Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём — қутбнамои рушди устувор

№18 (4758) 07.02.2024

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2023-ро, бо вуҷуди душвор будани вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, барои Тоҷикис­тони азизамон, ба шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат, боз як соли бобарор ва пурфайзу бобаракат арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 2022-юм 8,3 фоиз зиёд гардида, ба беш аз 130 мил­лиард сомонӣ расонда шуд.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд шуд. Инчунин, даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат бошад, беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонда шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ, равона шуд.

Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода супориданд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шуда, ҳоло дар мамлакат 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030», ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонда шуда, солҳои 2022-2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мус­тақим ҷалб карда шавад.

- Тайи соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос, вуҷуд доранд, — иброз намуданд Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч, ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ гардид. Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт-соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад. Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум-5,6, шолӣ-6,7, картошка-10,8, сабзавот-9, полезӣ-17,5, меваҷот-10 ва ангур 2 баробар зиёд шудааст. Солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат дода истодаанд: дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст. Танҳо дар асоси татбиқи имтиёз дар соҳаи парандапарварӣ дар ин давра шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 3,3 баробар ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 5 баробар афзоиш ёфт.

Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон гардид.

Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо, ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

Тоҷикистон, тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ, ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.

Ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, танду­рустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд.

Инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид.

Ҳамаи ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои некуаҳволии ҳар як сокини кишвар равона гашта, ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар яки мо бояд содиқона ва соф­дилона ба Ватан-Модар хизмат намоем.

Ғ. А. Шарифзода,

Ф. Р. Наҷмиддиниён,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон