷонӣ тарҷума шудаанд. Ба шаҳрвандони мо бошад, китобҳои адибони Озарбойҷон Самад Вургун, Сулаймон Рустам, Расул Рза, Анор Иброҳимов ва дигарон бо забони тоҷикӣ дастрасанд. Чанде қабл маҷмӯаи нави тарҷумаи асарҳои нависандагони Озарбойҷон бо унвони «Қалби Мадина» ба табъ расид.

Мавриди зикр аст, ки тоҷикистониёни зодаи Озарбойҷон дар рушди фарҳанги тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Инҳо муҳаррири нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзо Ҷалол, тарҷумони маъруф Раҳим Ҳошим, муҷассамасоз, муаллифи муҷассамаҳои Айнӣ ва Рӯдакӣ Фуад Абдураҳмонов мебошанд. На танҳо намояндагони фарҳанг, балки Ҳусейнов Мирзодовудро низ метавон хотиррасон намуд, ки солҳои 1930-1933 Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Мо огаҳем, ки дар Озарбойҷон ба арзишҳои башардӯстона таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Форуми байналмилалии чоруми гуманитарии чанде қабл дар Боку баргузоршуда гувоҳи барҷастаи ин гуфтаҳост. Мо аз эъломияи қабулшуда дар форум истиқбол намуда, бо он ҳамраъйем, ки рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ шарти муҳимтарини посухи пурсамари инсоният ба таҳдид ва ситезаҷӯиҳои муосир аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин афзуд, ки мо дастовардҳои Озарбойҷонро дар роҳи пешрафту шукуфоӣ ва ҳамчунин нуфузи дар ҳоли болоравӣ қарордоштаи онро дар арсаи байналмилалӣ бародарона ва бо хушнудии том истиқбол мекунем.

- Дастовардҳои Шумо дар ҷодаи барҳам задани камбизоатӣ ва бекорӣ, дар бахши истифодаи дуруст ва самараноки даромадҳо аз нафт ва табдили «тиллои сиёҳ» ба сармояи инсонӣ касро тасхир месозанд ва бешубҳа, намунаи омӯзиш барои дигар кишварҳо мебошанд, ки дорои чунин мушкилотанд.

Ташаббусҳои байналмилалии Озарбойҷон ҳамеша ба ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳони муосир, мусбат ҷараён гирифтани равандҳои ҷойдошта дар дунё ва рушди муносибатҳои судманди мутақобилаи байнидавлатӣ нигаронида шудаанд.

Ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва дар меҳнати созандаашон комёбиҳои нав таманно дорем, — иброз дошт дар фарҷоми суханрониаш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро барои пазиройии самимӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунад. Аз он шодам, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад ва ҷониби Озарбойҷон дар оянда низ талош мекунад, ки фазои аз ин ҳам беҳтари ҳуқуқиро барои густариши муносибати дуҷониба фароҳам биёрад.

- Ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Тоҷикистон дорои як идда муштаракоти фарҳангиву таърихӣ ва мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот метавонад заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳои дигар соҳаҳо ба вуҷуд орад,- гуфт Илҳом Алиев ва илова намуд, ки миллати озару тоҷик аз қадим байни якдигар дар бахшҳои гуногун ба таври инфиродиву дастаҷамъӣ ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона доштанд ва хушбахтона, ин шеваи муносибат то имрӯз ҳифз гардида, сол аз сол густариш ёфта истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кӯмак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд ва имзои ин санадҳо фазои ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.

- Ман ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорам ва дар оянда низ аз тамоми имконоти худ барои таҳкими ҳамкориҳои мамлакатам бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳам кард, — гуфт дар анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, итиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Убайдулло Давлатов, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфулло Саидмуродов иштирок намуданд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Суратгир А.ИСОЕВ