Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Рам Натҳ Ковинд

№123 (3917) 11.10.2018

DSC_53429 октябри соли 2018 ­Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, ки бо сафари давлатӣ ба ҷумҳурӣ ташриф овард, мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ зикр кард, ки робитаҳои гуногунҷанба миёни ҳар ду кишвар пайваста ба самтҳои ҷавобгӯйи манфиатҳо густариш ёфта истодаанд, зеро Тоҷикистону Ҳиндус­тон бо ҳам қаробати таърихию фарҳангӣ доранд. Мардуми ҳар ду кишвар тайи солҳо борҳо омезиш ёфта, ба бунёди тамаддунҳои нави пешрафта замина гузоштаанд.

- Ин муносибатҳо дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндус­тон ва мулоқотҳояшон бо роҳбарони олимақом заминаи хуберо барои ҳамкориҳои оянда фароҳам оварданд.

Натиҷаи муносибатҳои дӯс­тона аст, ки то кунун байни ҳукуматҳо ва вазорату идораи кишварҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ, созишномаҳо ва протоколҳо ба имзо расидаанд.

Дар заминаи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, дар ҳама соҳа, аз ҷумла сиёсӣ, тандурустӣ, маориф, ҳарбӣ, мубориза бар зидди терроризм, амният ва ғайра ҳамкории хуб ба роҳ мондаанд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҳиндустон барои кумакҳои Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар солҳои охир изҳори миннатдорӣ ва аз ҷараёни муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндус­тон ибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки байни парлумонҳои ҳар ду кишвар соли 2015 гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои парлумонӣ таъсис ёфта буданд.

- Имрӯз дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ ҳастем ва аз таҷрибаи бою ғании парлумони Ҳиндустон, ки собиқаи хеле тӯлонӣ дорад, метавонем самаранок истифода барем, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, ки 12 сол дар палатаи болоии кишвараш фаъолият намудааст, парлумонро ҷойи муқаддас номид ва афзуд:

- Он ҷоест, ки ба мардум хизмат кардан ва чӣ гуна ба мушкилоти онҳо расиданро меомӯзонад.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати зебояш метавонад макони сайёҳони зиёди ҷаҳон гардад. Аз ин рӯ, бояд барои беҳтар гардонидани ҳамкорӣ дар ин соҳа чораҳои зарурӣ андешид. Солҳои наздик ман мутмаинам, ки ҳамкориҳо аз пештара дида қавитар мегарданд, — гуфт Рам Натҳ Ковинд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон