Ҷомеа дар мубориза бар зидди коррупсия бояд фаъол бошад

№146 (3626) 26.11.2016

DSC_0628Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дар семинар — машварате, ки 18 ноябри соли 2016 бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» баргузор гардид,  зикр намуд, ки зарурати ин санад, пеш аз ҳама, мутобиқгардонии қонунгузории ҷорӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  аз моҳи июли соли 2005 мавриди амал қарор дорад. Дар он мафҳум, самт, принсип, тартиби муборизаи субъектҳо ба муқобили  коррупсия нишон дода шудааст.

Коррупсия аз амалҳои номатлубест, ки ба  рушди устувори давлат монеъ мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба ин масъала таъкид дошта буданд, ки ҷиҳати паст намудани  шиддати  омилҳои коррупсионӣ зарур аст иштироки боз ҳам фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардида, дар ин самт фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

Дар ин робита, дар асоси Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» қабул гардид, ки роҳҳои муборизаро дар ин самти  муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат муайян мекунад. Ва, албатта, ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонун ва паст кардани шиддати амалҳои коррупсионӣ саҳми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия бояд беш аз ҳама назаррас бошад.

Дар охир Маҷидзода Ҷурахон Зоир ба саволҳои иштирокчиён посух дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ