Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад

Сарчашмаи ҷавҳари худшиносии миллӣ

№31 (4614) 01.03.2023

DSC_5431Бисту ҳаштуми феврали соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони парлумони мамлакат, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, фарҳанг, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба заминаҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мулоқот баргузор гардид.

Дар оғоз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ иброз намуд, ки бо қабул гардидани қонуни мазкур ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои Ватани маҳбуб дар қалби ҳамватанон боз ҳам баланд мешавад.

Вакили Маҷлиси намояндагон Гавҳар Шарофзода зикр кард, ки мақсад аз қабул кардани қонуни мазкур, пеш аз ҳама, бедории миллӣ буда, равандҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро муайян менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, омода кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ, таъмини корҳои ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Дар бораи ватандӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карданд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Гуфта шуд, ки қонуни мазкур барои мустаҳкам кардани мактаби миллӣ ва худшиносӣ замина гузошта, инсонҳоро ба ватанпарастӣ, худшиносӣ ва хештаншиносӣ равона месозад.

Гавҳар Шарофзода дар поёни маърӯзааш бо мақсади амалисозии қонуни зикршуда якчанд пешниҳоди муфид ироа намуд. Аз ҷумла, Вазорати маориф ва ­илмро зарур аст, ки соатҳои дарсҳои тайёрии ҳарбӣ ва ватан­дӯстиро дар муассисаҳои таълимӣ зиёд намуда, дар замири хонандагон худшиносӣ, ватандӯстӣ ва зиракиву ҳушёриро бедортар намоянд. Мутахассисон, аз ҷумла нафаронеро, ки аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадаанд, ба омӯзгорӣ ҷалб намоянд.

DSC_5435Ҳамкории муштараки Вазорати мудофиа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дарсҳо ва чорабиниҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ташкили синфхонаҳои ҳарбӣ, силоҳҳои таълимӣ ва ҷамъомади панҷрӯзаи ҳарбӣ, ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамаи қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки фарзандон, шаҳрвандони Ватани маҳбубамонро бо таърихи бою рангини гузашта ва имрӯзи босафои диёр ошно созанд.

Бино ба қавли раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, мавзӯъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олии кишвар самтҳои асосии таълиму тарбияро дар бар гирифта, иҷрои он аз хонавода то мактабу ҷомеа барои ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвари маҳбубамон ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, бо ифтихор ҳимоя намудани ҳар ваҷаб хоки Ватан, оромиву осудагии Ватани азизамон низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллат буда, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ин муҳаббату самимиятро нисбат ба Ватан-Модар содиқона эҳсос намоянд.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардида, сеюмин қонуни миллии мо ба шумор меравад, худшиносии шаҳрвандонро боло бурда, онҳоро ба доимо бедору ­ҳушёр ва зираку тавоно будан талқин менамояд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад», — иброз намуд Абдулло Раҳмонзода.

IMG_6732Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдуллозода иброз намуд, ки дар замони муосир таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ­масъалаи тарбияи шаҳрвандон аз ҷониби Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар сохторҳои марбута асоси воқеӣ дорад. Зеро ҷаҳони муосир бо рушди босуръат ва то андозае идоранашавандаи технологияи иттилоотию иртиботӣ ба ҳаёти инсон таъсири амиқ расонида истодааст. Аз ин раванд гурӯҳҳои манфиатҷӯ суиистифода намуда, барои паҳн кардани афкору андешаи зишту вайронкор ва муғризонаашон истифода мебаранд, ки боиси нофаҳмӣ ва норозигиҳо дар ҷомеа мегардад.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тақозои замона ва талаботи рӯз аст. Он ба таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ баланд бардошта, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад, — гуфт Зиёдулло Абдуллозода.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ва Абдуҳалим Ғаффорзода зимни музокира андеша баён карда, аз ҷумла гуфтанд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иқдоми саривақтӣ буда, барои рушди давлати мус­тақили тоҷикон, тарбия намудани насли ватандӯсту ватанпараст, омода кардани мутахассисони ба давлат содиқ саҳми беназир хоҳад гузошт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ