Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд

№22 (4605) 08.02.2023

Ҳаштуми феврали соли 2023 ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Ҳайати парлумонии кишвар дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Дар хусуси таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд», ки 9 — 10-уми феврали соли ҷорӣ баргузор мегардад,  иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори нахустин Форуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон раисони парлумонҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон  ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон