Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» тасдиқ шуд

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

DSC_8588Бистуми марти соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон ­Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 52 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи нақшаи ҳудудии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим ­Ғоибназарӣ дода мешавад.

АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои дастгоҳи ҷамоати шаҳраку деҳот мебошад.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 марти соли 2019 барои хулоса ба Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда, ҳама расмиёти ҳуқуқиро гузашт ва аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пурра ҷонибдорӣ гардид. Сипас, дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 13 марти соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъала­ҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ карда шуд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат намекунад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло дода мешавад.

Ҳамидулло МАШРАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» дар робита ба Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» таҳия шудааст.

Қаблан бо тағйироти дахлдор ба моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», ки аз ҷониби шумо, вакилони муҳтарам, дастгирӣ гардида буд, имконияти аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ пешбинӣ шуда, аз 9 августи соли 2018 мавриди амал қарор гирифт.

Мутобиқи тағйироти мазкур, иловаи зарурӣ бояд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» низ ворид карда шавад. Бо дарназардошти ин, ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» мутаносибан банд­ҳои 21 ва 3 оид ба озод будани Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз пардохти боҷи давлатӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид карда мешаванд. Тибқи тағйироти пешниҳодшаванда, «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии узви Хазина озод карда мешаванд».

Зарурати ворид намудани иловаҳои мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо ҳолатҳои зерин асоснок карда мешавад:

1. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ субъекти ғайритиҷоратӣ буда, бо мақсади дастгирии пасандоздорон- шахсони воқеӣ фаъолият менамояд;

2. Хароҷоти Хазина аз рӯи пардохти маблағи боҷи давлатӣ, аз ҳисоби маблағи пардохтҳои тақвимии суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ сурат мегирад, ки ба мақсади асосии истифодаи чунин маблағҳо мувофиқ нест;

3. Аз пардохти боҷи давлатӣ озод будани Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳангоми муроҷиат намудан ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти Хазинаро барои бо истифодаи фишангҳои судии маҷбуркунӣ саривақт ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзӣ бештар менамояд.

4. Бинобар ин, бо дарназардош­ти ҳолатҳои зикршуда ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои алоҳида, озод будани Хазинаи суғуртаи пасандоз­ҳои шахсони воқеӣ аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат намудан ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ мебошад. Хоҳишмандем, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба қисми 3 моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», ки 3 августи соли 2018 қабул шудааст, таҳия гардидааст. Мувофиқи он, ба қисмҳои 1 ва 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бандҳои 21 ва 3 оид ба озод будани Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз пардохти боҷи давлатӣ аз рӯи даъвоҳо дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва баҳри такмили он ҳафт таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо сетоаш қабул гардид. Таклифҳои қабулгардида, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд. Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси банди 13 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, аз ҷониби Вазорати молия, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳия гардида, мақсад аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили кишвар истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ба ҳисоб меравад.

Он ба рушди соҳаи саноат, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, равона гардидааст. Дар робита ба ин, дар лоиҳаи қонун ҷиҳати пешгирии ғайримақсаднок истифодашавии имтиёзи мазкур муқаррарот оид ба муайян намудани тартиби татбиқи имтиёзи мазкур ва номгӯйи ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда пешбинӣ гардидааст, ки имкони самаранок истифодабарии имтиёзи мазкурро аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ ба миён меорад. Аз шумо –вакилони арҷманд хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба масъала ба Карим Гулмуродзода савол доред? Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, номгӯйи ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Оё ҳама субъекте, ки ба воридот машғуланд, ба ин гурӯҳ шомил мешаванд ё он интихобӣ аст? Соли гузашта, вақте ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»-ро баррасӣ ва қабул кардем, ба моддаи 15 қисми 1 илова гардид, ки тибқи он, аз ҷумла, воридоти гандум ва маҳсулоти ниҳоии он аз номгӯйи имтиёзҳои андозии ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда хориҷ карда шуд. Дар робита ба ин, ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғаллаи вилояти Суғд ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров нома ирсол карда буданд. Роҷеъ ба ин масъала чӣ гуфта метавонед?

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод: — Лоиҳаи қонуни мазкур ба субъект дахл надорад. Ин ҷо сухан дар бораи номгӯйи ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда меравад. Дар робита ба саволи шумо изҳор медорам, ки гандум дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад ва воридоту коркарди он ба рӯйхат шомил ва аз имтиёз бархӯрдор намебошад.

РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Муҳтарам Раис! Дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санади зарурӣ омода шуда истодааст ва тибқи он субъектони воридкунанда ва коркардкунанда ба рӯйхати имтиёзӣ, ки ба воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда машғуланд, шомил карда мешаванд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (аз 26 декабри соли 2018) баёнгардида, яъне «ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад», таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мақсад аз он рушди соҳаи саноат, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад.

Дар маҷмӯъ, ба дастгирии соҳибкорӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» пешбинигардида ва ба хотири баланд бардоштани зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамоянд, равона мегардад.

Бо дарназардошти ин, ба қисми 4 моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон(озодкунии молҳои алоҳида аз пардохти боҷҳои гумрукӣ), банди 20 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«20) воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯйи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон дастгирӣ намуданд. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018) «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бояд зикр намуд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст. Вобаста ба ин, бинобар мавҷуд набудани баъзе аз намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, пешниҳод намудани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ ба миён омадааст.

Дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда пешбинӣ шудааст, ки воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз супоридани боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) баёнгардида, яъне «ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикис­тон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад», таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он рушди соҳаи саноат, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Дар маҷмӯъ, ба дастгирии соҳибкорӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пешбинигардида, ба хотири баланд бардоштани зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамоянд, равона шудааст.

Бо дарназардошти ин, ба қисми 1 моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон(озод кардан аз андоз аз арзиши иловашуда) сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«- воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯйи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон дастгирӣ намуданд. Аз шумо-вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи нақшаи ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи он ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дода мешавад.

ЗАВҚИЗОДА Завқӣ Амин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи ҳудудии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва моддаи 4 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 98 маъқул дониста, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ҷиҳати иҷрои банди 32-юми Нақшаи чорабиниҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 29 декабри соли 2017) тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (аз 25 марти соли 2011, №700) таҳия гардидааст.

Мақсади асосии он таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар намуди саноатию инноватсионӣ барои таъмини шароити мусоид ба рушди иқтисодиёти шаҳр, аз ҷумла, бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар масоҳати 309,3 гектар замин дар назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ба муҳлати 25 сол таъсис дода мешавад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 97 «Дар бораи таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»» аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар муҳлати се моҳ оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар муҳлати се моҳ лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ва Вазорати молия хароҷоти нигоҳдории маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва рушди инфрасохтори онро ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва солҳои минбаъда пешбинӣ менамояд.

Санади номбурда дар Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон бо иштироки кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва такмил дода шуд. Аз шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям лоиҳаи қарори номбурдаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба масъала ба Завқӣ Завқизода кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки корхонаҳои нави саноатии бунёдшаванда бояд ба манбаъҳои ашёи хом наздик бошанд. Вобаста ба ин, дар иртибот ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» чӣ метавон гуфт?

ЗАВҚИЗОДА Завқӣ Амин:

- Ҳангоми таҳияи қарор дар бораи ташкили Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин ба шуғл фаро гирифтани қариб 4 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Кӯлоб, наздик будани шоҳроҳи байналмилалӣ, мавҷудияти неруи барқи арзон ва як қатор масъалаҳои дигар ба эътибор ва бунёди як силсила корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуд. Аз ҷумла, яке аз ширкатҳои калони хитойӣ бунёди маҷмааи бузурги нассоҷиро, ки аз коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ иборат аст, ба нақша гирифтааст. Дар он ҷо, ҳамчунин, корхонаҳои коркард, хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва ғайра бунёд мегарданд, ки дар онҳо ашёи хоми ватанӣ истифода мешаванд.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 марти соли 2019, № 98 «Дар бораи нақшаи ҳудудии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Қарор ва нақшаи мазкур мувофиқи талаботи моддаҳои 5, 6 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва моддаи 4 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Тавре аз мазмуни қарор бармеояд, ҳадафи асосии он дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъсис додани минтақаи озоди иқтисодӣ дар намуди саноатӣ-инноватсионӣ дар масоҳати умумии 309, 32 гектар ба муҳлати 25 сол пешбинӣ шудааст, ки роҳи мошингарди дохилии деҳаи Сариёзидашт, заминҳои Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб, заминҳои зери оби сойи Зирак, заминҳои захираҳои давлатии шаҳри Кӯлобро дар бар мегирад ва нақшааш ба қарор ҳамроҳ гардидааст.

Дар асоси ин ҳуҷҷатҳо барои омода кардани санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқию ташкилӣ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва барои омода сохтани Низомномаи он Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор шудаанд, ки дар муҳлати се моҳ бояд онҳоро омода сохта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки нақшабандии буҷети минтақаро барои солҳои минбаъда муайян созад.

Мувофиқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», минтақаи иқтисодии саноатӣ-инноватсионӣ маънии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дорад, ки дар он фаъолияти корхонаву ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу маҳсулот ва кашфиёти нави самараноки техникӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин рӯ, таъсис додан ва фаъолият намудани минтақа ба дастгирии молистеҳсолкунандагони хориҷӣ ва ватанӣ дар самти рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва савдо, ҳамчунин, амалӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсоли молу маҳсулот мусоидат хоҳад кард.

Масъаларо кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пурра ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагонро оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба вакил Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Қабл аз ҳама, миннатдории хеш ва сокинони шаҳри Кӯлобро, ки ман аз он ҷо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудаам, барои қабули чунин як қарори муҳим ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор менамоям.

Таҷлили ҷашни 2700-солагии Кӯлоб, 680 ва 700-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, эълон шудани шаҳри Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии Осиёи Марказӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб мусоидат намуд. Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб беш аз 200 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки аксари онҳоро сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд хоҳанд кард.

Иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» иқдоми басо накӯ мебошад ва барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ –рушди босуръати саноатикунонӣ мусоидат менамояд.

Мавҷудияти ашёи хоми маҳаллӣ, неруи арзони барқ, қувваи кории худкифо ва наздик будани фурудгоҳу роҳи автомобилгарди байналмилалӣ имкон фароҳам меоранд, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар миқёси ҷумҳурӣ ба яке аз коргоҳҳои муваффақ  табдил ёбад. Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям ба ҷонибдории қарори мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи ҳудудии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

 Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ