Номвожаҳои ҷуғрофӣ ҷузъи ҷудонопазири таъриху фарҳанги миллатанд

№117 (4067) 01.10.2019

DSC_5473Сиюми сентябри соли равон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори  омма ва робитаҳои байнипарламентӣ дар масъалаи натиҷаҳои татбиқи қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ «Оид ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо дар заминаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 декабри соли 2018 баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ рӯ овардан ба анъанаҳои неки ниёкон, эҳё ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ самараи сиёсат ва иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷавҳари асосии ин сиёсати ба тақвияти худшиносии миллӣ нигаронидаро эҳёи таърихии номҳои вилояту шаҳр, маҳаллаву деҳот ва ба табиати забони тоҷикӣ созгору мувофиқ гардонидани онҳо ташкил медиҳад.

- Албатта, номивазкунӣ кори саҳлу осон нест. Ҷустуҷӯйи номи мувофиқ ба арзишҳои фарҳангию забонии миллати тоҷик созгор хароҷоти зиёд ва асосҳои мантиқию ҳуқуқиро низ тақозо менамояд, — гуфт М. Имомзода ва илова намуд:

- Бо вуҷуди ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба дастовардҳои таърихию фарҳангӣ масъалаи табдили баъзе номҳои ҷуғрофии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳоти кишварро, ки ба асолати фарҳангию таърихии миллат созгор нестанд, зери назорати ҷиддӣ қарор дода, таъкид намуданд: «Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки тӯли асрҳо сайқал ёфта, ба сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртибот пайдо кардаанд. Айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ низ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати миллию фарҳангии миллат мебошад».

Номвожаҳои ҷуғрофӣ ҷузъи ҷудонопазири таъриху фарҳанги миллат, баёнгари давраҳои гуногуни рушду инкишофи забон ва ҷомеа ба шумор мераванд. Онҳо вобаста ба рушду инкишофи ҷомеа дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба вуҷуд меоянд ва бахшҳои муҳимтарини ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи мардумро дар бар мегиранд. Аз ин ҷост, ки ин раванд дар даврони соҳибистиқлолӣ пайваста зери пажӯҳишу таҳқиқи олимони илмҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таъриху бостоншиносӣ, этнография ва ҷуғрофияи кишвар қарор гирифтааст.

Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 19 марти соли 2013, № 958) танзим менамояд ва баамалбарории он бевосита ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Аз ин хотир, 19 декабри соли 2018 доир ба ин мавзӯъ муҳокимаи парламентӣ доир карда шуд, ки мақсади асосии он, пеш аз ҳама, муайян намудани мушкилиҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва мусоидат ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати риояи дақиқ ва татбиқи якхелаи қонунгузорӣ дар ин самт буд.

Қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ тибқи тартиби муқарраргардида дар вазорату идораҳои марбутаи кишвар мавриди чораҷӯйӣ қарор гирифт. Бо боварӣ метавон гуфт, ки натиҷаи корҳои анҷомёфта дар ин самт назаррасанд.

Ҳамчунин, дар ин робита бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби раиси кумита дар якҷоягӣ бо дигар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» таҳия ва пешниҳод гардид, ки айни ҳол мавриди амал қарор дорад. Мутобиқи он, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар доираи ваколати худ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди дахлдорро таъмин менамоянд.

Илова бар ин, аз ҷониби кумита мунтазам ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои таркибии онҳо кумаки иттилоотиву ҳуқуқӣ ва методӣ расонида мешавад. Таклифу пешниҳодҳои воридгардидаи аъзои Маҷлиси миллӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт пайваста мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Дар баробари дар воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ нашр гардидани қарор ва тавсия­ҳои муҳокимаи парламентӣ, аз натиҷаи он кумита рисолаеро таҳти унвони «Пажӯҳише дар номшиносӣ ва номгузорӣ» ба чоп расонид, ки ба сифати роҳнамо дар номгузорӣ дастраси аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар ва доираи васеи хонандагон гардонида шуд.

Муҳаммадюсуф Имомзода, ҳамчунин, зикр намуд, ки Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раи­сони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба баргузории курсҳои махсус бо фарогирии кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ ҷиҳати омӯзиши риояи дақиқ ва татбиқи якхелаи қонунгузорӣ дар ин самт тадбирҳои муассир андешиданд.

Аз ҷумла, дар курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ зимни таҳияи барномаҳои таълимӣ масъалаҳои татбиқи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба пуррагӣ ба инобат гирифта, ба шунавандагон таълим дода шуданд.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаи номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо афзалиятро танҳо ба номҳои тоҷикӣ дода, ба ҷанбаҳои миллию таърихӣ, ҷуғрофӣ ва имлоии онҳо бештар таваҷҷуҳ менамояд. Бо ин мақсад Феҳристи ягонаи номҳои объектҳои ҷуғрофиро бо се забон дар ҳаҷми 1043 саҳифа таҳия намуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол кардааст.

Инчунин, ҷиҳати интихоби ном, анҷоми корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ доир ба масъалаи мазкур гурӯҳи кории махсус таъсис дода, ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар намудааст. Ба илова, аз ҷониби гурӯҳи кории мазкур дар заминаи тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо ҷалби олимону донишмандони забоншиносу таърихдон «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» бо тафсири маънои ҷойномҳо таҳия ва нашр карда шудааст. Дар қисмати дувуми фарҳангнома ҷиҳати роҳнамоӣ ва корбарӣ беш аз 2000 номи навэҷод барои номгузории маҳалҳои аҳолинишин тавсия гардидааст, ки маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд аз он истифода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2000 то моҳи январи соли 2019 дар асоси қарорҳои Маҷлиси миллӣ номи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, 6 шаҳр, 20 ноҳия, 17 шаҳрак, 87 деҳот ва 953 деҳа иваз карда шуданд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳангоми банақшагирии корҳои илмию тадқиқотӣ ба масъалаи ономастика (номшиносӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Доир ба ин мавзӯъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраҳои марбутаи факултетҳои филологияи тоҷик, забонҳои Осиё ва Аврупо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.

Бархе аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар комиссияҳои Кумитаи забон ва истилоҳот оид ба номгузорӣ ва номивазкунӣ иштироки фаъолона дошта, дар таҳия ва нашри «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» саҳм гузоштанд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва қисмҳои таркибии онҳо, ки номашон иваз шудаанд, барномаҳои мавзӯиро тарҳрезӣ ва мунтазам пахш менамояд.

Вобаста ба мавзӯъ, ҳамчунин, муовини якуми раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қурбоналӣ Ғуломзода ва дигарон ибрози андеша намуданд.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ