Рустам Латифзода: «Иқдомҳои Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем»

№66 (4172) 04.06.2020

ЛАтипов-1Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чанде пеш ҷиҳати дастгирии табибон ва ­оилаҳои ниёзманд барномаи хайриявиро роҳандозӣ намуд, ки аз он то ҳол сокинони ҳафт шаҳру навоҳии кишвар баҳравар шуданд.

Тавре аз Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом дар робита ба хурӯҷи COVID-19 амалӣ шуда, то кунун дар шаҳру навоҳии Душанбе, Исфара, Спитамен, Темурмалик, Восеъ, Бобоҷон Ғафуров ва Носири Хусрав роҳандозӣ гардид. Кумакҳо аз пасандоз ва маоши вакилону аъзои фаъоли ҳизб ва ҳамақидаҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон харидорӣ шуда, аз ниқоби тиббӣ, дастпӯшакҳо, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, айнакҳои тиббӣ, маҳлулҳои назофатию антисептикӣ ва маҳсулоти ғизоӣ иборат мебошанд. Илова бар ин, ба оилаҳои ниёзманд ва ашхоси бемор маблағ низ дастрас шуд.

АХТ- Дар шароити кунунӣ вазифаи инсонӣ медонем, ки новобаста аз мавқеи ҳизбӣ, дар паҳлуи миллату давлат бошем. Ҳизби аграрии Тоҷикистон барномаҳои ҳукумати мамлакат ва махсусан иқдомҳои Пешвои миллатро, ки дар самти мубориза бар зидди бемории COVID — 19 ва таъмини аҳолӣ бо доруворию озуқа татбиқ мешаванд, комилан дастгирӣ менамояд, — гуфт Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон яке аз сераъзотарин аҳзоби сиёсии Тоҷикистон (баъд аз ҲХДТ) буда, 11 фисади курсиҳои палатаи поёнии парлумон ба он мансуб мебошад ва 7 вакил: Латифзода Рустам, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Фазлиддин Икромов, Неъматулло Холбойзода, Аҳмадзода Бахтиёр ва Мансур Усмонов дорад.

«Садои мардум»