Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Қонун «Дар бораи савдои электронӣ» қабул шуд

№128 (4548) 17.10.2022

Он муносибатҳои ҷамъиятиро дар савдои электронӣ танзим ва бехатариро дар ин самт таъмин менамояд

DSC_7782Дувоздаҳуми октябри соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 54 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода, директори Агентии назорати маводи ­нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 11 ­масъала пешниҳод шудааст.

Доир ба он пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ».

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон, Ф. Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Азимзода ва Ф. Икромӣ пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни зикргардида бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва мутобиқ гардонидани қонуни конститутсионии амалкунанда ба талаботи дигар қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

 

 

 

Тибқи қисмҳои 1-5 лоиҳа, ба моддаҳои 5, 7, 9, 23 ва 24 ворид кардани тағйиру илова пешбинӣ гардида, мутобиқи қисми 6 лоиҳаи қонун ваколати прокуророн ҷиҳати эътироз овардан ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, васеъ карда шудааст.

Чунончи, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми якуми моддаи 39 дар таҳрири зерин ифода ёфтааст:

«- ба муовини якум ва муовинони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи судҳо, ба истиснои қарорҳои Пленум ва раёсатҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ба истиснои қарорҳои раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе.».

Ҳамчунин, дигар тағйиру иловаҳое, ки хусусияти таҳрирӣ доранд, пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2022 таҳти №1021 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, барои баррасӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва дар маҷмӯъ, 9 пешниҳод манзур намуданд, ки баҳри такмили лоиҳа истифода гардиданд.

Лоиҳаи қонун ба боби 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам МИРЗОЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи он, 18 моддаи Кодекси мурофиавии гражданӣ таҳрир гардида, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» мувофиқ карда шуд.

Инчунин, дар лоиҳа меъёри нав, моддаи 1581 илова карда шудааст, ки он ҳуқуқи шахсони иштирокчии парванда, намояндагони онҳо, шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумонҳоро низ бобати иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) танзим менамояд.

Мувофиқи ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи зикршуда барои таъмини иштироки шахсоне, ки дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, тавқифгоҳи тафтишотӣ ва (ё) муассисаҳои тарбиявию ислоҳӣ қарор доранд, дар мурофиаи судӣ мумкин аст аз алоқаи видеоии ин муассиса истифода шавад.

Тағйиру иловаҳои воридгардида, ба ҳар шахси манфиатдор барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ дар судҳои умумӣ ва гузаронидани мурофиаҳои судӣ ба тариқи реҷаи мустақим (онлайн) имконият фароҳам меорад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, қабули он ба ҳимояи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд тариқи суди электронӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъмини гардиши ҳуҷҷатгузории электронӣ барои хизматрасониҳои «давлат ба соҳибкорон» ҷиҳати таъмини автоматикунонии кори судҳо пешбинӣ шуда, шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсони манфиатдор имконият пайдо мекунанд, ки тариқи электронӣ муроҷиат намуда, санадҳои судии доир ба парвандаҳои онҳо қабулшавандаро тариқи электронӣ дастрас намоянд.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса супорида шуд.

Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, баъзе аз қисмҳои онро такмил доданд.

Дар умум, аз 25 таклифу дархостҳои пешниҳодшуда 17 таклиф қабул ва 8 таклиф қабул нашуд, ки ҳамаи ин барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудани он равона гардидааст.

Инчунин, дар рафти баррасии лоиҳаи қонуни мазкур, ҳама таклифҳо ва пешниҳодҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадалӣ Ватанзода баҳри такмили лоиҳа пурра қабул карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 1, 10, 14, 17, 30 ва боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Раисикунанда: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Саидҷаъфар Усмонзода: - Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд ҳангоми таҳияи қонунҳо ҳама ҷанбаи ҳуқуқиро ба назар гирифта, барои ифода кардани давлат ва фаъолияти мақомоти қудратӣ, аз лиҳози ҳуқуқӣ шароити беҳтар фароҳам оварда шавад.

Ин таклифу пешниҳодҳое, ки ба қонунҳо ворид мешаванд, барои рушди ҷомеаи демократӣ ва риояи ҳифзи ҳуқуқи сокинони мамлакат пешбинӣ шудаанд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам МИРЗОЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 9.2.-и нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 таҳти №223 тасдиқ шудааст ва мутобиқ намудани муқаррароти кодекси мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо омӯзиши амалияи судии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла минтақаи Аврупо, таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи манзургардида, ба шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ имконият фароҳам оварда мешавад, ки онҳо барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонуниашон ба Суди иқтисодӣ бо аризаҳои даъвоӣ, дархостҳо, шикоятҳои кассатсиониву назоратӣ, изҳори назар ба аризаи даъвоӣ ва шикоятҳо, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тариқи электронӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, гардиши ҳуҷҷатҳо дар ҳама марҳилаи судӣ ва ирсоли нусхаҳои санадҳои судии қабулгардида ба шахсони иштирокчии парванда тариқи электронӣ роҳандозӣ гардида, барои гузаронидани мурофиаҳои судӣ ба тариқи реҷаи мустақим (онлайн) имконият фароҳам оварда мешавад, ки он барои боз ҳам беҳтар кардани таъмини кафолати ҳифзи судӣ, пешгирии кашолёбии омодасозӣ ва баррасии парвандаҳо, сарфакории вақт, сари вақт огоҳ ёфтани иштирокчиёни маҷлиси судӣ ва дигар шахсони манфиатдор аз вақт ва маҳалли баргузории маҷлиси судӣ, инчунин натиҷаи ҳалли баҳс мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, қабули он ба ҳимояи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд тариқи суди электронӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Аз рӯи ­масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН:Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, сари вақт баррасӣ шудани парвандаҳо ва гузаронидани амалҳои мурофиавии судӣ тариқи электронӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳа, ба 24 моддаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, моддаҳои 122, 123 ва 184 дар таҳрири нав ва моддаи 1521 илова карда шудааст, ки тибқи он гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ барои хизматрасониҳои «давлат ва соҳибкорон» ҷиҳати таъмини автоматикунонии кори судҳо пешбинӣ шуда, тарафҳо имконият пайдо менамоянд, ки тариқи элект­ронӣ муроҷиат намуда, санадҳои судиро низ тариқи почтаи электронӣ даст­рас намоянд ва тариқи онлайнӣ аз баргузории мурофиаҳои судӣ бархӯрдор шаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигар ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ, 21 пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо 14-то қабул, 1-то қисман қабул ва 6-тои дигар қобили қабул дониста нашуданд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода дода мешавад. Марҳамат.

Умед СОЛЕҲЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» мутобиқи Протоколи ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 25 феврали соли 2021, №1к/22-1 аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.

Он дар ҷаласаҳои гурӯҳи кории байниидоравӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор пурра ба назар гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда принсипҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои ­фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ваколати мақоми ваколатдор дар соҳаи илм, мақомоти соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳо ва воситаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ, шаклҳои дастгирии давлатӣ, пешниҳоди грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҳуқуқҳои субъектҳо, муаллифон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои илмӣ, инчунин, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти мазкурро муайян менамояд.

Масъалаҳои муҳими тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникии номбаргардида, то ба ҳол ба воситаи қонунҳои амалкунандаи соҳаи илм, фаъолияти инноватсионӣ ва паркҳои технологӣ ба танзим оварда нашудаанд.

Аввалин маротиба дар лоиҳаи қонуни таҳиягардида масъалаҳои асосии пайвасти илм ба истеҳсолот ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда, дар асоси таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ба назар гирифта шудааст.

Қабул ва амалӣ гардидани лоиҳаи қонуни мазкур барои пайвасти илм бо истеҳсолот, рушди илм, ба даст овардани самараи иқтисодӣ ва гузариш ба иқтисодиёти инноват­сионӣ мусоидат карда, аз буҷети ҷумҳурӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона ҳоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Аз рӯи ­масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади ба танзим даровардани раванди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва ба ин васила ба бозор баровардани молҳои нав ё такмилдодашуда таҳия гардидааст. Лоиҳаи қонун аз 7 боб ва 19 модда иборат мебошад.

Бо мақсади фарогир ва дар доираи муқаррароти лоиҳаи қонун муайян гардидани сиёсати давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ба моддаи 4 лоиҳаи қонун банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шуд:

7) рақобатпазирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар бозор.

Ба моддаи 10 лоиҳаи қонун, ки субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро муайян мекунад, банди 2) бо мазмуни зерин илова карда шуд:

2) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 14-и лоиҳа бо мақсади дуруст ва пурра танзим гардидани муносибатҳо вобаста ба ҳуқуқҳои субъект­ҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ бо ҳам ҷой иваз карданд.

Матни лоиҳаи қонун, бо назардош­ти таклифҳои қабулгардида ва бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа гардида, аз лиҳози услуби баён ва таҳрири забониву ҳуқуқӣ такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон 118 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 26-тоаш қабул, 36-тоаш қисман қабул ва 56-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои ­фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода дода мешавад. Марҳамат.

Изатулло САИДЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 2 нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 28 апрели соли 2018 таҳти №227 тасдиқ гардидааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ»-ро таҳия намуд.

Он аз муқаддима, 7 боб ва 23 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятии зеринро дар самти савдои электронӣ танзим менамояд:

- идоракунии давлатӣ дар самти савдои электронӣ;

- тартиби барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ;

- шахсоне, ки савдои электрониро ба амал мебароранд;

- ташкили мубодилаи ҳуҷҷати электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ;

- таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ.

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ мебошад.

Иштирокчиёни савдои электронӣ мувофиқи моддаи 5 лоиҳа инҳо мебошанд:

1) фурӯшандагони мол, кор ва хизматрасониҳо;

2) харидорони мол, кор ва хизматрасониҳо;

3) миёнаравони иттилоотӣ ва дигар миёнаравон.

Вазифаи қонун, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқии фаъолияти савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Амали қонун оид ба хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ ба амал бароварда мешаванд, татбиқ мегардад, ба истиснои аҳдҳои зерин:

- аҳдҳое, ки тасдиқи ҳатмии нотариалӣ ё бақайдгирии давлатиро талаб менамоянд;

- аҳдҳое, ки дар бозори суғурта ва коғазҳои қиматнок баста мешаванд;

- объектҳое, ки аз муомилоти гражданӣ бароварда ё маҳдуд шудаанд.

Истифодаи механизмҳои савдои электронӣ афзалиятҳои зерин дорад:

- фаврият дар дастрасӣ ва қабули иттилоот;

- хароҷоти ночиз вобаста ба мубодилаи иттилоот;

- мол, кор ва хизматрасониҳо оммавӣ мешаванд, ки ин ба манфиати харидорон аст;

- иттилооти харидорон дар бораи мол, кор ва хизматрасониҳо зиёд мегардад;

- имконияти интихоби хариди мол, кор ва хизматрасониҳо бештар мегардад;

- ҳаҷми муомилоти мол, кор ва хизматрасониҳо аз ҳисоби зиёд шудани савдои электронӣ ва миёнаравони иттилоотӣ меафзояд;

- нишондиҳандаҳои фарогирии нуқтаҳои аҳолинишин бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин ҳиссаи одамоне, ки аз кортҳои бонкӣ истифода мебаранд, афзоиш меёбад;

- шароит барои рақобати самараноки субъектҳои соҳибкорӣ дар бозорҳои дохилӣ бо усулҳои инноватсионии тиҷорат вусъат меёбад;

- имкониятҳои нав барои истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ — хариди электронӣ фароҳам меояд;

- монеаҳои нолозими маъмурӣ бартараф ва ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.

Афзалиятҳои савдои электронӣ барои истеъмолкунандагон инҳоянд:

- фаъолнокии шабонарӯзӣ;

- дастрасии баробари ҷуғрофӣ;

- имконияти баҳодиҳии ширкати истеҳсолкунанда;

- имконияти баҳодиҳии маҳсулот;

- имконияти баҳодиҳии маркази савдо;

- имконияти сарфа кардани вақти худ;

- мустақилият дар мавриди хариди маҳсулот;

- махфияти харидҳо.

Бо назардошти муҳимияташ аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯи ­масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи савдои электронӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар доираи лоиҳаи қонун муносибатҳои идоракунии давлатӣ дар савдои электронӣ ба танзим дароварда шуда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, тартиби барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ, ташкили мубодилаи паёми электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳди электронӣ, таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур муайян карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни зикр­гардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон 219 таклифу дархостҳо пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 35-тоаш қабул, 31-тоаш қисман қабул ва 153-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Матни лоиҳаи қонун, бо назардош­ти таклифҳои қабулгардида ва бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа гардида, аз лиҳози услуби баён ва таҳрири забониву ҳуқуқӣ такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои элект­ронӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

 

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода дода мешавад. Марҳамат.

Дилшод ТАЛБАКЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2021 дар бораи пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии бабри барфӣ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Масъалаи пешгирии шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуда, маълум карда шуд, ки дар қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба ин ­масъала ҳарчанд ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, ҷазои пешбинигардида барои ин ҷиноят баҳри пешгирии он ва ба ҷавобгарии сазовор кашидани гунаҳкорон мусоидат намекунад.

Кодекси ҷиноятӣ барои чунин кирдор ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол муқаррар намудааст.

Дар сурати идома ёфтани шикор ё нобуд кардани захираҳои бабри барфӣ, ин ҳолат бешубҳа боиси зуд ва хеле кам шудани саршумори он дар муҳити табиӣ гардида, минбаъд рафти барқароркунии онҳо душвор ва боиси аз байн рафтани ин навъи ҳайвонот мегардад, ки дар маҷмӯъ ба низоми мавҷудаи экологӣ зарари ислоҳнашаванда мерасонад.

Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав ворид карда шавад:

Моддаи 2321. Шикор ва қасдан нобуд кардани бабри барфӣ

1) Шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ, — бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир гардида бошад;

в) дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад, -

бо ҷарима ба андозаи аз якуним то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Ворид намудани чунин меъёр ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои пешгирии нобудшавӣ ва аз байн нарафтани ин ҷонвари нодир, ки ба рӯйхати сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст, мусоидат намояд.

Шикори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон ҳанӯз 50 сол пеш манъ шудааст. Пӯсти ин ҷонвар пурқимат буда, шикори бабри барфӣ маҳз ба ҳамин вобастагӣ дорад.

Аз диди мутахассисони мақомоти ҳифзи табиати ҷумҳурӣ, аз рӯи натиҷаи ҳисоботи дусола айни ҳол дар ҳудуди Помири шарқӣ 37 ҷуфт бабри барфӣ (Ирбис) зиндагӣ мекунад.

Аз ин рӯ, барои ҳимоя, зиёдшавии саршумори бабри барфӣ, таъмини ҳамгироии набототу ҳайвонот, гуногунии биологии бой ва рангини Тоҷикистон, пешгирии шикору муомилоти ғайриқонунии анвои алоҳидаи ҳайвоноти гурӯҳи ширхӯрон, ки ба «Китоби Сурх» ворид шудаанд ё бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳифз шудаанд, зарурати такмил додани қонунгузории ҷиноятӣ ба миён омадааст.

Қабули қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯи ­масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зафар Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зафар АЛИЗОДА: - Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳияи он дар қонунгузории ҷиноятӣ пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ, ки ба «Китоби Сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва таҳти хатари нестшавӣ қарор дорад, мебошад.

Тибқи лоиҳаи қонуни зикргардида, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи 2321 (Шикор ва қасдан нобуд кардани бабри барфӣ) пешбинӣ гардидааст.

Он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиётро гузашта, аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт. Дар маҷмӯъ, 8 пешниҳод манзур гардида, 6 — тои он баҳри такмили лоиҳа истифода шуд.

Кумитаи масъул 23 сентябри соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода дода мешавад. Марҳамат.

Дилшод ТАЛБАКЗОДА:  - Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар баробари ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикор ё қасдан нобуд кардани баб­ри барфӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ таҳия гардид.

Ҳарчанд дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодир дар умум ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардида бошад ҳам, барои нобуд кардани бабри барфӣ ҷавобгарӣ муайян карда нашудааст ва ҷазои ба тариқи маъмурӣ барои ин кирдор муайянгардида нокифоя буда, ба беҳтар шудани ҳолати кор дар ин самт мусоидат намекунад.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии шахсони воқеиро барои нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодири ба «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд, пешбинӣ намуда, ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар намудааст.

Бояд зикр намуд, ки ҷазои пешбинигардида ҷиҳати пешгирӣ кардани нобудсозии ҳайвоноту набототи дар «Китоби сурх», аз ҷумла бабри барфӣ, ки дар маҳали хатар ҷойдош­та дар ҳолати нобудшавӣ қарор дорад, мусоидат намекунад.

Аз ин рӯ, мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки ба моддаи 207-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қисми нав ворид карда шавад:

«Дар моддаи 207.

Барои нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодири ба «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд ё нобуд кардани ҷои тухмгузорӣ, тухм, лона ва иншооти дигар ё содир намудани кирдорҳои дигаре, ки метавонанд боиси несту нобуд, ҳалокат, камшумор шудан ё халалдор шудани муҳити зисти ҳайвонот ва наботот гарданд ё кирдорҳое, ки бо сабаби риоя накардани шартҳои шикору истифодаи чунин ҳайвонот ва наботот содир шудаанд,

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

2. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки нисбат ба бабри барфӣ содир шуда бошанд, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Ворид намудани чунин меъёр ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад барои пешгирии нобудшавӣ ва аз байн нарафтани ин ҷонвари нодир, ки ба рӯйхати сурхи Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи 1 Конвенсия «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст, мусоидат намояд. Лоиҳаи қонуни пешбинигардида ба меъёрҳои Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯи ­масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Р. Аҳмадзода, М. Набизода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон М. Файзулло, Т. Азимзода, М. Абдуллоев ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади бартараф кардани ихтилофот, носаҳеҳӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гаштааст.

Тибқи лоиҳа, ба моддаи 17 қисмҳои 6 ва 7 оид ба мафҳуми суиқасди содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ барои суиқасди содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ илова мегардад.

Инчунин, қисми 3 моддаи 40 кодекси амалкунанда дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он ҷазои маъмурӣ дар намуди боздош­ти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият, дар баробари мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда, инчунин аз ҷониби судя низ таъин карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа қисми 2 моддаи 207 дар таҳрири нав оид ба кирдори нобуд кардани ҳайвоноти нодири ба «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дохилшуда, ки таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд ва ин кирдор нисбат ба бабри барфӣ содир шуда бошад, илова гардида, ҳамзамон ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сӣ то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда мешавад.

Барои риоя накардани талаботи истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ, ҳамчунин, номи маҳалли истеҳсоли мол, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, моддаи 377 қисмҳои 1 ва 2 дар таҳрири нав бо таъини ҷазои маъмурӣ таҳия шудааст.

Мутобиқи лоиҳа ном ва қисми 1 моддаи 472 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки он ҷавобгарии маъмуриро барои ғайриқонунӣ ворид намудан ё суиқасди ғайриқонунӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, изоляторҳо (тавқифгоҳҳо)-и тафтишотӣ ва нигоҳдории муваққатӣ ворид намудани ашёи манъшуда бо мақсади ба маҳкумшудагон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон додани онҳоро муайян менамояд. Инчунин, вобаста ба кирдорҳои зикршуда ҷаримаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда мешавад.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои такмили он дар маҷмӯъ, 29 пешниҳод манзур гардид, ки аз он 20-то қабул, 5-то қисман қабул ва 4 пешниҳод қабул нашуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаҳои 1, 5, 10 ва боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади беҳтар намудани заминаҳои ҳуқуқии ­фаъолияти агентӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Агентӣ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои воҳидҳои тафтишотӣ буда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба маводи нашъаоварро амалӣ менамояд.

Ҳангоми ошкори баъзе категорияи ҷиноятҳо вобаста ба маводи нашъаовар, моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок (моддаҳои 203, 204, 205 ва 206 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бинобар сабаби ба тобеияти тафтишотии агентӣ шомил набудани ин гуна ҷиноятҳо, зарурати гирифтани иҷозати прокурори ваколатдор ҷиҳати анҷом додани тафтиши пешакии чунин ҷиноятҳо пеш меояд.

Давоми солҳои 2017 — 2021 аз ҷониби муфаттишони агентӣ бо иҷозати мақомоти прокуратура 25 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 203, 204, 205 ва 206 Кодекси ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакии онҳо гузаронида шудааст. Чунин тартиб иҷрои амалҳои тафтишотии зиёдро талаб намуда, ба фаъолияти муфаттишон сарбории иловагиро ба бор меорад.

Бинобар ин, бо мақсади иҷрои талаботи банди 20 — и «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021 — 2030», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021 таҳти №145 тасдиқ гардидааст, марҳила ба марҳила гузаронидани мониторинги қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти агентӣ зарурат ба миён омадааст, ки ба қисми 11 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шавад ва ба тобеияти тафтишотии агентӣ моддаҳои 203, 204, 205 ва 206 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил гардад.

Дар мавриди ба тобеияти тафтишотии агентӣ вогузор намудани моддаи 206 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан бамаврид аст, ки дар амалия кормандони агентӣ ҳар сол дар баробари ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намудани маводи нашъаовар, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнокро низ ошкор менамоянд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, пас аз қабул гардидани он зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён наоварда, ҳамзамон аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Р. Раҷабзода, Т. Азимзода, Б. Зиёӣ ва М. Мирзозода (Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022 таҳти №1280) ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2022 таҳти №1350)  таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар кардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тобеияти тафтишотии парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад. Тибқи қисми 11 моддаи 161 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста бо ҷиноятҳое, ки моддаҳои 200, 201, 202, 2021, 2022, 203, 204, 205, 206, 2061 ва 289 (нисбати қочоқи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва ё прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳамчунин, ба моддаи 401 кодекси амалкунанда, ки тартиби ҳалли масъалаҳои марбут ба иҷрои ҳукмро танзим намудааст, тағйиру иловаи дахлдор ворид карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022 таҳти № 1280 ва аз 14 сентябри соли 2022 таҳти № 1350  барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ карданд ва барои такмилаш дар маҷмӯъ, 15 адад пешниҳод манзур намуданд, ки  аз онҳо 13 — то қабул, 2-тои дигар қисман қабул дониста шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад

Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ: — Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Д. Раҳмон, М. Шукурзода ­ва вакили Маҷлиси намояндагони ­Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Ф. Обид­зода пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни номбурда, бартараф кардани норасоиҳо, риояи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва иҷрои якхелаи меъёрҳои ҳамин кодекс, мутобиқ гардонидани лоиҳаи қонун бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Тибқи лоиҳа, ба моддаи 86 қисми 5 илова гардидааст, ки он асосҳо ва муҳлати тамдид намудани тафтишоти маъмуриро пешбинӣ менамояд.

Қисмҳои 1 моддаҳои 114 ва 128 кодекс дар таҳрири нав ифода ёфта, ваколати мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия, нозироти савдо ва мақомоти зиддиинҳисорӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии мушаххасе, ки дар моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, муайян менамояд.

Лоиҳаи қонуни зикргардида расмиёти муқарраргардидаи Дас­тури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузашта, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар маҷмӯъ, 14 пешниҳод манзур намуданд, ки ҷиҳати такмили лоиҳа истифода шуданд.

Лоиҳаи қонун ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем. Сухан ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дода мешавад. Марҳамат.

Барно САИДВАЛИЗОДА: - Муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади муайян намудани Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таҳия шуда, ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардида, тибқи он 5 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда мешавад.

Тибқи талаботи моддаи 9 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд ҷудо гардида, онҳо бояд дар алоҳидагӣ амал кунанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 таҳти №1043 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис дода шуд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ба танзим медарорад.

Новобаста ба мақомоти навтаъсис будан роҳбарият ва кормандони хадамот бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатиро ҳамчун самти афзалиятноки ­фаъолият ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Алҳол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  Рӯзи кормандони мақомоти иҷро пешбинӣ нагардидааст ва бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани ­фаъолияти кормандон муайян кардани Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ба мақсад мувофиқ мебошад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.

Сарвиноз МАҶИДЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардида, тибқи он 5 апрел-Рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда мешавад.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2022 таҳти № 1346 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда, расмиёти дохилиро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» мутобиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон П. Шодизода, С. Холмаҳмадзода, М. Ҷавҳарӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2022 барои додани хулоса ба Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­фаъолияти эҳсонкорӣ»-ро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва барои такмилаш дар маҷмӯъ, 25 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 19 пешниҳод  қабул, 2 пешниҳод қисман қабул ва 4 пешниҳоди дигар қабул нагардид. Дар маҷмӯъ, ба муқаддима ва чордаҳ моддаи қонуни амалкунанда тағйиро­ту илова ворид гардид.

Тибқи тағйироти пешниҳодшуда, муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода гардида, дар он мақсад, мавзӯъ ва вазифаҳои санади қонунгузорӣ дарҷ шудаанд.  Аз моддаи 2 мафҳумҳои «Ташкилоти эҳсонкорӣ» ва «Барномаи эҳсонкорӣ» бо сабаби такрор шуданашон (дар моддаҳои 6 ва 20) хориҷ карда шудаанд. Инчунин, мафҳумҳои «Фонди эҳсонкорӣ» ва «Грантҳо» дар таҳрири нав   ифода шудаанд. Дар моддаи 19 (қисми шашум) илова ва номи моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми сеюми моддаи 21, ҷумлаи якуми қисми якуми моддаи 22 дар таҳрири нав баён гардиданд.

Дар дигар мавридҳо низ, тағйироти пешбининамуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона шудаанд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мутобиқ буда, амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуданд, баррасӣ ёфтанд. Ба шумо, ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Маҳмудҷон УСМОНОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

 

Маҳмудҷон Усмонов,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ