Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Давлати Қатар

№38 - 39 (3988 - 89) 06.04.2019

5 апрели соли 2019 ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Давлати Қатар сафари расмӣ намуд.

Ин аввалин сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба кишвари номбурда мебошад, ки бо даъвати Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ ва Раиси Парлумони Давлати Қатар сурат гирифт.

Тибқи барнома, дар назар аст, Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои 140 — уми Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок, суханронӣ ва бо намояндагони воломақоми Давлати Қатар дидору мулоқот намояд.

20190405_223610Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ — Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Дилрабо Мансурӣ бо Маркази тиҷоратии «Мол Қатар» (Mall of Qatar) шинос шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро раиси иҷроияи маркази тиҷоратии мазкур Макрам Дарвозӣ истиқбол гирифта, ба онҳо роҷеъ ба таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои «Мол Қатар» маълумот дод.

Таъкид гардид, ки дар марказ нуҳ бонки калонтарини ҷаҳон ва чаҳор ширкати сайёҳии байналмилалӣ намояндагӣ ифтитоҳ намуда, бо Давлати Қатар ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, дар дохили марказ ширкати «Калифур» — яке аз пурнуфузтарин ширкатҳои дунё фаъолият менамояд,

Ҳоло сохтмони қисмати дуюми бинои «Мол Қатар» идома дорад. Тибқи нақша, дар он боз як меҳмонхонаи панҷситорадор, биноҳои истиқоматӣ барои 1200 ҷой, мактаби байналмилалӣ барои 1400 толибилм  ва макони фарҳангӣ барои кӯдакон сохта мешаванд.

Мутобиқи иттилои Макрам Дарвозӣ, корҳое, ки анҷом дода мешаванд, дар доираи  омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 2022 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, сурат мегиранд.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаи бузург Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров бо нишони эҳтиром нисбат  ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар ба раиси Маркази тиҷоратии «Мол Қатар» туҳфаи хотиравӣ супурд.

IMG_02598 апрели соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарламентӣ дар шаҳри Довҳаи Давлати Қатар иштирок ва суханронӣ намуд.

Шукурҷон Зуҳуров, аз ҷумла, иброз дошт, ки ҳамоиш имкон медиҳад, ки масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Иттиҳоду кишварҳои аъзои онро баррасӣ намуда, ба вазъият баҳои воқеӣ диҳем ва самтҳои минбаъдаи фаъолиятро бо дарназардош­ти ниёзмандии мардум мушаххас гардонем.

- Мутаассифона, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон, — минтақаи фаъолияти Иттиҳод имрӯз ба яке аз марказҳои даргирии шадиду авҷи бесобиқаи нангинтарин зуҳуроти ҷаҳони муосир – терроризми байналмилалӣ, зӯровариву экстремизм мубаддал гаштааст ва воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн карда истодааст.

Авҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгаройӣ феълан ба хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор оварда истодааст.

Возеҳ аст, ки ягон давлати дунё, новобаста аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва тавонмандии ҳарбию низомӣ, наметавонад ба танҳоӣ дар рӯ ба рӯи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи мушкилоти зикргардида аз ҳама – тасвибгарон ва ҳимояткунандагони низоми қонунии кишварҳо андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, оид ба саҳми мақомоти қонунгузории давлатҳо дар ин самт, шакли гуногуни ҷинояткории фаромиллӣ — гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамрабоӣ, савдову қочоқи силоҳ, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории созмонҳои ҷиноятпеша ҳисобида мешаванд, мушкилоти Афғонистон сухан ронда, гуфт, ки Тоҷикистон дар баробари фаъолона ширкат варзидан дар иттиҳоди давлат­ҳое, ки бо терроризм мубориза мебаранд, ба он назар аст, ки барои пойдории амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон кишварҳо бояд ба таври дастаҷамъӣ мубориза баранд.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди кишварҳои олам бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар хотима изҳори умед карда шуд, ки дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарламентӣ қарорҳое қабул мешаванд, ки ба раванди ғанӣ гардонидани мазмуну моҳияти ҳамкории кишварҳои Иттиҳод мусоидат намуда, эътимоди мутақобила, сулҳу субот ва некуаҳволии мардуми кишварҳои аъзоро таҳким хоҳанд бахшид.

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарламентии мазкур намояндагони 180 кишвари бонуфузи ҷаҳон, аз қабили Россия, Эрон, Чин, Португалия, Мозамбик, Непал, Қазоқистон, Туркманистон, Шведсия ва ғайра иштирок доранд.

8 апрели соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ пеш аз оғози ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарлумонӣ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров салому орзуҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Қатар ва мардуми ин кишвари дӯст расонид.

Амири Давлати Қатар бо арзи паёми бародарӣ ба роҳбарияти олӣ ва таманнои шукуфоии беш аз пеши мардуми Тоҷикистон, ҳузури ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур омили тавсеаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, дар доираи кори ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарлумонӣ як силсила мулоқоту вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон бо мақомоти баландпояи парлумонҳои аъзои Иттиҳоди Ассамблеяи байнипарлумонӣ, аз ҷумла, бо сарони парлумонҳои Россия, Қазоқистон, Туркия, Туркманистон, Либерия ва Непал, баргузор шуданд.

Ҳамчунин, Шукурҷон Зуҳуров бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Давлати Қатар доир ба татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби неруи корӣ табодули назар намуданд.

Дар шаҳри Давҳа вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазир – вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи олии робитаҳои сиёсӣ, фаъолшавии ҳамкориҳои байни вазоратҳои соҳавии ду кишвар, заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо, ки барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан суд­манд фароҳам шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва сармоягузории Давлати Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Шукурҷон Зуҳуров ва Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ, ҳамчунин, атрофи таҳкими ҳамкориҳо дар самти амнияти минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо баҳри рушди устувор изҳори андеша намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, инчунин бо мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.

Дар суҳбат ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар бахши сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои энергетика, нақлиёт, саноат ва коркарди маъданҳо баррасӣ шуданд. Дар мавриди таъсиси механизмҳои ҷалби сармоягузориҳо ва мудирияти муштараки лоиҳаҳо низ табодули андеша сурат гирифт.

Маҳмуд бин Иброҳим Оли Маҳмуд сохтмони маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе»-ро, ки бо сармоягузории ҷониби Қатар анҷом ёфтааст, намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст номид ва иброз дошт, ки Созмони сармоягузориҳои Қатар омода аст дар сармоягузории лоиҳаҳои дигари иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки аҳамияти миллию минтақавӣ доранд, саҳмгузорӣ намояд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон