Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 16 ноябр

№51 (3531) 19.04.2016

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардид

DSC_102215 апрели соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Насриддинзода Э. С.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  иқтисод ва молия интихоб намудани  Акрамзода Б. И.»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Насриддинзода Э. С.»

4. Оид ба  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Насриддинзода Э. С.»

5. Дар бораи Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND» 

6. Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009

7. Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома оид ба таъсиси Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Тавре огаҳӣ доред, 10 апрели соли 2016 интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов № 16 баргузор шуд. Доир ба натиҷаи интихобот Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2016 қабул гардид. Дар интихоботи баргузоршуда аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов № 16 Акрамзода Баҳодур Исмоил вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Ваколати вакилии онҳо бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32 аз 11 апрели соли 2016 тасдиқ шудааст.

Ба муносибати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан шуморо табрик намуда, муваффақият ва барори кор орзу менамоям.

Вобаста ба ин, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Насриддинзода Э. С.» пешниҳод мешавад.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин аз соли 2011 вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Акрамзода Б. И.» баррасӣ мегардад.

Акрамзода Баҳодур Исмоил дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз ҷумла, солҳои охир вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба уҳда дошт.

Доир ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар робита ба масъалаҳои дигари ҷаласа – «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Насриддинзода Э. С.» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Насриддинзода Э. С.» низ қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

РАИС: — Дар бораи Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири Қосим: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расидааст.

Мақсад аз бастани шартномаи мазкур ҷалби сармоягузории мустақим ба иқтисоди кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи энергетика ва ба истифода додани иқтидорҳои нави энергетикӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ баҳри амалишавии яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишварамон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар шартномаи мазкур мафҳумҳо, шартҳои пешниҳоди консессия, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафайн, қонунгузорӣ, шартҳои татбиқ ва маблағгузории лоиҳа ва дигар паҳлуҳои муҳими он ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.

Шартномаи консессионии пешниҳодшуда муносибатҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND»-ро дар доираи татбиқи лоиҳае, ки дар доираи он азнавсозӣ ва истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСШК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ба танзим медарорад.

Тибқи ҳуҷҷати мазкур сохтмони Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» бо иқтидори истеҳсолии 300 мегаватт неруи барқ бо ҷалби беш аз 400 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми ниҳоии сармоягузорӣ баъд аз анҷоми асосноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳа муайян мегардад, ки он бояд дар давоми як сол баъд аз мавриди амал қарор гирфтани шартнома анҷом дода шавад.

Баъди мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нави ҶСШК «Ангишт» ва ба фаъолият шурӯъ намудани Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» то 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Мутобиқи шартномаи мазкур ширкати консессиядор танҳо ҳуқуқи идоракунии ҶСШК «Ангишт»-ро дар давоми муҳлати татбиқи лоиҳа ба даст оварда, уҳдадор мегардад, ки аз ҳисоби маблағҳои худ иқтидору инфрасохтори истеҳсолии корхонаро барқарор ва азнавсозӣ намояд.

Ногуфта намонад, ки дар шартномаи мазкур пешниҳоди мақомотҳои марбутаи давлатӣ, аз ҷумла дар масъалаи уҳдадор гардонидани консессиядор дар таҳвили ангишт ба дигар субъектҳои ҳавасманди маҳаллӣ, дар ҷалби маблағҳои қарзӣ уҳдадор нагардидани Ҳукумати мамлакат дар пешниҳоди кафолати давлатӣ ва дар ҳалли баҳсҳо истифода гардидани ҳуқуқи моддии Ҷумҳурии Федеративии Олмон пурра инъикоси худро ёфтаанд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки шартномаи консессионии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.

Муҳиддиниён Пӯлод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи тасдиқи лоиҳаи Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND» 17 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст. Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2016 таҳти №634 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Шартномаи консессионии мазкур муносибатҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND»-ро дар доираи татбиқи лоиҳае, ки мувофиқи он азнавсозӣ ва истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСШК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи тиҷоратии Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» ва дигар инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ, пешбинӣ шудааст, ба танзим медарорад.

Шартнома тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ ва танзим карда шудааст. Тибқи шартномаи мазкур консессионер уҳдадориҳоро оид ба маблағгузории лоиҳа дар давоми муҳлат ва барои мақсадҳои дар шартнома қайдгардида бар ивази ҳуқуқи муваққатан самаранок истифода бурдан, идора намудан, назорат кардан ва аз лоиҳа даромад гирифтан, мувофиқи принсипҳои тиҷоратӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ ба зиммаи худ мегирад.

Муҳлати оғози таҳияи асосноккунии техникии иқтисодӣ санаи ибтидои кор ҳисобида, санаи анҷомдиҳии мақсаднок дар ҷадвали лоиҳавӣ аз ҷониби тарафҳо пас аз тасдиқи асосноккунии техникии иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Боварӣ, кафолат ва уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консессионер пурра дар шартномаи мазкур дарҷ гардидааст.

Баҳри иҷро намудани шартномаи мазкур, асос­ноккунии техникии иқтисодӣ, лоиҳаи сохтмонӣ, конссесионер қонунгузории амалкунанда, шартномаи мазкур ва таҷрибаи байналмилалиро риоя мекунад.

Сармоягузор дар марҳилаи аввал таҳияи ду асосноккунии техникию иқтисодии алоҳида, барои Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» ва барои кони ангиштро бо ҷалби Ширкати байналмилалии машваратии Олмон «FICHTNER» ба анҷом мерасонад. Дар давоми як сол аз санаи эътибор пайдо кардани шартномаи мазкур ширкати лоиҳавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноккунии техникии иқтисодии Неругоҳи барқи ҳароратии Шӯроб» ва кони «Ангишт»-и баанҷомрасонидашударо пешниҳод менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND»- ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 13 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндаи ширкат дар Тоҷикистон тасдиқ намудани Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Шартномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Ман ба Қодири Қосим ду савол дорам. Якум, ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND» сармоягузориро кай оғоз мекунад? Дуюм, дар соли 2015 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат чӣ миқдор маб­лағро ташкил намудааст?

Қодири ҚОСИМ: - Ҷавобро ман аз саволи дуюм оғоз мекунам. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли соли гузашта 977 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки назар ба соли 2014-ум 93 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА зиёд аст. Сармоягузории мустақим асосан ба саноати коркард, саноати истихроҷи маъдан, алоқа, сохтмон, маориф ва фаъолияти дастгирии молиявӣ равона шуд.

Оид ба саволи якум: Сармоягузорӣ ба иншоот баъди бо Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа кардани асосноккунии иқтисодию техникӣ оғоз меёбад.

РАИС: — Албатта, диққати асосӣ ба асосноккунии техникию иқтисодӣ дода мешавад, зеро ин масъалаи муҳим ва асосӣ маҳсуб меёбад. Бояд давоми як сол ин ба анҷом расад ва баъд сармоягузорӣ оғоз шуда, кор ҷараён мегирад.

Рустам ҚУДРАТОВ: - Дар моддаи 16 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Hos Powertech lnternational SDN BND» роҷеъ ба серветут масъала гузошта шудааст. Тибқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда мегирад, он замине, ки ба ширкат барои идоракунӣ ва истифодабарӣ ҷудо мешавад, яъне ҳам амволи ғайриманқул ва ҳам канданиҳои фоиданоки зери замин ҳастанд, барои идоракунӣ ва истифодабарии ширкат дода мешаванд.

Оё дар вақти идоракунӣ ва истифодабарӣ қазияҳои экологӣ пайдо намешаванд ва назорати ҳалли онро кӣ бар зимма мегирад?

Қодири ҚОСИМ: - Дар масъалаи амалишавии шартномаҳои консессионӣ сохтори ваколатдор дар тӯли татбиқи он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар сурати пайдо шудани баҳсҳо дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.

Воситаҳои асосие, ки ба истифодаи ширкати фавқулзикр дода мешавад, онҳо тӯли муддати шартномаи консессионӣ, ки ба муҳлати 30 сол муқаррар гардидааст, аз тарафи ин ширкат мавриди истифода қарор мегиранд.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Баъди ба фаъолият оғоз кардани корхона нархи барқ чӣ гуна мешавад? Баъди пурра ба кор сар кардани ин неругоҳи ҳароратӣ манфиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ миқдорро ташкил хоҳад дод?

Қодири ҚОСИМ: — Асосноккунии техникии иқтисодиро худи ширкат анҷом дода, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси омӯзиши он хулоса мебарорад.

Дар масъалаи фурӯши барқ. Дар шартномаи консессионӣ омадааст, ки истеҳсоли қувваи барқе, ки Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» истеҳсол мекунад, ШСХК «Барқи Тоҷик» ба фурӯш мебарорад. Агар барқи тавлидшуда ба хориҷи кишвар содирот шавад, он дар асоси Созишномаи алоҳида бо ШСХК «Барқи Тоҷик» сурат мегирад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар: — Давоми солҳои охир аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои зиёд ба тасвиб расид. Иҷрои ин созишномаҳо дар кадом сатҳ аст ва дар асоси онҳо чӣ қадар корхонаҳо бунёд шуданд?

Қодири ҚОСИМ: — Тӯли солҳои охир шаш созишнома бо ширкатҳои самти фаъолияташон гуногун ба имзо расид ва ин созишномаҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд. Дар асоси ин созишномаҳо сохтмони даҳ корхонаи бузурги истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аллакай ду корхона мавриди истифода қарор гирифтаанд. Тӯли соли 2016 боз шаш корхона ба истифода дода мешавад ва 6540 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Доир ба тасдиқи шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009 сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Муносибатҳои дуҷониба ва бис­ёрҷонибаи кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат густариши ҳамкориҳоро бо шарикони рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ сол то сол тақвият дода истодааст.

Бо ҳидояти роҳбарияти кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, айни замон 151 кишвари ҷаҳон онро ба расмият шинохта, бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.

Шартнома дар бораи таъсисдиҳии Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби давлатҳои таъсисдиҳанда (Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба имзо расонида шуда, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2009 тасдиқ шудааст.

Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти минтақа ва устувор гардонидани он, инчунин бо мақсади расонидани кумак ба иқтисодиёти давлатҳои иштирокчии Фонди мазкур таъсис ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки зарурати ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии Фонд, пеш аз ҳама, бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба миён омадааст. Тибқи қарори Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 10 октябри соли 2014 таҳти № 652 фаъолияти ин Иттиҳод қатъ гардидааст.

Дар робита ба ин, муқаррар гардидааст, ки номи «Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё» ба «Фонди АвруОсиёгии стабилизатсия ва рушд» иваз шуда, депозитарияи Фонд ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия супорида шавад.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои Фонди мазкур барои дастгирии Буҷети давлатӣ 70,0 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷалб намуда, айни замон ҷиҳати ҷалби 40,0 млн. доллари ИМА барои дастгирии буҷет бо Фонд гуфтушунидҳо идома доранд.

Қабули лоиҳаи қарори мазкур аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои иловагиро талаб накарда, ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дода мешавад.

Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009, ки 15 июни соли 2015 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2016 таҳти № 632 Протоколи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Зарурати ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии Фонд, пеш аз ҳама, бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба миён омадааст. Тибқи қарори Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авру0сиё аз октябри соли 2014 таҳти № 652 фаъолияти он қатъ гардидааст.

Муқаррар гардидааст, ки номи «Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё» ба «Фонди АвруОсиёгии стабилизатсия ва рушд» иваз шуда, вазифаҳои котибот ва депозитарияи Фонд мутақобилан ба Бонки рушди АвруОсиё ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия супорида шавад.

Идораи маблағҳои Фонд як қисми даромади Фондро барои татбиқ намудани барномаҳои грантӣ ба давлатҳои иштирокчии Фонд равона менамояд.

Бинобар ин, ба Созишнома оид ба идораи маблағҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 9 июни соли 2009 тағйироти дахлдор ҷиҳати маблағгузории барномаҳои грантӣ ба давлатҳои иштирокчии Фонд, ки даромаднокиашон нисбатан паст мебошад, ворид карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

13 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Протоколи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз вакилони муҳтарам хоҳиш мешавад, ки Протоколи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳанд.

Дар бораи тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар хусуси Пртокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома оид ба таъсиси Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009 сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Зарурати ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии Фонд, пеш аз ҳама, бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба миён омада, муқаррар гардидааст, ки номи «Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё» ба «Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд» иваз карда шуда, вазифаҳои котибот ба Бонки рушди АвруОсиё супорида шавад.

Дар баробари ин, бо пешниҳоди давлатҳои иштирокчии Фонд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми даромади Фонд барои татбиқ намудани барномаҳои грантӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ба давлатҳои иштирокчии Фонд равона карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, ба Созишнома оид ба идораи маблағҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 9 июни соли 2009 тағйироти дахлдор ҷиҳати маблағгузории барномаҳои грантӣ ба давлатҳои иштирокчии Фонд, ки даромаднокиашон нисбатан паст мебошад, ворид шудааст.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дода мешавад.

Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома оид ба таъсиси Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009, ки 15 июни соли 2015 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2016 таҳти №633 Протоколи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Зарурати ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии Фонд, пеш аз ҳама, бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба миён омадааст. Тибқи Қарори Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз 10 октябри соли 2014 таҳти №652 фаъолияти он қатъ гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Протоколи  зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

13 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Протоколи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз вакилони муҳтарам хоҳиш мешавад, ки барои тасдиқи он овоз диҳанд.

Доир ба тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби халқ интихоб шудааст.

Тавре аз меъёрҳои моддаи 67 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Президент пеш  аз  шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Маҳз аз ҳамон рӯз нахустин Президенти интихобгардида ба фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи нави давлати соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шурӯъ менамояд. Ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият ишора надорад, балки чун рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида мебошад.

Бо мақсади  эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия  ва пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати ҳафтоду якум илова гардида, 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва ҳар сол таҷлил карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №621 аз 4 апрели соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — ро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он даҳ таклиф пешниҳод кардаанд, ки онҳо пурра ё қисман қабул шуданд.

Кумитаи масъул 7 апрели соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида лоиҳаро муҳокима намуда, он такмил ёфт.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва дар амалия татбиқ намудани он маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, бобати қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст  намуд.

Самариддин АСОЕВ,  Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ