Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Россия

№145 (3625) 24.11.2016

22 ноябри соли 2016 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ҷаласаи нуҳуми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ­сафар намуд.

Зимни ин сафар, ки то 26 — уми ноябр идома меёбад, мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ҳайати воломақоми парлумони Молдова ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.