Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

№42 (4782) 05.04.2024

Мулокоти Р. Эмомали бо Бердимухаммадов Г.Чоруми апрели соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи созанда миёни кишварҳои мо маҳсуб меёбад.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ бо кишвари бародари Туркманистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикис­тон мебошад.

Дар ин робита, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми шоистаи Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ қайд намуда, ба талошҳои доимии ӯ дар таъмини рушди бемайлон ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо нақши муассири парламентҳои ҳар ду кишварро дар таъмини инкишофи муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ зикр карда, изҳори боварӣ намуданд, ки робитаҳои судманди байнипарламентӣ ба равобити байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон мазмуну муҳтавои тоза зам намоянд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои нафту газ, кимиё, металлургия, нақлиёту коммуникатсия ва аграрӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар густаришу тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои тавсеаи муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ, иброз дош­танд.

Ҳамчунин, доир ба маҷмӯи масъалаҳои муб­рами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мушкилоти Афғонистон ва роҳандозии талошҳои муштарак дар самти мубориза ба муқобили таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

www.majmilli.tj