Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр

№50 (3530) 16.04.2016

DSC_1022Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар оғоз Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи ҷаласа қабул шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» — ро баррасӣ намуданд.

Тибқи иловаи пешниҳодшуда, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ шуд, 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва ин сана ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

(Гузориши муфассал аз ҷараёни кори ҷаласа дар шумораи оянда нашр мешавад).

 «Садои мардум»