Масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар паёмҳои Пешвои миллат

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаву бунёдкор, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.

Пешвои миллат дар ҳама мулоқоту вохӯрӣ ва суҳбату суханронӣ, алалхусус, зимни ироаи паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ мешуморанд.

Роҳбари мамлакат дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҷавонон рӯ оварда, пайваста онҳоро барои ҳифзи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бархӯрдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, донистани техникаву технологияи навтарин, интихоби касбу малакаҳои муосир даъват намуда, чӣ будани неъмати Истиқлолияту Ваҳдати миллиро баён ва онҳоро аз зуҳуроти номатлубу зишти ҷаҳони муосир огоҳ менамоянд.

Чунончи, Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2009 иброз намуданд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

Воқеан, маҳз мутахассисони ҷавони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст метавонанд дар инкишофи ҳама бахши хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Қобили зикр аст, ки таҳти роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар мамлакат сиёсати ҷавоншавии кадрҳо роҳандозӣ мегардад. Ҳоло ҷавонони болаёқату кордон ва ташкилотчиву фаъол дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулу роҳбарикунандаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолияти пурсамар доранд ва дар пешрафту ободонии Ватани маҳбуб нақши муҳим мегузоранд.

Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2012 роҷеъ ба ҷавонон ва қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ибрози андеша намуда, чунин таъкид карданд: «Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад».

Мусалламан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд.

Ҳамчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудаанд, дар маҷмӯъ, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои наврасону ҷавонон ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳо, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ равона шудаанд.

Бо дарназардошти муҳимияти санадҳои зикршуда Сарвари давлат дар Паёмашон (22-юми декабри соли 2016) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.

Мавриди ёдоварист, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат ҳар сол 23-юми май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикис­тон» таҷлил мешавад ва бояд зикр кард, ки он маҳз дар заминаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 22-юми майи соли 1998 эълон гардид.

Пешвои миллат ҷавононро неруи созанда, иқтидори ­воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат медонанд ва бо дарназардошти саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаашон  дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми декабри соли 2016) пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Ин ба ҷавонони мамлакат неруи тоза бахшида, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии онҳоро бештар намуд.

Ҳамчунин, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 22-юми декабри соли 2017 дар робита ба соли 2017 эълон гардидани «Соли ҷавонон» таъкид сохтанд, ки «ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо «Соли ҷавонон» маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».

Тавре дар Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, танҳо кишварҳое ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд ва он ҷомеае рушди устуворро таъмин месозад, ки сис­темаи маъмулии ақидаро нисбат ба насли ҷавон, ба системаи муносибати байниҳамдигарии наслҳо ва моҳияти он барои рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ такмил медиҳад.

Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 26-уми декабри соли 2019 нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид карданд, ки «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.

Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад».

Дар он Паём ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбута вазифадор гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030»-ро дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав таҳия гардида, мутобиқи моддаи 58-и Конститутсияи мамлакат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки ҳоло дар баррасӣ қарор дорад. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021 «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 Роҳбари давлат ба масоили ҷавонон диққати махсус дода, зикр намуданд, ки «Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Ҳамчунин, дар Паёми зикршуда ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Илова бар ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад, ки мақсад дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоӣ мебошад.

Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷавононро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ беш аз пеш меҳнат карда, аз илму фарҳанг ва раванду таҳаввулоти ҷаҳони муосир бархӯрдор бошанд ва барои таҳкиму пойдории истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ, суботу оромии кишвар, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ҷидду ҷаҳд намоянд.

Ҳамин тариқ, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии ҷавонон, соҳибкасб гардидани онҳо, ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими насли ояндасози кишвар нигаронида шудаанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон