Шукурҷон Зуҳуров ба Озарбойҷон рафт

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ҷиҳати иштирок дар Форуми панҷуми байналмилалии Боку ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров тайи се рӯзи сафар бо намояндагони воломақоми ин кишвари бо мо дӯсту бародар, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Раиси парлумони ин кишвар Октай Асадов ва Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода мулоқот менамояд.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иттилоъ доданд.