Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Созишномаи маблағгузорӣ ба тасвиб расида, рӯзноманигорон қадршиносӣ шуданд

№33 (4295) 12.03.2021

DSC_0319Ёздаҳуми марти соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода Сайфиддин ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №297 «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба ­маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА

Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба маблағгузории «Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак марҳилаи II» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2020 таҳти №97 маъқул дониста, 3-юми декабри соли 2020 ба имзо расонида шудааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ солҳои 2015 — 2016 Асосноккунии техникӣ — иқтисодии Лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садди он таҳия карда шуд.

Дар ин асос то ҳол барои маб­лағгузории марҳилаи якуми лоиҳа 326,9 млн. доллари амрикоӣ ҷалб гардид, ки аз он 169,1 млн. доллар қарз ва 57,8 млн. доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, инчунин 60,0 млн. доллар қарзи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва 40,0 млн. доллар қарзи Бонки авруосиёии рушд мебошад.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз се қисм, аз ҷумла иваз намудани се адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани шаш адад автотрансформатори якфазаи 220/500 кВ ва таъмини бехатарии садди он, иборат мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа, яъне, мутобиқи созишномаи баррасишаванда, таҷдиди шаш агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротрубинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тонна ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасон, пешбинӣ шудааст. Барои маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳа аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағи 36,5 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ баробар ба 50,0 млн. доллари амрикоии грантӣ ҷалб карда мешавад.

Татбиқи лоиҳа соли 2019 оғоз гардида, анҷоми он соли 2030 ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади амалӣ гардидани марҳилаи дуюми Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадмуродзода Ғиёсиддин дода мешавад Марҳамат.

Маҳмадмуродзода

Ғиёсиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 3 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мехоҳам зикр намоям, ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирии «Tractebel Engineering S.A.» (Фаронса) солҳои 2015-2016 Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садди он омода шудааст.

Таҷдиду барқарорсозии неругоҳ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд 20 марти соли 2019 оғоз гардид.

Санади мазкур ҳама расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагон гузашта, онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2020 таҳти № 297 «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли 2020 таҳти №297 сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 тасдиқ шуд.

Баҳри ташаккули парламентаризми муосир ва таъмини шароит дар самти ҳуқуқэҷоднамоӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ бо тасмими роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд омода ва тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи қонунгузорӣ, дар мувофиқа бо мақомоти марбутаи кишвар, зарур шуморида шуд, ки ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон панҷ воҳиди кории иловагии мутахассис ҷудо карда шавад.

Воҳидҳои кории зикргардида дар раёсати ҳуқуқ, раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор, раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр, раёсати хоҷагӣ ва хизматрасонӣ ва шуъбаи молияи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон вобаста карда, шумораи кормандони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 176 воҳиди корӣ ба 181 воҳиди корӣ зиёд карда мешаванд.

Тағйироти пешниҳодгардида дар доираи маблағҳои муқарраргардидаи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 амалӣ гардида, он сохтори таркибии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро мукаммал менамояд ва барои беҳтар намудани сифати кор ва тарбияи мутахассисон дар фаъолияти пурсамари қонунгузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Тағйироти мазкур ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи қарори зикршудаи Маҷлиси намояндагонро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №297 «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзнома пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Вакилони муҳтарам, имрӯз Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Ҳоло рӯзноманигоронеро, ки дар толор ҳузур доранд, аз номи шумо — вакилон ва шахсан аз номи худам бо иди касбиашон табрик гуфта, барояшон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Шоистаи таъкид аст, ки саҳми воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда буда, ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим дорад.

Бо қаноатмандӣ иброз менамоям, ки рӯзноманигорони арҷманд дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси фаъолияти ҳокимияти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар низ бетараф набуда, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Ҳар сол ҷомеаи рӯзноманигорони тоҷик иди касбии худро 11-уми март таҷлил менамоянд. Аслан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1995 11-уми март ҳамчун рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» таҷлил мегардид. Бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифт ва аз ҳамон сол дар кишвар расман ҷашн гирифта мешавад.

Боиси таъкид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баён таъмин буда, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.

Ҳоло мардум ба матбуот назари нек доранд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ низоми фаъолияти матбуот низ дигаргун шуда, матбуоти даврии тоҷик дар таъмини фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад.

Бори дигар, бо истифода аз фурсати муносиб, дар шахси шумо – намояндагони воситаҳои ахбори оммае, ки ҳоло дар толор ҳузур доред, тамоми рӯзноманигорони кишварро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, умед дорем, ки минбаъд низ бо ҳисси садоқату ватандӯстӣ барои ободии диёр ва инъикоси фаъолияти парламенти касбии кишвар саҳми муносиб мегузоред.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ