Вакил ба назди зарардидагон шитофт

№51 (3197) 20.05.2014

Бо сабаби рахна шудани соҳили канали «Қумсангир», ки шаби 13-уми майи соли равон рух дода буд, як қатор кӯчаҳои қисмати шимолии шаҳраки Дӯстии маркази маъмурии ноҳияи Қумсангир зери обу лой монда буданд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш нуҳ хонаи истиқоматӣ фурӯ рафта, 12-тои дигар вайрону валангор гардиданд. Дар маҷмӯъ беш аз 300 манзилу иншооти ёрирасони аҳолӣ, аз қабили ошхона, оғилхона, анборҳои молнигоҳдорӣ ва ғайра зарари ҷиддӣ дид. Ҳамчунин киштзори заминҳои наздиҳавлигии мардум низ зери обу лойқа монданд.

Бо мақсади  воқиф гардидан  аз вазъияти воқеии зиндагии мардум баъди ин воқеаи нохуш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Қумсангир №33 Мусаябшо Назриев оҷилан ба назди интихобкунандагони худ омада, бо онҳо суҳбату вохӯриҳо доир намуд. Вакили мардумӣ  ба ҳар як манзили  зарардида омада аз ҳолу аҳволи хонаводаашон  пурсон гардид.

Дар ин сафар ӯро муовини раиси ноҳияи Қумсангир Тағоймурод Ҳасанов, ки ҳамзамон раиси комиссияи бартарафсозии оқибатҳои ин ҳодисаи нохуш мебошад, ҳамроҳӣ  намуд. Зимни ин сафару дидорбинӣ Мусаябшо Назриев сокинони хонаҳои зарардидаро дилбардорӣ намуда, изҳор дошт, ки барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки дар сурати зарурат ба вазорату кумитаҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ дар ин бора дархост пешниҳод менамояд.

Аҳолии зарардида, аз он ки  вакили мардумӣ дар ин лаҳзаҳои барояшон душвору вазнин дар паҳлуяшон ҳасту барои ҳалли мушкилоти дар асари офати табиӣ пешомада кумак мерасонад, миннатдор гардиданд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»