Мулоқот бо сокинони вилояти Суғд

№93 (4199) 04.08.2020

Бинои Парламент — копияТибқи нақшаи корӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли равон дар шаҳру ноҳияҳо бо сокинон вохӯриву мулоқот баргузор намуда истодаанд.

Аз ҷумла, 29 июл дар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо шаҳрвандон доир гардид.

Ӯ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба яке аз масъалаҳои умдаи рӯз — пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷалб намуда, изҳор дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали хурӯҷи он дар ҷаҳон «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ»-ро мавриди иҷро қарор дод. Яке аз тадбирҳои муҳим дар доираи нақшаи чорабиниҳои зикршуда дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои осебпазири аҳолӣ, инчунин, таъминоти иҷтимоии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мебошад. Дар ин робита Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба тасвиб расид, ки иқдоми саривақтӣ ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад…».

Дар ноҳияи Спитамен вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло бо кормандони соҳаи маориф, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ вохӯрӣ доир намуданд.

Мурод Шукурзода дар рафти мулоқот таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба омодагӣ ба фасли зимистон, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз ҷалб кард.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»