Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкимбахши марҳилаи нав дар низоми давлатдорӣ

№124 (3270) 24.10.2014

Азизмат ИмомовКонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони соҳибихтиёрро пойдор гардонида, сиёсати давлатдории миллиамонро ба низом даровард ва ҷумҳуриамонро ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдорӣ ворид гардонид. Он бори аввал халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморид, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кард, ба ҳар як шахс фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат дод.

Забони давлатии Тоҷикистонро забони тоҷикӣ ва забони муоширати байни миллатҳоро дар Тоҷикистон забони русӣ муайян намуда, ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ дод, ки аз забони модарии хеш озодона истифода баранд. Конститутсия аввалин бор халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, муқаррар кард, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатиро халқ бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтан фақат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи онҳо мансуб дониста шуд.

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашавандаву дахлнопазир эълон гардида, тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ манъ гардид. Кафолат дода шуд, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Ин муқаррароти конститутсионӣ ба ҳама гуна бенизомӣ, тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозии бадхоҳони миллати тоҷик, ки махсусан дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мехостанд Тоҷикистонро ба қисмҳо тақсим намоянд ва аз харитаи ҷаҳон бардоранд, хотима гузошт.

Инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ муайян намуда, муқаррар кард, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда шавад.

Бори нахуст, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амали ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ муайян намуд. Эътибори олии ҳуқуқии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои онро муқаррар ва муайян кард, ки қонун ва дигар санади ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Муқаррар шудааст, ки дар сурати номувофиқатии қонуни ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Дар тафовут аз конститутсияҳои шӯравӣ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаклҳои гуногуни моликиятро асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф намуда, эълон кард, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Мушаххас гардонида шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мегарданд, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.

Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 апрели соли 2014) зикр намуданд: «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.

Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд».

Мутобиқ ба Эъломияи ҳуқуқи умумии башар ҳуқуқи фитрии инсон — ҳуқуқ ба зиндагӣ кафолат дода шуд ва дар ин замина, бо барқарор карда шудани сулҳи комил дар мамлакат, бо ташаббуси инсондӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 таҳти № 45 «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» дар Тоҷикистон татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд.

Шиканҷа, ҷазо, муносибати ғайриинсонӣ, озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ нисбати инсон манъ карда, ба шахс кафолати ҳифзи судӣ дода шуд ва муқаррар гардид, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардани шахс манъ карда, ба ӯ аз лаҳзаи дастгир шудан ҳуқуқи истифода намудан аз ёрии ҳимоятгар дода шуд. Принсипи бегуноҳии шахс то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят риоя шуда, мусодираи пурраи молу мулки ӯ манъ мегардад.

Дар тафовут аз конститутсияҳои шӯравӣ, маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс кафолат дода, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ карда шуд. Ба шаҳрвандон ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озоди маҳали зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он дода шуда, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадор карда шуданд, ки ба шахс имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд,

Ба шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳидшавӣ бо роҳи иштироки онҳо дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ихтиёран ба онҳо дохил шудан ва аз онҳо хориҷ гардидан, ҳуқуқи ширкат варзидан дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоии осоишта дода, ҷалби маҷбурии дигарон ба ин тадбирҳо манъ карда шуд.

Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шуда, сензураи давлатӣ, таъқиб барои танқид, таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ гардид.

Бекор ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шахсро ба моликият манъ карда, дар як вақт Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуд, ки давлат молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пурраи молу мулк метавонад гирад.

Сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ба шахс ҳуқуқи ташкили оила, меҳнат, таҳсил, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, манзил, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, ёрии тиббии ройгон, озодона ширкат варзидан дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ, истифода кардан аз дастовардҳои онҳо ва дигар ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи бевоситаи ҳар яке аз онҳо кафолат дода шуд. Аз ин рӯ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии нодири дорои принсипҳои зарурии ҷомеаи адолатпарвар, демократӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф гардида, ҳангоми таҳияи конститутсияҳои дигар давлатҳо ҳамчун манбаи ҳуқуқӣ истифода мегардад, ки боиси ифтихору фахри ҳар яки мо мебошад.

Аҳамияти бебаҳову таърихӣ ва тақдирсози Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии муттаҳидкунанда ва созанда Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро нигоҳ дошт, тамоми сокинони мамлакатро дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд овард, Тоҷикистони азизро аз гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ раҳоӣ бахшид ва тоҷикистониёнро ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ равона намуд.

Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон