Мулоқотҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург

№163 (3464) 01.12.2015

IMG_261126 ноябри соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт — Петербург бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.

AP1J0247Зимни вохӯрии самимӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россияро нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки дар доираи муносибатҳои байнипарламентӣ ва ба ин восита ҳамкориҳои  иқтисодию иҷтимоӣ беш аз ҳарвақта тавсеа меёбанд.

Зикр гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, сафарбарнамоии сармояи мустақими Федератсияи Россия дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, тавассути татбиқи созишномаҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ, ки дар рафти сафари Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буданд, инчунин ҳуҷҷатҳои дар доираи Форуми чоруми байнипарламентии Тоҷикистон — Россия: «неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки моҳи октябри соли 2014 дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев барои дар сатҳи сифатан нав амалӣ намудани омӯзиши забони русӣ, махсусан барои теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ масъалагузорӣ намуд. Дар робита ба ин бо истифода аз дастовардҳои муосири илмию технологӣ ва инфрасохторӣ таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъкид гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳодисаи нангин — фавти кӯдаки панҷмоҳа Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербург ёдовар шуда, бо итминон зикр кард, ки қазияи фавти Умаралӣ Назаров дар доираи қонунгузории Федератсияи Россия ва арзишҳои волои умумибашарӣ ҳал мешавад.

Ҷонибҳо иброз намуданд, ки тамоми таҷриба ва имконоти парламентҳо дар фазои ҳуқуқӣ баҳри амалисозии иқдомҳои нек, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва рушду такомули ҳамкориҳо равона карда мешавад.

***

Мулокот бо Сардор Аёз Содик26 ноябри  соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербург бо Раиси Ассамблеяи миллии Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба сафари давлатии пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 11-13 ноябри соли равон ибрози андеша намуда, зикр кард, ки натиҷаҳои он инъикоскунандаи азми самимии ҳар ду ҷониб ба тақвияти беш аз пеши муносибатҳои гуногунҷабҳаи байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев  афзуд, ки барои тақвияти густариши муносибатҳои байнипарламентӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон саҳми босазо гузошта метавонанд.

-  Бо истифода аз таҷрибаи ҳамкориҳои тарафҳо дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Парламенти Тоҷикистон бо парламентҳои Осиё  ҳамкории судманд дорад. Вобаста ба ин, мо иқдоми ҷониби Покистонро дар мавриди созмон додани Парламенти Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев.

- Муносибатҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, махсусан татбиқи лоиҳаи CASA-1000, коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо  барои таъмини рушди устувори мамлакат заминаи воқеӣ мегузоранд. Мо ҳамеша омодагии хешро ҷиҳати пайвастани роҳҳои оҳану мошингард, шабакаҳои барқии байни ду кишвар чун василаи густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъкид менамоем. Дар  робита ба ин, ба имзо расидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон, пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чорҷонибаи Покистон — Хитой — Қирғизистон — Қазоқистон воситаи муассири густариши тиҷорат арзёбӣ мегардад, — афзуд ӯ.

Бо дахли масъалаҳои мубрами имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таъмини амнияти минтақа саҳми назаррас гузошта, ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдиду даъватҳои номатлуби замон, ба монанди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд.

Ҷаноби Сардор Аёз Содиқ дар навбати худ аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Покистон омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан судманд қадамҳои боз ҳам устувор ниҳад ва албатта, дар робита ба ин саҳми Парламенти Покистон сазовор хоҳад буд.

***

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев 26 ноябри соли 2015 дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербург бо Раиси Вулус Ҷиргаи Ассамблеяи  миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ ва Раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Алоуддин Боруҷерди вохӯрӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқотҳо ҷонибҳо доир ба робитаҳои парламентӣ ва саҳми парламентҳои кишварҳо дар густариши ҳамкориҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарӣ гуфтугӯ намудаанд.

Тарафҳо бо дахли масъалаҳои таъмини амният, пойдории сулҳу субот дар минтақа, зарурати муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди таҳдиду даъватҳои номатлуби замони муосир, ба монанди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

***

IMG_259927 ноябри соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин бо директори дафтари аврупоии Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Мисири Семён Фёдорович вохӯрӣ намуд.

Дар ибтидо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои таваҷҷуҳ ва ҳамкориашон бо мамлакати мо ва вазифаи наҷибонаашон ҷиҳати расонидани кумаки амалӣ ба табақаи нисбатан осебпазири аҳолӣ ва ташкили чорабиниҳои таблиғотӣ оид ба вокуниш ба ҳодисаҳои фавқулода изҳори сипос намуд.

Тавре зикр гардид, кишвари мо аз ҷумлаи кишварҳои кӯҳӣ мебошад, аз ин рӯ дар он ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ зиёд рух медиҳанд. Заминларза, обхезӣ, тармафароӣ, кӯчиши кӯҳпораҳо (ярч), боронҳои сахт, обшавии пиряхҳо аз ҷумлаи он ҳодисаҳои табиӣ мебошанд, ки ба хоҷагии халқи кишвар ҳамасола хисороти зиёд ворид менамоянд.

Ҳамин гуна ҳодисаҳо дар кишвари мо баҳори соли равон мушоҳида гардид. Вақте ки аз боронҳои пайдарпайи пуршиддат, обшавии пиряхҳо сатҳи обҳои дарёҳо баланд шуда, сел, кӯчиши кӯҳпораҳо ба вуҷуд омад ва хонаҳои истиқоматӣ, зироатҳои хоҷагиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зери об монданд, аз ҷониби Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба аҳолии минтақаҳои номбурда кумаки зиёд расид, ки аз хӯрокворӣ ва маводи ниёзи аввалия иборат буд.

Зикр карда шуд, ки Федератсияи байналмилалии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар сол то сол ҳамкориро бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон таҳким бахшида, ташаббусҳои программавиро, аз қабили омодагӣ ба ҳодисаҳои табиӣ ва андешидани тадбирҳо нисбати онҳо, кумак  дар сатҳи иттиҳодияҳо, тибби ҷамъиятӣ, лоиҳаҳои марбут ба об, санитарӣ ва ғайра ба роҳ мондааст.

Дар робита ба татбиқи чорабиниҳои вобаста ба муҳоҷират ва муҳоҷирони Тоҷикистон зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо кумаки донорҳо ва шарикон лоиҳаҳое, ки ба ҳимояи ҳуқуқ, беҳбудбахшии шароити муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар бахшҳои тиб ва суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳудуди хориҷ аз кишвар, пеш аз ҳама, дар Федератсияи Россия, марбутанд, амалӣ шуда истодаанд.