Сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

№79 (4029) 02.07.2019

30 июни соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин барои иштирок дар Форуми дуюми байналмилалии «Рушди парламентаризм» ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд, ки то 4 июли соли равон идома меёбад. Дар доираи он суханронии Раиси Маҷлиси миллӣ зимни ифтитоҳи Форум, ки дар толори Конгресси Маркази байналмилалии савдо баргузор мегардад, дар назар аст.

Дар чорабинӣ 800 намоянда аз 131 кишвар, инчунин, 49 роҳбари парламентҳо, ки 32 нафарашон аз мамлакатҳои қитъаи Африқо мебошанд, ширкат меварзанд.

Иштироккунандагон доир ба масоили амният, иқтисодиёти рақамӣ, мубориза бо камбизоатӣ ва нобаробарӣ табодули афкор намуда, ҳуқуқи башар, ҳифзи муҳити зист ва нақши ҷавонон дар рушди парламентаризмро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО