Некназар бояд буд

№60 (4166) 19.05.2020

ПарвизКоронавируси нави навъи COVID-19 барои мардуми олам мушкил ба бор оварда, сабаби гирифтории онҳо ба бемориҳои гуногун гардидааст. Ҳоло ҳама мехоҳанд оид ба ин навъи вирус маълумоти бештар ва аз омори беморону табобатёфтагон дар давлатҳои дигар хабар дошта бошанд. Ҳар рӯз воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, маълумоти гуногунро оид ба COVID-19 интишор менамоянд, ки на ҳамаи он дуруст ҳастанд. Бинобар ин, бархе аз шаҳрвандон ба таҳлука афтода, аз дорухонаҳо дорувории гуногунро ба хотири наҷот ёфтан аз вабо бо нархҳои гарон харидорӣ  намуда, баъзеи дигар маҳсулоти зиёди хӯрокаро захира кардаанд.

Аввали моҳи марти соли ҷорӣ сарвари Палатаи тиббии миллии Федератсияи Россия Леонид Рошал дар яке аз баёнияҳо гуфта буд, ки «коронавирус на он қадар аз вируси зуком даҳшатноктар мебошад, аз ин хотир ба таҳлука наафтода, оромона кор ва зиндагӣ кардан лозим аст».

Мутаассифона, дар Тоҷикистон низ, ки узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, 30 апрел аввалин сироятёфтагон ба қайд гирифта шуданд. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус чораҳои заруриро барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он андешида истодааст. Ҳар як шаҳрванди ватандӯсту соҳибхирад бояд дар ин вазъияти мушкил, ки оламро фаро гирифтааст, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳад, ба навиштаҳои иғвоангези хоинони миллат, ки мехоҳанд ҳама ҳолатро ба манфиати ғаразнок истифода намоянд, аҳамият надиҳаду барояшон ҷавобҳои асоснок гардонад.  Дар ин давра зарур аст, ки ҳар як нафар тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро риоя карда, худро аз коронавирус ҳимоя намояд.

Дар муддати  чанд моҳе, ки COVID – 19 оламро ба воҳима овардааст, иқтисодиёти давлатҳои абарқудрати дунё, мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Россия зарбаи бузург диданд ва тибқи пешгӯиҳо, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии  онҳо соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта бо нишондиҳандаҳои манфӣ ҷамъбаст мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъкид намуданд, ки «бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, киштукори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст».

Аз ин рӯ, зарур аст, ки некназар бошем, ба таҳлука наафтода ба киштукор машғул шавем ва ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намоем. Умед менамоям, ки мардуми сарбаланди кишвар ин мушкилро низ ба зудӣ пушти сар мекунанд ва зиндагии боз ҳам хубтару ободтар моро дар пеш аст.

Парвиз ШОДИЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон