Омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ

№147 (3293) 09.12.2014

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2014 таҳти №306 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул гардид.

Вобаста ба Фармони мазкур 8 декабри соли 2014 ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои омодагӣ ва баргузории интихоботи дар пешистода мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласа аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба ин масъалаҳо муфассал гузориш дод.

Дар ҷаласа Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи шакли ҳуҷҷатҳои интихоботӣ муҳокима шуда, доир ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар нақшаи тақвимӣ ҳамаи масъалаҳои вобаста ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муҳлати ба иҷрорасонии чорабиниҳо, сохторҳои масъули амаликунандаи чорабиниҳо мушаххас карда шуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Комиссия масъалаи муайян кардани ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Тибқи қарори қабулгардидаи Комиссия дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи тахминии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайян карда шуданд.

Масъалаи дигари муҳим, ки дар ҷаласаи Комиссия мавриди муҳокима қарор гирифт, ин муқаррар намудани шакл ва намуди ҳуҷҷатҳои интихоботӣ буд. Тибқи талаботи қонунгузории интихобот шакл, намуд ва андозаи ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ки дар раванди интихобот мавриди корбарии комиссияҳои интихоботӣ қарор мегиранд, муайян гардиданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»