23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ дар асоси барномаҳои махсус бояд амалӣ гардад

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

чавонон1Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи саодату иқболи ҳар як ҷавони кишвар буда, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон гувоҳӣ медиҳад. Қадамҳои аввалин дар роҳи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҳанӯз 13 марти соли 1992 гузошта шуд. Солҳои соҳиб­истиқлолӣ мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои хеле бузург ноил гардид. Бахусус, дар раванди илму донишомӯзӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, фаъолгардонӣ ва маърифатнокии ҷавонон баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол корҳои ҷолибу назаррас ба анҷом расиданд.

Дастоварди дигаре, ки асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад, созмон ёфтани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон мебошад, ки фаъолияти вобаста ба ҷавононро ҳамоҳанг сохта, асноди заруриро таҳия ва барои татбиқ пешниҳод менамояд. Ташаккул ёфтани заминаи меъёрии ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон низ дастовардест, ки аз ҳамоҳангсозии фаъолияти Парлумони кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳо, бахусус Кумитаи ҷавонон ва варзиши ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳӣ медиҳад. Айни замон дар кишвар вобаста ба татбиқи афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯс­тии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва ғайра амалӣ гардида истодаанд.

Ҳоло нақши ҷавонони созанда ва бунёдкор дар ҳама ҷабҳаи хоҷагии халқи мамлакат назаррас аст. Онҳо дар сохтмони муҳими аср — НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак», истеҳсолот, сохтмону меъморӣ, кишоварзӣ, саноату савдо, илму фарҳанг ва варзиш, ҳамчунин, ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. Ҷавонон барҳақ неруи фаъолу боғайрат ва созандаи Ватану миллатанд.

Айни замон беш аз 40 ҳазор нафар ҷавони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Дар дохили кишвар зиёда аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил доранд.

 Иштироки ҷавонон дар мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҷараёни демократикунонии ҷомеа низ назаррас аст. Ҷомеа ба ояндаи неки ҷавонони саодатманд, созандагону диловарони Ватан боварӣ дорад ва бо кору фаъолияти ҷавонони росткору шоиставу ватанхоҳ, эҷодкору бунёдкор, далеру муҳофизи Ватан ифтихор менамояд.

Баробари ҳамаи ин, бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз ҳам баъзе аз ҷавонон бо сабабҳои ноогоҳӣ, суст будани фаҳмишу донишҳои динӣ, камтаҷрибагӣ ва ё дигар омилҳо фирефтаи ҳиллаву найранги ашхоси бадкешу ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ мегарданд. Онҳо намедонанд, ки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ характери ғайрирасмӣ ва заминаҳои сиёсиву идеологӣ, мақсадҳои нопоку ғаразноку харобиовар доранд ва махсусан ҷавонони ноогоҳ зери таъсири онҳо қарор мегиранд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифодаи васеи шабакаву сомонаҳои интернетӣ гардидааст. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ва ҳазору як ҳиллаву найранги дигар ба ҳолати равонии ҷавонон таъсири бад расонида, дар мафкураи онҳо андешаву афкор ва ақидаҳои носолимро ҷой намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба роҳи хато рафта, ҷонро қурбони манфиатҳои гурӯҳҳои бадкеш менамоянд.

Омили дигар он аст, ки баъзе аз нав­расону ҷавонон аз беназоратии падару модар, дуруст ба роҳ монда нашудани вазъи таълиму тарбия дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ хуб таҳсил намекунанд, баъди хатми мактаб барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, баъзе аз онҳо ба корҳои ношоиста (истифодаи маводи мухаддир) даст мезананд. Бо сабаб­ҳои гуногун пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ва ғайра низ боис ба шомил гардидани ҷавонон ба равияҳои тундгарову ифротӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз, хуб мебуд, ташкили корҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ дар асоси барномаҳои махсус ба роҳ монда шавад. Дар ин замина, бояд чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва вохӯрию маҳфилҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорон бо ҷавонон бештар гузаронида шаванд. Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди ­масъулиятшиносӣ дарк намоянд, ки ояндаи миллату давлат маҳз дар дасти онҳост.

Ф. Наҷмиддиниён,

Б. Аҳмадзода,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон