«Маркази равзанаи ягона» ба тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад

№124 (4230) 06.10.2020

Чанде пеш гурӯҳе аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумазода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти он ошно шуданд.

DSC_9674Директори КВД «Маркази равзанаи ягона» Лочин Файзуллозода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳадафи ҷорӣ намудани принсипи «Равзанаи ягона» истисно кардани пешниҳоди такрории ҳуҷҷатҳо ва муроҷиати зиёди соҳибкорон ба мақомоти ваколатдор барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ мебошад.

- Принсипи асосии «Равзанаи ягона» аз он иборат аст, ки соҳибкор бояд дархости шаклаш ягонаро тавассути низом бо замимаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда равон намояд ва раванди баррасию пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар мақомоти шомилшаванда, бе иштироки ӯ сурат мегирад. Яъне, мақомоти давлатӣ набояд ба зиммаи дархосткунанда мушкилоти раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатиро вогузор намоянд, — гуфт Лочин Файзуллозода.

Дар аксар кишварҳо ширкатҳое, ки ба фаъолияти савдои хориҷӣ машғуланд, барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо шумораи зиёди маълумотро ба мақомоти давлатӣ пешниҳод менамоянд. Зиёд будани теъдоди ҳуҷҷатҳо ва хароҷоти вобаста ба қабули онҳо мутаносибан ба зиёд шудани  хароҷот ҳам  барои тиҷорат ва ҳам барои давлат оварда мерасонад. Барои тиҷорат аз даст додани даромад ва барои давлат коҳиш ёфтани суръати гардиши савдои хориҷӣ мебошад.

Низоми «Равзанаи ягона» ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имкон медиҳад, ки ҳуҷҷату маълумоти заруриро, ки барои иҷрои талаботи танзимкунанда ҷиҳати  пешбурди фаъолияти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ талаб карда мешавад, дар шакли  ягона, тавассути низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ пешниҳод намояд. Мақомоти давлатӣ дар асоси маълумоти гирифташуда, барои додан ё рад кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат қарор мебарорад.

Тавре Лочин Файзуллозода зикр намуд, дар ИМА, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ татбиқи низоми «Равзанаи ягона» ба он оварда расонд, ки вақти барои барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ сарфмешуда якчанд соатро ташкил диҳад. Аз рӯи арзёбии коршиносони хориҷӣ, татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» то ба 20 фоиз афзоиш ёфтани Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳо мусоидат кардааст.

DSC_9684Пас аз анҷоми бомуваффақияти давраи пилотӣ ва ба талаботи мақомоти шомилшаванда мутобиқ кардани модулҳои корӣ дар низом, инчунин ислоҳи беш аз 1100 камбудию норасоии техникии он, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июли соли 2020 таҳти № 410 аз 1 сентябри соли равон коргузории мақомоти шомилшуда дар самти барасмиятдарории  амалиёти содиротию воридотӣ, аз ҳомили коғазӣ ба электронӣ гузашта, низоми «Равзанаи ягона» бо фарогирии 11 мақомоти шомилшуда мавриди истифода қарор гирифт. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти алоқа, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии  санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми мазкур шомил шудаанд.

Ба қавли Лочин Файзуллозода, барои хизматрасонӣ ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба низоми «Равзанаи ягона» тавассути интернет дастрасӣ надоранд ва ё тарзи истифодабарии онро намедонанд, дар минтақаҳои кишвар бахшҳои КВД «Маркази равзанаи ягона» таъсис дода шудаанд.

- Ташкили низоми «Равзанаи ягона» раванди мураккабест, ки танҳо бо татбиқи низоми  иттилоотӣ – коммуникатсионии электронӣ маҳдуд намешавад. Аз ин рӯ, бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо (марҳилаи якум) ва Бонки осиёии рушд (марҳилаи дуюм) як қатор чорабиниҳо оид ба харид ва насби таъминоти барномавӣ, телекоммуникатсионӣ барои КВД «Маркази равзанаи ягона» ва мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ карда шудаанд, — гуфт ӯ.

Номбурда ёдовар шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои фаъолияти босамари низом, бо пешниҳоди Хадамоти гумрук ва Вазорати рушди  иқтисод ва савдо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул гардид. Дар он мафҳумҳои нав оид ба низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, дархост, қабул, эътироф, коркард, мубодила ва пешниҳоди электронии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат аз тарафи мақомоти дахлдор ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, инчунин ҳамгироии байниидоравии электронӣ ба воситаи низом илова гардидаанд.

Яке аз бартариҳои низоми «Равзанаи ягона» дар он аст, ки соҳибкор метавонад дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ  пешниҳод мешаванд, аз нуқтаи гуногуни ҷаҳон ирсол кунад. Барнома вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба таври автоматӣ ба мақомоти алоқаманд мефиристад.

Дар доираи низом ба ҳар як иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва намояндагони он (ширкати брокерӣ) утоқи электронӣ кушода шуда, дар бахши омори он шумора, таърих ва вақти ирсоли дархост ба мақомот, инчунин, санаи гирифтани иҷозат ва сертификатҳо дарҷ мегарданд. Дар утоқи электронӣ имконияти бойгонӣ кардани асноди ба низом воридшуда мавҷуд буда, дар ҳолати зарурӣ соҳибкор метавонад аз онҳо дубора истифода намояд. Роҳбари мақомот ва ширкати тиҷоратӣ метавонад ваколати ворид шудан ба низомро ба корманд дода, амалҳои ӯро дар реҷаи мустақим назорат кунад. Пас аз ҷорӣ шудани низом тартиби омодасозии ҳисобот низ сода гардида, барнома бо як амал омори дархостҳои воридшуда ва ҳуҷҷатҳои содиргашта, ҳаҷм ва намуди мол, мамлакате, ки ба он содирот ё аз он воридот мешавад, ҳисоб мекунад.

Ширкати барномасоз бо дастгирии КВД «Маркази равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук то 1 сентябри соли ҷорӣ 240 корманди ширкатҳои брокерӣ  ва 280 мутахассиси мақомоти шомилшавандаро дар макони корӣ оид ба истифодаи амалии низом ройгон  омӯзонида, нафарони иловагии манзуршавандаро низ фаро гирифта истодааст.

Директори КВД «Маркази равзанаи ягона» гуфт, ки то кунун дар низом беш аз 900 истифодабаранда ба қайд гирифта шуда, 1407 дархост ворид гардида, ба 583 адади онҳо иҷозат дода шудааст. Ӯ ба саволҳои аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ҷавоб дода, зикр намуд, ки механизми «Равзанаи ягона» дар асоси иродаи сиёсӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳавасмандии вазорату идораҳое, ки ба танзими ғайритарифии савдои хориҷӣ масъуланд, ташаккул ёфтааст.

Шарифҷон Ҷумазода ба фаъолияти КВД «Маркази равзанаи ягона» барору комёбӣ хоста, изҳори умед кард, ки ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» ба беҳтаршавии фазои соҳибкорӣ, шаффофияти расмиёти маъмурӣ ва тақвияти  иқтидори содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ