Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№131 (4551) 26.10.2022

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод, Сангвору Нуробод ва Рашт бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир карданд.

Вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Рашт дар толори Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм баргузор шуда, дар он доир ба аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат дар солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ суҳбат ороста шуд. Маҳмадтоир Зокирзода бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки сокинони ноҳияҳои водии Рашт сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ мекунанду барои амалӣ гардидани он содиқонаву самимона заҳмат мекашанд.

Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар мавзӯи омодагӣ ба зимис­тонгузаронӣ суҳбат дошт. Бино ба маълумоти масъулин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт муассисаҳо бо ангишт ва ҳезум пурра таъмин шуда, биноҳо аз таъмиру тармим баромаданд ва ба зимистон омода мебошанд.

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон 18 октябри соли ҷорӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода ва Зафари Аҳмадҷон бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Зимни мулоқот вакилон моҳияти Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, оид ба аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода бурдани замин, захираи маҳсулоти озуқаворӣ, иҷрои босифати даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша карданд.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Умарзода ва Абдуҳалим Ғаффорзода бо интихобкунандагон аз ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар толори Ҷамоати деҳоти «Шаҳристон»-и ноҳия баргузор шуд.

Дар он аз вазъи сиёсиву иқтисодии солҳои аввали соҳиб­истиқлолии мамлакат ёдовар шуда, вакилон зарурати баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷандро тавзеҳ доданд. Ҳамчунин, оид ба саҳми бузурги Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва таҳкими рӯзгори осудаи мардум, якпорчагии мамлакат ва рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон суҳбат ороста шуд.

Интихобкунандагон, аз ҷумла сокини деҳаи Шаҳристон Ҳасан Каримов, роҷеъ ба масъалаи додани мақоми шаҳрак ба деҳаи Шаҳристон, сокини деҳаи Фирдавсӣ Холбой Ризоқулов оид ба масъалаи марзӣ, Сафар Аллаёров бобати дастгирӣ намудани раисони кумитаи маҳаллаҳо ва Умар Ёқубзода — раиси Ҷамоати деҳоти «Шаҳристон» вобаста ба бунёди хатти оби полезӣ ва обанбор ба вакилони мардумӣ муроҷиат карданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, 41 бо сокинони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуда, дар бораи аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, саҳми калидии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи тақдирсоз, дастгириҳои бесобиқаи Давлату Ҳукумати мамлакат барои пешрафти маркази вилоят, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани он, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим маълумот дод.

Таъкид шуд, сокинонро мебояд, ки дастовардҳои ваҳдату соҳибистиқлолӣ ва ягонагию рушди Ватанро азизу гиромӣ дошта, дар марҳилаи рушди он ҳаммароми Давлату Ҳукумати кишвар бошанд.

Сипас, байни вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарияти шаҳру вилоят ва интихобкунандагон мулоқоти озоду самимӣ сурат гирифта, пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.

Зимни мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо интихобкунандагон дар маркази ноҳияи Турсунзода зикр шуд, ки барои таъмин намудани афзалиятҳои муайян­шуда ва рушди минбаъдаи кишварамон манбаъ ва иқтидорҳои бузурги захиравӣ мавҷуданд.

Бинобар ин, зарур аст, ки барои нигоҳдории суръати пешрафт, инчунин ба хотири таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар бояд омилҳои зарурӣ ба инобат гирифта шаванд.

Дар мулоқот доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, равнақ ёфтани бунёдкориҳо дар шаҳру навоҳӣ, истифодаи самараноки замин, захираи маҳсулоти ғизоӣ низ гуфтугӯ сурат гирифт.

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода бо интихобкунандагон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид.

Номбурда оид ба амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат, инчунин маърифати шаҳрдорӣ ибрози назар намуд.

Дар фарҷом интихобкунандагон ба саволҳояшон посух гирифта, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешниҳодҳо карданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Диловари МИРЗО, Сулаймон СУЛТОНОВ, Мухтори АБДУЛЛО, Машҳур ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»